Маҷмуаи “Аз Балх то Бухоро” тоблуи ҳунарӣ ва ҳамоҳанг аст, ки бо диққат, ишқу огоҳӣ тарсим шудааст; тоблуе, ки ватан, қалби тапандаи он ва мардум виҷдони бедори онанд. Наққоши ин асар Беҳрӯзи Забеҳулло шоирест, ки ҳамчун сарбози фарҳангӣ посдори ҳувият, таъриху сарзамини хеш аст. Ӯ бо вожаҳояш аз Тоҷикистон ва фарҳанги тоҷик дифоъ мекунад ва орзу дорад, ки Тоҷикистон ва мардуми тоҷик ҳамвора дар паноҳи Худованд, дар амният, оромиш ва сарбаландӣ боқӣ бимонанд.
Маҷмуаи “Аз Балх то Бухоро” аз осори арзишманди шеъри муосири форсӣ дар ҳавзаи фарҳангии Хуросони бузург ба шумор меравад. Ин асар бо забони устувор ва андешаҳои ҳувиятмеҳвар ба баёни проблемаҳои миллӣ, фарҳангию инсонӣ мепардозад. Шоир дар ин дафтар зимни вафодорӣ ва баҳрагирӣ аз суннати классикии шеъри форсӣ аз Фирдавсӣ, Мавлоно, Саъдӣ ва Бедил илҳом гирифта, дар айни ҳол, масоили муосири тоҷикон ва форсизабоноро низ матраҳ сохта, кушидааст то садои инсони муосир ва нигарониҳои фарҳангии ҷомеаи тоҷик ва форсизабонро бозтоб диҳад.
Дар поёни ин маҷмуа ду достони арзишманд бо унвонҳои “Амвоҷи ҳастӣ” ва “ Қиссаи мурғи Самандар” ҳамчу ду ҷавҳари дурахшон дар ин китоб медурахшанд, осоре, ки афзун бар арзиши адабӣ, ҳомили паёмҳои миллӣ, инсониву фарҳангии амиқанд ва ҷойгоҳи вижа дар сохтори фикрӣ ва ҳунарии ин маҷмуа доранд. Ин достонҳо ба сабаби арзиши фикрӣ, миллӣ, фарҳангӣ ва ҳувиятии худ, ҷойгоҳи вижа дар ин маҷмуа доранд ва аз муҳимтарин бахшҳои китоб ба шумор мераванд. Аз ҳамин рӯ, дар поёни ин мақола ба сурати мустақил мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.
Ин пажӯҳиш мекӯшад то бо равиши тавсифӣ-таҳлилӣ сохтори адабии маҷмуа ва гунашиносии ашъор, вижагиҳои сабкӣ, тасовири шеърӣ, мазомини ҳувиятхоҳона ва арзиши адабии ин маҷмуаро баррасӣ кунад. Ҳамчунин, ба пешгуфтори расо ва адибонаи дуктур Яъқуб Ясно пардохта мешавад, ки дар он шоир ба унвони яке аз қуллаҳои адабиёти муосири форсӣ муаррифӣ шудааст.
БАРРАСИИ ҶИЛВАҲОИ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ ВА ЗЕБОИШИНОСИИ АДАБӢ ДАР МАҶМУАИ
“АЗ БАЛХ ТО БУХОРО”
АСАРИ ШОИР БЕҲРӮЗИ ЗАБЕҲУЛЛО
ТАҲИЯ ВА ТАНЗИМИ
АСМО АМИН ҲАСАН ФАРҲОТ
УСТОДИ ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ФОРСИИ
ДОНИШКАДАИ МУТОЛИОТИ ИНСОНИИ ДОНИШГОҲИ АЛ-АЗҲАР, ҚОҲИРА, МИСР
Назари худро нависед