Аз замони нашри аввали «Куллиёт»-и устоди зиндаёд Лоиқи Шералӣ (Хуҷанд, 2001) ҳашт сол сипарӣ шуд. Дар ин миён нашри дуюми он дар Теҳрон (1383) ба алифбои форсӣ анҷом ёфт. Ҳоло нашри сеюм низ дар дасти хонандагон ва алоқамандон қарор дорад. Дар нашри феълӣ шеърҳо дар таҳрири ниҳоии муаллиф оварда шуда, ба онҳо миқдори зиёди шеърҳои чопнашудаи шоир аз бойгониаш илова гардиданд.
Лоиқ Шералӣ. Куллиёт. Иборат аз ду ҷилд. Ҷилди 1. Ашъор. – Душанбе, «Адиб», 2008. – 560 саҳ.
Назари худро нависед