Нуров Пирмаҳмад. Забони адабиёти илмию техникии тоҷикӣ.
Дар воситаи илмии таълимии мазкур бори нахуст дар забоншиносии тоҷикӣ хусусиятҳои умумӣ, луғавӣ ва истилоҳотии забони адабиёти муосири илмии техникии тоҷикӣ мавриди баррасӣ, омўзиш ва таҳқиқ қарор гирифтаанд.
Зимни таҳқиқ ва омўзиш зери мафҳуми «забони адабиёти илмию техникӣ» забони баёни асарҳои илмӣ, китобҳои дарсӣ, дастуруламал ва воситаҳои таълимиву методӣ ва монанди инҳо доир ба илмҳои дақиқ ва техникӣ, мисли физика, математика, химия, геометрия, астрономия ва ғайра, ки бо забони тоҷикӣ нашр гардидаанд, дар назар дошта шудааст. Зери мафҳуми «истилоҳоти илмии техникӣ» истилоҳҳое фаҳмида шудаанд, ки дар ин жанрҳои адабиёти илмию техникӣ истеъмол мешаванд.
Умедворем, ки воситаи илмии таълимии мазкур дар донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ ба тарбияи мутахассисон дар самти забони илмии тоҷикӣ ва ташаккулу рушди минбаъдаи забони илмии тоҷикӣ мусоидат менамояд.
Муаллиф: Пирмаҳмад Нуров – физикадон, доктори илмҳои филологӣ.
Муҳаррир: Мирзо Ҳасан Султон – узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ.
Назари худро нависед