Китоби мазкур ба масъалаи таҳкими амнияти миллӣ, пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва моддаҳои психотропӣ бахшида шудааст. Ҳадафи аслии китоб аз он иборат аст, ки барои мубориза бо ин падидаи номутлуб аҳли ҷомеа саҳм гиранд, зеро маводи нашъадор аз сангинтарин мушкилиҳои ҷомеаи имрӯзаи ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Муаллиф дар асоси таҷрибаи амалии худ ва тадқиқоти илмию назарии мавзӯъ ба он дастёб гардидааст, ки унсур ва категорияҳои комилан навро ташхис намояд. Андешаҳои муаллиф дар самти мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва моддаҳои психотропӣ дар Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ муфид хоҳад буд.
Дар тадқиқоти мазкур барои таҳкими суботу амният ва тарбияи солими аҳли ҷомеа пешниҳодҳои амалӣ оварда шудааст. Мулоҳизаҳои ҷиддии муалиф барои дарк ва шинохти падидаҳои номатлуби нашъамандӣ ва нашъаҷаллобӣ ба хонандаи тоҷик мусоидат хоҳанд кард.
Ғояи асосии китоб аз андешаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба мубориза ва пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва моддаҳои психотропӣ сарчашма гирифта, барои мутахассисоне, ки ба ин самт машғул хоҳанд шуд, чун роҳнамои назарию амалӣ метавонад хизмат намояд.
Китоб барои сиёсатшиносон, ҷомеашиносон, таърихнигорон, сиёсатмадорон, кормандони фаврии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва махсус, унвонҷӯён, донишҷӯён ва доираи васеъи хонандагон, ки ба масъалаҳои мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва моддаҳои психотропӣ мароқ зоҳир мекунанд, тавсия мешавад.
Мирзоев С.Т.
Гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва таҳдиди он ба низоми амнияти миллӣ: Монография. – Душанбе: «Ирфон», 2014. – 254 саҳ.
Муқарризон:
доктори илмҳои сиёсатшиносӣ, профессор С.И.Шарипов
доктори илмҳои фалсафа, профессор А.А.Шамолов
доктори илмҳои фалсафа Р.Ҷ.Ҳайдаров
номзади илмҳои сиёсатшиносӣ Р.М.Ҳакимов
Муҳаррири масъул:
номзади илмҳои таърих Худобердӣ Холиқназар
Мусаҳҳеҳ:
доктори илмҳои филологӣ, профессор Абдунабӣ Сатторзода
Назари худро нависед