Ин китоб ҷилди аввали асарҳои муаллиф аст, ки ба муносибати 70 солагиаш ба нашр тавсия шудааст. Мавзӯъҳои китоб гуногун ҳастанд. Вале ҳадди аксари мавзӯъҳо ба мушкилоти зиндагии рӯзмарра ва маънавии ҷавонон бахшида шудаанд. Зиёда аз 50 номгӯи мавзӯъҳо мушкилоти ҷавононро дар бар мегирад. Аз ин гузашта масъалаҳои доғи рӯзе аз қабили: фалсафаи ҷаҳонбинӣ, фалсафаи таърих, фалсафаи фарҳанг, фалсафаи шеър ва фалсафаи зиндагӣ барин мавзӯъҳо қисматҳои дигари китобро фаро гирифтаанд. Дар қисмати фалсафа ва зиндагӣ чанде аз мунаққидон ва соҳибназарони тоҷик нисбат ба муаллиф ва мавзӯъҳои гуногуни ин китоб изҳори андеша намудаанд. Китоби мазкур барои устодони мактабҳои олӣ, аспирантҳо, донишҷӯён ва ҳаводорони афкори фалсафии гузашта ва ҳозираи халқи тоҷик пешкаш карда мешавад.
Комил Бекзода - Фалсафаи Марг ва Зиндагӣ -Душанбе–2015- нашриёти “Дониш”–2015
Зери назари академик Мусо Диноршоев ва доктори илми фалсафа (PhD) Ҳафиз Бобоёров
Назари худро нависед