Дар ин маҷмӯа сурудаҳои безаволи Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода бо чор забон фароҳам омадааст. Мураттибон ҳангоми сохтани ин асар ба тартиби солҳои офарида шудани шеърҳо такя накарда, онҳоро ба ҳам даромехтаанд ва хонандаи борикбин ҳар шеърро тибқи хоҳишу матлабаш пайдо мекунад. Нашри ҳозир тӯҳфаи нашриёти «Адиб» аст ба ҷашни хуҷастаи 100-солагии шоири барӯманди миллат.
Мирзо Турсунзода. Гулчини ашъор (тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва форсӣ). – Душанбе, «Адиб», 2011, 552 саҳ.
Мураттибон
Гулназар, Фарҳоди Карим ва Гурез Сафар
Муҳаррир М.Хоҷаев
Назари худро нависед