Дар рисола масоили сатҳу сифати пажӯҳиши инсон дар назарияҳои иқтисодӣ, нақши ташаккулу инкишофи ниҳодҳо дар рушди ҳаёти иқтисодӣ-иҷтимоии ҷомеа ва зарурати таҳавулоти илмҳои иқтисодӣ дар замони муосир бо таври мӯъҷаз баррасӣ шудааст. Заминаҳои наноиқтисодӣ, типологияи рӯҳиву сатҳи паҳноии когнитивии инсон ва ҷойгоҳу манзалати он дар низоми ҷомеаи муосир рӯи майдони мушоҳидаҳову андешаҳо омадааст. Умуман, бархе муаммоҳои иқтисодӣ-иҷтимоии ҷомеа аз нигоҳи назарияи ғайриклассикӣ арзёби шудаанд.
Мирсаидов Аброр Бобоевич. Назарияи иқтисодии ғайриклассикӣ: баъзе масъалаҳо -Душанбе «Ирфон»- 2011
Назари худро нависед