Китоби мазкур дар бораи яке аз ҷунбишҳои бонуфузи иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии халқи тоҷик дар аҳди аввали Ислом баҳс мекунад. Дар он муаллиф бори аввал ҳаракати шуубияро мавриди таҳлили ҳаматарафа қарор дода, ташаккул ва инкишофи онро бар асоси маъхазҳо ва адабиёти таҳқиқотӣ муайян намуда, мақоми ҳаракати мазкур ва таъсири онро дар тарзи давлатдории хилофати араб то ба вуҷуд омадани аввалин давлатҳои тоҷикон нишон додааст. Китоби мазкур барои устодони мактабҳои олӣ, аспирантҳо, студентон, ҳаводорони афкори маънавии халқи тоҷик дар асрҳои миёна ва доираи васеи хонандагон пешниҳод мегардад.
Комил Бекзода (нақши шуубия дар таърихи худшиносии халқи тоҷик) - Душанбе 2012
Назари худро нависед