Ҳаёт дар сайёраи мо фақат баъд аз он рӯ ба инкишоф ниҳод, ки дар стратосфера қабати озон ташаккул ёфт, қабате, ки тамоми мавҷудоти рӯи заминро аз таъсири ҳалокатовари рӯшноии бениҳоят баланди Офтоб муҳофизат менамояд… Кофи Аннан, собиқ Котиби Генералии СММ
Таъсири антропогенӣ ба муҳити зисти инсон дар асри ХХ ба дараҷае расид, ки устувории биосфера зери таҳдиди ҷиддӣ қарор гирифт. Проблемаҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ ба проблемаҳои ҷаҳонӣ табдил ёфтанд. Сабаби ин, пеш аз ҳама, дар он аст, ки шумораи аҳолӣ босуръат афзоиш ёфт, майдони системаҳои экологии вайроннашудаи табиӣ якбора кам гардид, гуногуншаклии биологӣ коҳиш ёфт, барқароршавии захираҳои барқароршавандаи табиӣ (оби нӯшокӣ, гумуси замин, биомасса) аз байн рафт, муҳит бо партовҳои истифоданашуда ифлос гардид.
Миқёси инкишофи энергетика, саноат, нақлиёт ба вазъи атмосфера аз ҳама бештар таъсир мерасонад. Ифлосшавии атмосфера аз манбаъҳои саноат ва нақлиёт ба омилҳои зиёде вобаста мебошад (иқтидори манбаъ, баландии он аз сатҳи замин, таркиб ва ҳарорати газҳои хориҷшаванда, спектри омехтаҳо, маълумотҳои метеорологӣ, навъи ландшафт).
Аз 46 Гт партови антропогении глобалӣ ба атмосфера камаш 98% ба гази ангидриди карбон ва буғи об рост меояд, ки одатан ба гурӯҳи ифлоскунандаҳо дохил намешаванд. Партовҳои техногенӣ ба муҳити ҳаво аз даҳҳо ҳазор моддаҳои инфиродӣ иборатанд. Инҳо заррачаҳои гуногуни сахт (чанг, дуд, дуда), окиси карбон (СО), дуоксиди сулфур (SO2), окисҳои азот (NO ва NO2), карбогидридҳои гуногуни сабук (СНх), пайвастагиҳои фосфор, сулфид (H2S), аммиак (NH3), хлор (CI), гидрогени фтордор (HF) мебошанд. Ифлосшавии атмосфера дар минтақаҳои саноатӣ бештар мушоҳида карда мешавад. Тақрибан 90% партовҳо ба 10% минтақаи хушкӣ рост меояд, ки асосан дар Амрикои Шимолӣ, Аврупо ва Осиёи Ҷанубӣ-Шарқӣ ҷойгир шудаанд.
Дар ҷаҳон чунин вазъияте ба миён омадааст, ки инсоният оқибатҳои номатлуби ифлосшавии табиатро донад ҳам, хориҷ намудани партовҳои зарарнокро қатъ карда наметавонад. Ин пеш аз ҳама ба проблемаи «таъсири гармхонавӣ», ки дар натиҷаи афзоиши миқдори гази ангидриди карбон дар атмосфераи Замин ба вуҷуд омадааст, дахл дорад. Аммо инсоният на ҳозир ва на дар ояндаи наздик аз манбаъҳои табиии энергия – ангишт, нафт ва газ даст кашида наметавонад.
Аввалин тадқиқотҳои системанок оид ба таъсири имконпазири антропогенӣ ба озони стратосфера солҳои 70-уми асри ХХ гузаронда шуданд. Он вақт аллакай дар бораи камшавии минтақавии миқдори озон дар стратосфера хабарҳо пайдо шуда буданд. Аз ҷумла маълум карда шуд, ки солҳои 80-ум дар болои Антарктида дар майдони 7-10 млн км2 миқдори озон тақрибан 50% кам гардидааст. Рушди саноат ва, дар навбати аввал, саноати химия, боиси истеҳсол ва ба атмосфера ихроҷ намудани хлорфторкарбонҳои фреонӣ (фторхлоридҳои омехтаи метан ва этан, фреон-12 – дихлордифторметан, CF2CI2) мегардад, ки онҳо дар шароитҳои муқаррарӣ беҳаракат ва безаҳр буда, дар стратофера зери таъсири нурҳои ултрабунафш таҷзия мешаванд. Ҳар як атоми хлор «ба озодӣ баромада», метавонад ҳазорҳо молекулаи озонро вайрон кунад.
