Дар атласи ранга натиҷаи омӯзиш ва тадқиқотҳое, ки аз тарафи ходимони илмии Институти ботаника, физиология ва генетикаи Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти боғпарварӣ ва сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Ташкилоти Ҷамъиятии «Ҳамкорӣ баҳри тараққиёт» дар ҳамкорӣ бо Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати солҳои 2007 - 2010 гузаронида шудаанд, пешкаш гаштаанд. Тадқиқотҳо оиди муайян намудан ва баҳодиҳии навъҳои маҳалии мевагиҳо, ғалладонагиҳо ва зироатҳои хӯроки чорво дар водиҳои Ҳисор, Рашт, Зарафшон, Истаравшон ва Вахш бо дастгирии молявии Фонди ба номи Кристенсен (Christensen Fund) гузаронида шудаанд. Дар ин ҷо расмҳои аслии навъҳои маҳаллии зироатҳои кишоварзӣ ва зотҳои чорво, ки муллифон дар солҳои омӯзиш гирифтаанд, номҳои лотинии ин намудҳои гуногунии агробиологӣ, номҳои маҳаллӣ ва халқии онҳо, тавсифи мухтасари нишонаҳои асосии ин навъҳо, инчунин минтақаи парвариши онҳо оварда шудаанд. Маводҳои оварда шуда дар шакли расмҳо ва маълумотҳо метавонанд барои мутахассисони соҳаи кишоварзӣ, деҳқонон, донишҷуён ва дигар хонандагону дӯстдорони гуногунии агробиологӣ ва кишоварзӣ муфид бошанд.
Муаллифон:
Партоев Қурбоналӣ – номзади илмҳои кишоварзӣ, ходими калони илмӣ,
Меликов Қурбоналӣ – ходими илмӣ, тадқиқотчӣ,
Сулангов Маҳмадзамон – ходими калони илмӣ,
Ҷумаҳмадов Асомиддин – агроном - тадқиқотчӣ.
Назари худро нависед