Ба ифтихори 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 70 - солагии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида мешавад.
Асри XXI тақозо дорад, ки бо рушди илм ташаккул додани шакли ҷаҳонбинии илмӣ ҷомеаро ба як системаи тараққикарда табдил додан мумкин аст. Замони муосирро бидуни рушди илм, инноватсия ва маориф тасаввур кардан нашояд. Кишвари мо низ дар барорбари ҷомеаҳои мутамаддини замони муосир рӯ ба пешрафт ниҳодааст. Боиси хушбахтист, ки ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо бо дастовардҳои назарраси иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ 30 – солагии Истиқлолияти давлатии худро ҷашн гирифт ва ҳамзамон ҷашни 70 – солагии таъсисёбии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар назар аст. Китоби мазкур, ки аз маҷмӯаи мақолаҳо иборат мебошад, дар робита ба ҷашнҳои зикршуда интишор мегардад.
Китобро муаллифон “Чеҳраҳои академикӣ” номгузорӣ намуда, дар он аз самтҳои фаъолияти илмии як қатор олимони шинохтаи кишвар маълумоти мухтасар пешкаш намудаанд. Аз ҷумла, аз 23 нафар академике, ки осори илмии онҳо мавриди пажӯҳиш қарор гирифтаанд, 15 нафарашон мутахассис дар илмҳои табиатшиносӣ ҳастанд ва тибқи ин авомил метавон хулоса кард, ки муаллифон зимни баррасии илмӣ таваҷҷуҳи бештар ба илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиатшиносӣ намудаанд. Мундариҷа низ бахшҳои гуногуни илми муосирро фаро гирифта, таҳқиқ дар улуми мухталиф низ ба ин минвол сурат пазируфтааст: 1. Физика – 2 нафар; 2. Кимиё – 4 нафар; 3. Биология – 5 нафар; 4. Риёзӣ, астрофизика ва тиб – 1 нафарӣ; 5. Иқтисодиёт, таърих ва ҳуқуқ – 2 нафарӣ; 6. Фалсафа, сиёсатшиносӣ ва филология – 4 нафарӣ. Яъне, объекти таҳқиқ танҳо бахше аз илм набуда, ҳамаи самтҳои пажӯҳиши илмиро дар бар мегирад ва гузашта аз ин, муаллифон фақат ба ҷанбаҳои илмию таҳқиқии олимони тоҷик дахлварзӣ намудаанд. Ҳамчунин, сабки нигориш вижагии хос дошта, басе диққатҷалбкунанда аст ва ҳар як мақола равиши махсусе дорад.
Муҳаррири масъул: академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Имомзода Маҳмадюсуф
Муқарриз: узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Муҳаммадалӣ Музаффарӣ
Мусаҳҳеҳ: номзади илмҳои техникӣ Наҷибуллоҳи Рӯзӣ
Назари худро нависед