Китоби мазкур ба масъалаи таҳкими амнияти миллӣ, пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, моддаҳои психотропӣ ва таҳдиду чолишҳо дар ин замина аз самти Афғонистон бахшида шудааст. Муаллиф дар асоси таҷрибаи амалии худ ва таҳқиқоти илмию назариявии мавзуъ ба он дастёб гардидааст, ки унсур ва категорияҳои комилан навро дар ин замина ташхис намояд.
Китоб барои сиёсатшиносон, ҷомеашиносон, таърихнигорон, сиёсатмадорон, кормандони фаврии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва махсус, унвонҷӯён, донишҷӯён ва доираи васеъи хонандагон, ки ба масъалаҳои мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва моддаҳои психотропӣ таваҷҷуҳ доранд, тавсия мешавад.
Мирзоев С.Т. Маводи нашъаовар: таҳдиду чолишҳо. Афғонистон: масири шимолӣ. Монография. – Душанбе: «Дониш», 2025. – 220 саҳ.
Назари худро нависед