Дар китоб раванди ташаккулу инкишофи муносибатҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ, бозори милли, тарзу услуби идоракунии ин раванд, накши соҳаҳои мухталифи кишвар, иқтисодиёти минтақа, муносибатҳои иҷтимоӣ-маданӣ, омилҳои ғайриӣқтисодии рушд (империализми иқтисодӣ), таҳаввулоти шуурии созандаи мардуми кишвар дар ташаккулу рушди иқтисоди миллӣ ва пайваста ба он муаммоҳои садди роҳ ва роҳҳои ҳалли он мавриди омӯзишу таҳлил қарор гирифтааст. Китоб бар асоси манобеъ, сарчашмаҳои мутмаин ва маводҳои расмӣ таълиф шуда, барои муҳаққиқон, устодон, донишҷӯёни риштаи иқтисодӣ ва алоқамандони сиёсати иқтисодии кишвар муфид аст. Итминон дорем, ки китоб мақбули доираи васеъи хонандагон низ, хоҳад шуд.
Мирсаидов А.Б. Соҳибистиқлолӣ ва ташаккули иқтисоди миллӣ - Хуҷанд, 2007, - 250 с.
Муқарризон:
Азизов Ф.Х. доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор
Бойматов А.А. доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор
Назари худро нависед