Дар ҳама давру замонҳо масъалаи таъмини амнияти давлат ва ҷомеа аз масоили мубрам ва ҳассос маҳсуб мешуд ва ҳазорсолаи сеюм башарият чолишҳо ва таҳдидҳои навро ба амният эҳсос карда истодааст. Аз оғози асри ХХI низоми тартиботи ҷаҳонӣ ба тағйироти куллии сохторӣ дучор омад, ки он ба нерӯи тоза пайдо кардани иқтидори иқтисодӣ ва сиёсии як қатор давлатҳо ва иттиҳодияҳои ҳамгирои онҳо иртибот дорад.
Аз ин рӯ, масъалаи таъмини амнияти давлатӣ дар шароити имрӯза аҳамияти ҳам илмию назариявӣ ва ҳам сиёсию амалӣ касб кардааст ва афроди равшанфикру дурназарро ба ташвиш андохтааст. Маҷмӯаи мақолоти мазкур дар заминаи маърӯзаҳои донишмандон ва устодони мактабҳои олии кишвар аз конфронси ҷумҳурявӣ таҳти унвони «Илм ва амнияти миллӣ», ки санаи 27 декабри соли 2017 дар ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид фароҳам омадааст. Китоб барои ҳар нафаре ки амният ва бехатарии кишвару миллатро муқаддам меҳисобад дастури муфид хоҳад буд.
Илм ва амнияти миллӣ. – Хуҷанд: Нури маърифат, 2017, 614 саҳ.
Муҳаррири масъул: Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло –доктори илмҳои таърих, профессор
Ҳайати таҳририя:
Раҳимов А., Сабуров Х., Саидов С. (мураттиб), Мирзоев С.,
Шоҳаҳмадов А., Ҳамробоев Н., Ӯзбеков С., Раҳимов И., Қӯрғонов З., Азизов С., Дӯстматова Ш.
Назари худро нависед