Дар монография раванди таҳияи стратегияи Сомониён «Ҷаҳони Тоҷикон», нақш ва ҷойгоҳи фарзандони халқи тоҷик (аз Бармакиён то Сомониён) дар коркарди он, инчунин сохтори ин стратегия ва ҷузъҳои ҳамбастагии қисмҳои таркибии он бо якдигар таҳлил гардидааст. Он раванди паҳн кардани ин стратегияро дар саросари ҷаҳон аз ҷониби давлатҳои вориси давлати Сомониён то замони Нав низ баррасӣ мекунад. Монография барои доираи васеъ, ки ба таърихи пурифтихору бостонӣ, фарҳанги ғании халқи тоҷик ва гузаштагони пуршарафи онҳо мароқ доранд, пешниҳод мегардад.
Абдуғанӣ Мамадазимов. Ҷаҳони Тоҷикон. Китоби I. Стратегияи Сомониён.– Душанбе: Матбааи ДМТ, 2022– 384. с. (бо харитаҳо)
Монография аз ҷониби Шӯрои илмию методии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои нашр тавсия дода мешавад (ҷаласа аз 26.02.2022 № 5/4)
Муқарризон: профессори ДМТ Дилшод Ҳомидов
досенти ДДОТ Сайнак Сайнаков
досенти ДМТ Фарҳод Розиқов
Муҳаррири масъул –фарҳангшинос Шамсиддин Орумбекзода
Назари худро нависед