JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс

Буҳрони ҳувият

   Дар монография авзои кунунии вижагиҳои густариши ҳувияти фарҳангии ҷомеаҳои мухталиф бо дарназардошти ҳамоҳангӣ ва тасодуми онҳо бо хусусиёти ҳувияти фарҳангии ҷомеаи Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ мавриди таҳқиқ қарор гирифта, омилҳои дохилӣ ва хориҷии соири ҳувиятҳо дар иртибот бо андешаҳои фалсафии замони постмодернизм баррасӣ ёфтааст. Муаллиф бархурди ду тарзи тафаккур ва дуализми фарҳангии тоҷиконро дар мисоли ду дидгоҳ (ориёӣ ва сомӣ) ошкор намуда, бар ин андеша мутмаин мебошад, ки бовариҳои динӣ дар тоҷикон бинобар замшавии таассуб имкон намедиҳад, ки онҳо дорои ҳувияти фарҳангии воҳид бошанд.

  Дигар масоиле, ки дар монография мавриди баррасӣ қарор гирифтааст, тақсимбандии тамаддунҳост. Ба ин масъала С. Ҳантингтон ва А. Тойнби машғул шудаанд, аммо тақсимбандии файласуфи амрикоӣ дар китоби “Бархурди тамаддунҳо” дар пояи авомили динӣ сурат пазируфтааст, дар ҳоле ки фарҳангҳо ва тамаддунҳо ба ҳайси аносири тобеъ аз адён набудаанд. Баръакс, дин дар ҳайати фарҳангҳо шомил буда, бинобар вижагиҳои он баррасӣ мешавад. Дигар ин ки андешаи Ибни Халдун дар китоби “Муқаддима” ҷоиз ба ёдоварист, ки тибқи он мардуми бадавӣ бидуни истифода аз дин қудратро идора карда наметавонанд.

  Бахши муайяни монография қиёс шудани ҳувияти фарҳангӣ дар замони муосир бо худогоҳии асримиёнагӣ маҳсуб мешавад. Муаллиф алорағми пажӯҳишҳои муҳаққиқин ҳувияти муосирро дар муқобили худогоҳии қаблӣ мавриди таҳқиқ қарор додааст.

   Монография ба мутахассисони фалсафаи фарҳанг, фалсафаи иҷтимоӣ, фарҳангшиносӣ ва онҳое, ки ба таҳқиқи масъалаҳои фарҳангӣ машғуланд, тавсия карда мешавад.

 

Абдуллоҳ М. С. Буҳрони ҳувият (пажӯҳиши илмӣ-фарҳангӣ): монография – Душанбе: “ДОНИШ”, 2023, - 330 саҳ.

Зери назари президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ

Муҳаррири масъул:

        Музаффарӣ М. аъзои вобастаи АМИТ, д.и.ф., профессор;

                                            Муқарризон:

       Олимов Кароматулло – академики АМИТ, д.и.ф., профессор;

        Ғаффор Мирзоев – д.и.ф., профессор

                                           Мусаҳҳеҳ:

         Илҳоми Баҳром – ҳуқуқшинос

Бо худ гирифтани мавод

Дар бораи мавод назари худро нависед

Назари худро нависед

Маҷаллаҳо

Осиё ва Аврупо - маҷаллаи илмӣ
Маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» нашрияи
Илм ва Ҷомеа-маҷаллаи академии илмию оммавӣ
Ахбори АМИТ (маҷаллаи илмӣ)
АХБОРИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ
ПАЁМИ ТИББИИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
Илм ва Ҷомеа-маҷаллаи академии илмию оммавӣ
Санъатшиносӣ-Маҷаллаи илмӣ-назариявӣ
Маҷаллаи илмӣ-назариявии «Санъатшиносӣ»
Иқтисодиёти Тоҷикистон (маҷаллаи илмӣ)
ISSN2310-3957
ИҚТИСОДИЁТИ ТОҶИКИСТОН
ЭКОНОМИКА ТАДЖИКИСТАНА
Дар
Илм ва Ҷомеа-маҷаллаи академии илмию оммавӣ
МУАРРИХ (маҷаллаи илмӣ-назариявӣ)
Маҷаллаи илмӣ-назариявии «Муаррих»
Илм ва Ҷомеа-маҷаллаи академии илмию оммавӣ №1-2(9-10) 2017
Суханшиносӣ (маҷаллаи илмӣ № 1,2,3  2017)
Маҷаллаи «Суханшиносӣ» нашрияи
Суханшиносӣ (маҷаллаи илмӣ №3, 2016)
Маҷаллаи «Суханшиносӣ» нашрияи
Илм ва Ҷомеа-маҷаллаи академии илмию оммавӣ №3-4 (7-8) 2017
Илм ва Ҷомеа-маҷаллаи академии илмию оммавӣ №2 (6) 2017
Илм ва Ҷомеа-маҷаллаи академии илмию оммавӣ №1 (5) 2017
Ахбор - Известия
Илм ва Ҷомеа-маҷаллаи академии илмию оммавӣ №3-4 (2016)
Илм ва Ҷомеа-маҷаллаи академии илмию оммавӣ №1-2 (2015-2016)
Суханшиносӣ (маҷаллаи илмӣ №2, 2016)
Маҷаллаи «Суханшиносӣ» нашрияи
Суханшиносӣ (маҷаллаи илмӣ №1, 2016)
Маҷаллаи «Суханшиносӣ» нашрияи
Previous Next Play Pause

Илм-фурӯғи маърифат

Барномаи омодагӣ ба Озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат”
matematika-baroi-muassisa-oi-ta-siloti-mijonai-umum
Адабиётҳои тавсияшаванда аз фанни математика барои Муассисаҳои таҳсилоти олӣ
Адабиётҳои тавсияшаванда аз фанни
Физика
Адабиётҳои тавсияшаванда аз фанни
Химия
Адабиётҳои тавсияшаванда аз фанни
Роҳнамои дарёфти номгӯиҳои географӣ...
АЗИЗОВ Н. Ҳ., АЗИЗОВА С. Ҳ. Роҳнамои
Картография бо асосҳои топография
Сабуриён М.М., Холов Ҳ.Ҳ. Картография
Захираҳои туристӣ: ёдгориҳои фарҳангӣ-таърихӣ ва табиӣ
Памир: ресурсный потенциал и перспективы развития экономики
Глятсиология
Мӯсоев З.М., Қаландаров А.А., Наимов
Ганҷинаи табиати Тоҷикистон
Муҳаббатов Х. Ганҷинаи табиати
Об - манбаи ҳаёт
Муҳаббатов Холназар. Об - манбаи
Об ҳаёт аст
Ҳамдам Оҷилов., Ҳусейн Аброров. Об
Об, илм ва рушди устувор
Раҳимӣ Ф., Муҳаббатов Х., Ниёзов
Асосҳои биогеография
Рауфов Р.Н., Азизов Н.Ҳ.,Наврӯзов
Асосҳои геология
Сабуриён Мирзосафари Мирзо. Асосҳои
Кишварҳои ҷаҳон дар рақамҳо
Сабуриён М. М., Қосимов Н.Н. Холов
Таърихи кашфиёти географӣ
Дар китоби дарсӣ маълумотҳо оид
Previous Next Play Pause