Дар барномаи навбатии «Фарҳанги муосир», ки дар шабакаи телевизионии «Сафина» ҳар ҳафта пахш мегардад, кормандони Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмӣ АИҶТ Қурбониён Меҳрдод ва Номвар Қурбон иштирок намуданд.
Мавсуф бо ҳамроҳи муҷрии барнома номзади илмҳои фалсафа, Исомиддин Шарифзода мавзўи «Илм ва хурофот» -ро мавриди баррасӣ қарор доданд. Мусалам аст, ки инсоният маҳс ба воситаи такия намудан ба донишҳои илмӣ воқеияти табии атрофашро ба таври дақиқ дарк намуда, онро аз рӯи арзишҳои илмию мантиқӣ маънидод менамояд. Вале хурофот ҳамеша садди роҳи пешрафти илму ҷаҳонбинии илмист.
Барои муфассалтар тамошо кардани баҳс ба навори зерин таваҷҷуҳ кунед:
Назари худро нависед