Тағйиротҳои дар атмосфера рӯйдиҳанда хусусияти маҳаллӣ надошта, балки ба тамоми аҳолии сайёра таъсир мерасонанд. Онҳо боиси сар задани чунин проблемаҳои экологии глобалӣ, ба монанди вайроншавии қабати озони Замин ва гармшавии иқлим мегарданд. Тағйир ёфтани ҳарорати стратосфера аз сабаби камшавии миқдори озон ба дигаргун шудани равандҳои интиқоли амудии ҳаво бурда мерасонад ва сохтори амудии ҳоло вуҷуддоштаи стратосфера мумкин аст ба ҳолати ноустувор гузарад. Баландшавии дараҷаи афканишоти ултрабунафш метавонад ба биосфера таъсири манфӣ расонад, аз он ҷумла ҳодисаҳои саратони пӯстро зиёд кунад. Чунин оқибатҳо кайҳост ки боиси ташвиши ҷиддии аҳли ҷомеа ва ходимони сиёсӣ гардидаанд. Онҳо қотеона талаб мекунанд, ки ба ифлосшавии атмосфера хотима гузошта, барои муҳофизат намудани қабати озон тадбирҳо андешида шаванд.
Дар қарни XXI ҳолати атмосфера ба проблемаи асосии инсоният табдил ёфт, зеро дар он вақтҳои охир равандҳои манфие ба вуҷуд омада истодаанд, ки барои тамоми организмҳои зиндаи сайёра хатарнок мебошанд. Яке аз аз ин гуна равандҳои манфӣ ва басо хатарнок коҳиш ёфтани қабати озони атмосфера мебошад.
Тадқиқотҳо нишон доданд, ки миқдори озони атмосфераи замин дар фазо ва вақт доимо тағйир ёфта меистад. Тағйирёбии тадриҷии озон дар 10 сол 1-2%-ро ташкил медиҳад. Мушоҳидаҳои аз ҳама зиёд аз соли 1926 дар стансияи Ароза (Швейсария) гузаронда шуданд. Теъдоди маълумот дар бораи миқдори умумии озон ва тағйир ёфтани он дар фазо ва вақт дар солҳои 70-ум, баъди ташкилёбии системаи радифии (спутникии) мушоҳидаи қабати озон якбора афзоиш ёфт.
Солҳои 80-уми асри гузашта дар бораи кам шудани (40%) миқдори озон дар атмосфераи болои қутби ҷанубӣ, яъне дар болои стансияи англисии Хелли-Бей хабар паҳн гардид. Ин ҳодиса «сӯрохии озон» ном гирифт. Баҳори соли 1987 масоҳати «сӯрохии озон» дар болои ин материк ба 7 млн. км2 расид. Ин ҳодиса соли 1992 низ такрор ёфт – камшавии миқдори озон (тақрибан 50%) дар болои Антарктида ва фазои болои Амрикои Ҷанубӣ (хусусан Аргентина ва Чили) ба қайд гирифта шуд. Чунин ҳодисаҳо дар Арктика низ ба мушоҳида расиданд (баҳори соли 1986), аммо масоҳати «сӯрохии озон» дар ин ҷо назар ба Антарктика қариб 2 маротиба камтар буд. Моҳи феврали соли 1993 дар атмосфераи болои Арктика назар ба меъёри миёнаи солона 10-40% кам шудани миқдори озон мушоҳида карда шуд, воқеан ин «сӯрохчаҳо» дар минтақаҳои шимолии Канада, нимҷазираи Скандинавия ва ҷазираҳои Шотландия (Британияи Кабир) ба қайд гирифта шуданд.
Ба ҳамин тариқ, муқаррар карда шуд, ки дар қатори омилҳои физикию географӣ дар атмосфера вуҷуд доштани миқдори зиёди фреонҳо (хлорфторкарбонҳо) яке аз омилҳои асосӣ ба шумор меравад. Фреонҳо ба қабатҳои болоии атмосфера баромада, дучори таҷзияи фотохимиявӣ мегарданд ва оксиди хлор ҳосил мекунанд, ки он озонро босуръат вайрон мекунад. Дар тамоми ҷаҳон қариб 2,0 млн. т. моддаҳои вайронкунанда истеҳсол карда мешавад. Солҳои охир муқаррар карда шуд, ки партови ҳавопаймоҳои фавқуссадо боиси вайрон гардидани 10% қабати озони атмосфера шуда метавонад, як маротиба сар додани киштии кайҳонии «Шатл» бошад, камаш 10 млн. т. озонро нобуд месозад.
Вайроншавии қабати озон дар атмосфераи Замин ба зиёдшавии селаи нурҳои ултрабунафш ба сатҳи замин бурда мерасонад, ки ин барои тамоми мавҷудоти зиндаи сайёраи мо хатарнок мебошад. 1 % кам шудани миқдори озон боиси 2 % зиёд гардидани бемории саратони пӯсти одамон ва суст шудани масунияти онҳо гардида метавонад. Ғайр аз ин, афзоиши шиддати афканишоти ултрабунафш метавонад ба камшавии ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ, нобудшавии фитопланктони уқёнусҳо, вайроншавии тавозуни глобалии дуоксиди карбон ва оксиген бурда расонад.
Ҷиддӣ будани вазъиятро боз он далел исбот мекунад, ки проблемаҳои экологӣ, алахусус ҳифзи қабати озони атмосфера на фақат боиси ташвиши олимон ва аҳли ҷомеа гардиданд, балки вобаста ба ин проблемаҳо дар сатҳи байналмилалӣ конференсияҳо, симпозиумҳо ва дигар чорабиниҳои муфид баргузор карда мешаванд. Конвенсияи Вена дар бораи ҳифзи қабати озон ва Протоколи Монреал оид ба моддаҳои вайронкунандаи қабати озон намунаи умедбахши ҳамкориҳои байналмилалӣ ба шумор мераванд. Ин ҳуҷҷатҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон маъқул дониста, пурра эътироф менамояд.
