Муҳамад Иқболи Лоҳурӣ аз зумраи шоъирони раддаи аввали адабиёти оламгири форсӣ аст, ки бо истеъдоди фитрӣ ва эъҷози сухани хеш шеъри Аҷамро нафаси тоза бахшида, забони форсии дариро дар сарзамини Ҳинду Покистон аз сари нав зинда гардонид ва ба мусалмонон ва умуман ба мардуми ситамдидаи ҷаҳон паёми озодиро расонид ва ба василаи ин корномаи бузург номи хешро дар ҷаридаи олам ҷовидон сабт намуд. Ин китоб осори комили форсии ўро дарбар гирифта, барои ҳаводорони назми оламгири мутафаккири бузурги исломӣ чун барги сабз пешкаш мегардад.Умед дорем, ки аз ҷониби хонандагони гиромӣ бо дилгармӣ пазируфта мешавад.
Муҳамад Иқболи Лоҳурӣ. Куллиёти форсӣ.- Душанбе: Паёми ошно, 2008. — 778 с.
Назари худро нависед