Мақсади асосии таълифи китоби дарсӣ таҳким ва инкишофи донишҳо дар бораи сиёсат ҳамчун падидаи ҷамъиятӣ мебошад. Аз ин рӯ, дар китоб баррасии мафҳумҳо, қонуният, асосҳои навини методологӣ, назариявӣ ва истифодаи онҳо дар ҷараёни тадқиқи падидаю равандҳои сиёсии ҷаҳони муосир ва Тоҷикистони соҳибистиқлол мавриди таҳлил қарор ёфтаанд. Инчунин раванди ташаккули дигаргуниҳои нави ҷомеа, ташкили замина ва таҳкими иштироки сиёсии одамон дар ҳали масъалаҳои сиёсӣ бо диди нав таҳлили ёфтаанд, ки хонандаро ба олами илмҳои сиёсӣ ворид менамоянд. Бояд гуфт, ки дар китоби дарсӣ баъзе мавзӯъҳои наве ворид гардидаанд, ки хусусиятҳои хос дошта, барои худшиносӣ ва ҳуввияти миллии ҷавонон донишу иродаи боэътимоде фароҳам хоҳад овард.
Китоби мазкур барои донишҷуёни мактабҳои олӣ ва доираи васеъи хонандагон тавсия мешавад.
Муаллиф: Маҳмадов Абдураҳмон Наврӯзович -доктори илмҳои сиёсӣ, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
Муқарризон:
Зокиров Г.Н., доктори илмҳои сиёсӣ, профессор.
Нуриддинов Р.Ш., доктори илмҳои сиёсӣ, профессор.
Зиёев Х.М., доктори илмҳои фалсафа, профессор.
Маҳмадов А.Н. Сиёсатшиносӣ. Китоби дарсӣ барои донишҷуёни мактабҳои олӣ. Душанбе. 2010. 288 саҳ.
Назари худро нависед