Дар замони муосир исбот шудааст, ки танҳо дар сурати 1% кам шудани қабати озонии таркиби атмосфера шумораи маризиҳои саратони пуст то 5 - 7% меафзояд. Ин нишон медиҳад, ки танҳо дар минтақаи Аврупо соле то 6–9 ҳаз. кас гирифтори ин касалии шадид мегардад. Сабаби асосии хароб шудани қабати озонӣ афзудани ҳаҷми оксиди нитроген, атомҳои хлор ва буғи оби дар таркиби атмосфера буда мебошад. Нурҳои ултрабунафш, ки дарозии мавҷашон аз 0,290 мкм камтаранд, барои тамоми мавҷудоти зиндаи сайёраи мо марговаранд. Ҳаёт дар сатҳи сайёраи мо маҳз аз он сабаб имконпазир аст, ки дар баландии 25 - 50 км-и сатҳи атмосфера, дар қисми болоии тропосфераву қисми поёнии стратосфера қабати озонӣ - озоносфера ҷойгир аст ва ин қабат нурҳои кутоҳмавҷи ултробунафшро нигоҳ дошта ба сатҳи Замин танҳо баъд, қисми лозимии нурҳои ултробунафши нисбатан дарозмавҷро (0,300 - 0,400 мкм) мегузаронад. Нурҳои ултрабунафш аз чиҳати кимиёвӣ хеле фаъол буда, дар сурати аз меъёри табиӣ зиёд буданашон ба организмҳои зинда зарар меоваранд. Ин аст, ки қабати озонӣ таъсири нурҳои ултрабунафшро то ба 6500 маротиба кам менамояд. Чунки миқдори ками ин нурҳо барои фаъолияти муътадили организмҳои зинда, зарураст. Илова бар ин бо сабаби зиёд шудани партовҳои саноатӣ ба атмосфера, қабатҳои поёнии он хароб гардида, дар натиҷаи коатсерватсияи моддаҳои химиявӣ боришҳои ишқордор меборад, ки ин навъ боришотро ҳанӯз дар нимаи охири садаи XIX химики англис Р. Смит пешниҳод намуда буд. Сабаби асосии ба амал омадани чунин боришотро Смит аз меъёри табиӣ зиёд сӯхтани ангишт меҳисобид. Ӯ таъсири манфии боришоти ишқордорро барои набототу ҳайвонот, обу ҳаво ва умуман табиат нишон додааст. Аз нимаи дуюми садаи гузашта cap карда, олимони соҳаи экология таъсири ин ҳодисаро дар табиат ба таври мушаххас мавриди омӯзиш қарор додаанд. Мутаассифона, дар давоми 20 - 25 соли охир ин масъала яке аз проблемахои ҷиддӣ ва тезу тунди экологиро ба миён овардааст.
Амнияти экологии ҳар як мамлакат қисми таркибии амнияти миллии он ба шумор меравад. Аз ин рӯ, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти аҳамият ва ҷиддияти вазъи экологӣ принсипҳои Консепсия дар бораи рушди босуботи инсонро ба роҳбарӣ мегирад, ки яке аз вазифаҳои муҳимтарини он баланд бардоштани маърифати экологии шаҳрвандон ба шумор меравад. Фақат шахси дорои саводи хуби экологӣ метавонад робитаи ҳамдигарии байни Ҷомеа ва Табиатро чуқур дарк кунад ва онро густариш диҳад.
Проблемаҳои тағйирёбии иқлим, ифлосшавии ҳаво ва вайроншавии қабати озон иттилооти иловагии илмӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиро тақозо менамоянд. Бинобар ин имрӯз ба фаҳмиши амиқтар ва пешгӯии аниқтари хусусиятҳои гуногуни атмосфера, экосистемаҳо, инчунин таъсири онҳо ба саломатии инсон, ҳамамалии онҳо бо омилҳои иҷтимоию иқтисодӣ ноил гардидан зарур аст. Мақсади асосии ин соҳаи ҳаётан муҳим аз фаҳмиши амиқи равандҳое, ки ба атмосфераи Замин дар миқёси минтақавӣ ва маҳаллӣ таъсир мерасонанд, аз ҷумла равандҳои физикӣ, химиявӣ, геологӣ, биологӣ, уқёнусӣ, гидрологӣ, геоморфологӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоие, ки дар навбати худ таъсири атмосфераро эҳсос менамоянд; аз вусъат додани нерӯ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ, фаҳмиши амиқи оқибатҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии тағйиротҳои атмосферӣ, инчунин андешидани тадбирҳои зарурӣ баҳри кам кардани ин оқибатҳо иборат аст.
Номвар ҚУРБОНОВ
Назари худро нависед