Дар китоб оиди растании нодир, ки нақши он дар таъмини озӯқаворӣ ва сӯзишворӣ дар Тоҷикистон ниҳоят калон хоҳад гашт - топинамбур (ноки заминӣ- Helianthus tuberosus l. ) маълумотҳои зарурӣ пешкаш гардидаанд. Муаллифони китоб доир ба таърихи пайдоши ин зироат, тавсифи морфологии он, омилҳои асосии сабзиши топинамбур, талаботи ин зироат ба нуриҳои маъданӣ ва органикӣ, инчунин роҳҳои ба даст овардани ҳосили баланди топинамбур, коркард ва истифодабарии маҳсулотҳо аз топинамбур, ҳамчун маводҳои озӯқаворӣ, сӯзишворӣ, хӯроки чорво, табобатӣ ва тозаи экологӣ тавсияҳои илмиро пешкаш намудаанд. Китоб барои ходимони илмӣ, биологҳо, селексионерон, тухмипарварон, унвонҷӯён (аспирантҳо), донишҷӯён, мутахассисони бахши кишоварзӣ ва деҳқонон пешкаш мегардад.
Қ. Партоев, Ш.М. Ясинов, Н.Х.Сайдалиев, А. Ҳалимов
Топинамбур (ноки заминӣ) зироати ояндадор дар кишоварзӣ. Душанбе, 2016, 136 с.
Назари худро нависед