Дар ҳамаи давру замон имтидоди таърих илму зарфиятҳои илмӣ сабабгори пешрафту таҳаввулоти инсон дар тамоми соҳоти иҷтимоъ будааст. Дар иртибот ба ин, амнияти миллӣ низ вобастаи сатҳу дараҷаи улуми мавҷуд аст. Масъалаи пайванди илму амнияти миллӣ дар замони муосир доманаву шиддати бештаре пайдо мекунад, ки иллаташ бастагӣ ба раванди умумиҷаҳонӣ ва падидаҳое, ки дар дунё ба вуқӯъ мепайванданд, бастагӣ дорад. Муҳаққиқи тоҷик Саймумин Ятимов дар мақолаи худ зимни арзёбии масъалаи мазкур ва таҳаввулоте, ки «Ҳақиқати илмӣ ва амнияти миллӣ» дар дунёи дуқутбӣ, яъне, Шарқ Ғарб мегузарад, мизони истеҳкому таъмини амнияти миллиро вобастаи наздикиву пайванди зичи он ба илму маориф ва дарки падидаҳои равандҳои иҷтимоӣ медонад. Дар мақолаҳои дигари китоб олимон ва муҳаққиқон мавзӯи мазкурро тавсеа бахшидаанд.
ҲАҚИҚАТИ ИЛМӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ. Хуҷанд: Ношир, 2017. – 108 саҳ.
Муҳаррири масъул: Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло, доктори илмҳои таърих, профессор,
Мураттиб: Саидумрон Саидов, номзади илмҳои филология, дотсент
Назари худро нависед