Дар китоби дарсии мазкур масъалаҳои менеҷменти молиявӣ, ки тибқи стандартҳои байналхалқии таҳсилотӣ ва барномаи таълимӣ пешбини шудаанд, мухтасар ва возеҳ баён гардидаанд.
Муҳтавои мавзӯъҳо ва масъалаҳои марбутаи онҳо бо истифода аз таҷрибаи амалии корпоратсияҳо баён гардидаанд ва ин усул имкон медиҳад, ки диққати донишҷён ба усулҳои асосӣ ва моделҳои менеҷменти молиявӣ дар доираи микроиқтисодӣ бештар ҷалб шавад. Масъалагузориҳову рақамҳо асосан қиёсӣ мебошанд ва ба модел ва тарзҳои менеҷменти молиявӣ алоқаманданд.
Дар китоб мафҳумҳои лоиҳаи сармоягузориҳо, навъ ва усулҳои таҳқиқи онҳо, консепсияи арзиши сармоя ифода шуда, намудҳои хавфи молиявӣ дар мисоли ду корпоратсия таҳлил мешаванд.
Китоби дарсӣ барои донишҷӯёни риштаи иқтисод ва худомӯзон нешбинӣ шудааст.
Азимов Холмаҳмад, Раҳмонов Абдуҷалил Муминович. МЕНЕҶМЕНТИ МОЛИЯВӢ. Китоби дарӣ. Душанбе: «Ирфон». 2011. 314 саҳ.
Назари худро нависед