Дар ин воситаи илмии таълимӣ роҳҳои пайдоиш ва рушди истилоҳоти илмӣ ва илмию техникӣ дар забони тоҷикӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, асосҳои назариявию амалии истилоҳоти илмии техникӣ, қоидаҳои мураттаб, якгун ва стандарсозии истилоҳот, ҳамчунин меъёрҳои иктибос кардани истилоҳоти байналмилалии илмии техникӣ дар забони тоҷикӣ муайян карда шудаанд.
Зери мафҳуми «истилоҳоти илмии техникӣ» истилоҳҳое фаҳмида шудаанд, ки дар китобҳои дарсӣ доир ба асосҳои физика, астрономия, математика, химия, геология, электротехника ва ғайра истеъмол мешаванд. Манбаъҳое, ки зимни таълифи китобча истифода гардидаанд, асарҳои мутафаккирони гузаштаи тоҷик, адабиёти русӣ ва тоҷикӣ доир ба масъалаҳои назариявию амалии истилоҳшиносӣ, луғатҳои русӣ ба тоҷикии соҳаҳои илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва техникӣ ва ҳамчунин адабиёти илмӣ ва дарсии тоҷикӣ мебошанд.
Умедворем, ки ин воситаи таълимӣ ба устодони донишгоҳу донишкадаҳо дар роҳи ба донишҷӯён омӯзонидани асосҳои истилоҳу истилоҳсозӣ роҳнамо гардида, ба муаллифону мутарҷимон адабиёти илмиву таълимӣ дастури хубе барои сохтани истилоҳоти илмӣ ва техникӣ мегардад.
Муаллиф: Пирмаҳмад Нуров – физикадон, доктори илмҳои филологӣ.
Муҳаррир: Мирзо Ҳасан Султон – узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ.
Назари худро нависед