Дастури таълимии «Асосҳои нанотехнология» курси мухтасари нанотехнологияро дарбар гирифта, барои донишҷӯён, магистрон ва аспирантони ихтисосҳои физикаю техника, кимиёву биология ва дигар соҳаҳои улуми табиатшиносию дақиқи макотиби олии ҷумҳурӣ пешбинӣ гардидааст.
Китоби фавқ метавонад дар баланд бардоштани салиқа, тафаккури назариявӣ, ҷаҳонбинӣ ва андешаронии донишҷӯён, магистрон, аспирантон, омӯзгорон ва умуман дӯстдорони соҳаҳои мухталифи физикаю математика, техника ва асрори микроолам мусоидат намояд. Инчунин, барои мукаммал гардидани мавзӯот, дар китоби «Асосҳои нанотехнология» 2 ҷадвал ва 40 расм оварда шудаанд.
Зафари Умар, Номвар Қурбон.
У-40. Асосҳои нанотехнология (Дастури таълимӣ барои факултаҳои табиию техникии макотиби олӣ). - Душанбе: «Истеъдод», 2015. - 116 с.
Назари худро нависед