«Субҳи садоқат» самари муҳаббату вафодорӣ ва садоқату шабзиндадориҳои пайвастаи шоири ҷӯяндаву рангинхаёл, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи М.Турсунзода Давлат Сафар буда, аз талошу заҳматҳои Сарвари давлат, дастовардҳои замони соҳибистиқлолии мамлакат ва ишқи поку самимӣ ба ёру диёр ва садрангиҳои рӯзгор бо тасвирҳои хотирмону нотакрор қисса мекунад.
Итминони комил дорем, ки аз файзи ин субҳи босафои олами эҷоди шоир болидарӯҳ гардида, садоқат ба Ватан ва муҳаббат ба ин сарзамини биҳиштосоро бештар эҳсос менамоед.
Давлат Сафар. Субҳи садоқат (маҷмӯаи ашъор)- Душанбе, "Адиб", 2016, 240 саҳ
Назари худро нависед