Дар китоби мазкур оиди растании нодиру серҳосил, ки нақши он дар таъмини озӯқаворӣ ва сӯзишворӣ дар Тоҷикистон ниҳоят калон хоҳад гашт - топинамбур (ноки заминӣ- Helianthus tuberosus l. ) маълумотҳои зарурӣ пешкаш гардидаанд. Муаллифони китоб кушиш ба харҷ додаанд, ки доир ба таърихи пайдоши ин зироат, тавсифи морфологии он, омилҳои асосии сабзиши топинамбур, талаботи ин зироат ба нуриҳои маъданӣ ва органикӣ, инчунин роҳҳои ба даст овардани ҳосили баланди топинамбур, коркард ва истифодабарии маҳсулотҳо аз топинамбур, ҳамчун маводҳои озӯқаворӣ, сӯзишворӣ, хӯроки чорво, табобатӣ ва тозаи экологӣ тавсияҳои илмиро ба деҳқонон ва дӯстдорони ин растании фоиданок пешкаш намоянд.
Қ. Партоев, Ш.М. Ясинов, Н.Х.Сайдалиев
Аҳамияти топинамбур дар таъмини озӯқаворӣ ва сӯзишворӣ дар Тоҷикистон. Душанбе, 2016, 167 с. Дар китоб 51 расм, 27 нақша ва 25 ҷадвал оварда шудааст.
Назари худро нависед