Вазифаи экологии умумиҷаҳонӣ танҳо ба омӯхтани таъсири фаъолияти инсон ба биосфера ва ҷузъҳои таркибии он - атмосфера, гидросфера, литосфера, тағйирёбии таркиби химиявӣ, хосиятҳои физикӣ ва биологии ин ҷузъиёт маҳдуд намегардад, балки қонунияти таҳаввули биосфера ва ноосфераро низ равшан менамояд. Барои омӯзиши ҳолати биосфера аз маълумоти шабакаҳои метеорологӣ, климатологӣ, океанологӣ, радифони маснӯи Замин, расмгирии фосилавӣ ва инчунин, аз маълумотҳои полеографӣ, геологияи таърихӣ, геофизикӣ, геохимиявӣ, полеонтологӣ, тамсилсозӣ (моделсозӣ) ва ғайра низ истифода мебаранд. Мушкилоти экологии умумиҷаҳонӣ хеле зиёд буда, сарфи назар аз ин, ҳадди ақал ҳар сокини соҳибмаълумоти кишвар оид ба масоили экологӣ ва таъсироти он ба шароитҳои иқлимӣ, географӣ, гидрологӣ, ландшафтӣ, геофизикӣ, геохимиявӣ ва захираҳои гидроэнергетикию глятсиологии Тоҷикистон, ҳамчун як ҷузъи сайёраи Замин, андешаи хоси худро дошта бошад. Масъалаҳои мазкурро олимони соҳа асосан ба ду омилҳои ба ҳам алоқаманд: тағйирёбии иқлим ва ифлосшавии муҳити зист тақсим намудаанд.
Ба ҳамагон маълум аст, ки тарғйирёбии иқлим зери таъсири омилҳои табиӣ ва инсонсириштӣ (антропогенӣ) сурат мегирад. Ҳангоми ба ҳадди калон тағйир ёфтани иқлим минтақаҳои иқлимӣ ба самти арзҳои баланд ҷой иваз мекунанд ва инсон фаъолияти худро ба чунин тағйирот мутобиқ менамояд. Ифлосшавии муҳити зист бошад, имрӯз хосияти умумиҷаҳонӣ гирифтааст, зеро барои он сарҳади давлатӣ, динӣ ва миллӣ вуҷуд надорад. Афзоиши ифлосшавии муҳит боиси пайдоиши хавфу хатари раванди муътадили низоми биосфера, аз ҷумла инсоният мегардад. Дар миқёси глобалӣ яке аз соҳаҳои асосии ифлоскунандаи муҳити зист истифодаи комплексии сӯзишворӣ-энергетикӣ буда, ҳоло ба ҳиссаи он қариб 48% партовҳои заҳролуди атмосфера, 36% ифлосшавии захираҳои обӣ ва 30% дигар партовҳои заҳролудкунанда рост меоянд.
Дар замони муосир хатароти экологӣ, аз қабили тағйирёбии иқлим, ифлосшавии атмосфера, аз меъёр зиёд партофтани аэрозолҳо, хароб гардидани қабати озонӣ, коҳишёбии пиряхҳо, мушкилоти демографӣ, норасоии оби нӯшокӣ ва ҳоказо хусусияти глобалӣ касб карда, таъсири манфии онҳо дар ҳамаи кишварҳои сайёра ба назар мерасад ва инчунин, тамоми сокинони кураи арзро ба ташвиш овардааст. Ҳарчанд як қатор мамолики рӯ ба инкишоф, аз ҷумла Тоҷикистон дар ифлос кардани атмосфера ва аз меъёр зиёд партофтани газҳои гармхонаӣ саҳми зиёд надоранд, вале таъсири манфии хатарҳои глобалии экологӣ дар ҳудуди онҳо бармало эҳсос мегардад. Бинобар ин, Тоҷикистон чун кишвари аз ҷиҳати географӣ кӯҳсор, аз нигоҳи ҷойгиршавии захироти глятсиологию гидроэнергетикӣ бой ва аз нуқтаи назари таъсири хатароти экологӣ осебпазир наметавонад аз ин мушкилот дар канор бошад. Зеро марзи Тоҷикистон релефи зинамонанд ва водиҳои тангу чуқурро дарбар гирифта, 93%-и қаламрави онро кӯҳҳо ишғол менамоянд ва 80%-и ҳудудаш дар минтақаҳои осебпазир воқеъ гардидааст. Агар ба саҳми Тоҷикистон дар ифлоскунии атмосфера ва ихроҷи газҳои гармхонаӣ назар андозем, он гоҳ мебинем, ки аз ин ҷиҳат кишвари мо дар байни мамолики ҷаҳон мақоми 135-умро ишғол менамояд ва ин нисбат ба саҳми аксар давлатҳои олам бағоят кам аст. Вале, Тоҷикистон аз сабаби дар минтақаи баландкӯҳ ҷойгир будан ба таъсири манфии чунин хатарот бештар дучор мегардад. Масалан, Тоҷикистон аз ҷиҳати осебпазирӣ дар байни кишварҳои ИДМ, соҳили Балтика ва Аврупои Марказию Шарқӣ дар ҷойи аввал меистад (нигаред ба Fay and Pater (2008)).
Ҷумҳурии Тоҷикистон чун кишвари дорои сарватҳои зиёди табиӣ дар сар то сари олам мавқеи хосаро ишғол мекунад, ки яке аз ин сарватҳои пурарзиш об ба ҳисоб меравад. Тоҷикистон аз ҷиҳати мавқеи географӣ дар саргаҳи обҳои Осиёи Марказӣ қарор дошта, нисбат ба ҳамсоягони худ аз ин сарват хеле бой ва доротар аст, зеро ҳар соле аз марзи он ба ҳисоби миёна 80 км3 об ба берун меравад, ки аз он ба кишвар ягон манфиате нест. Ин масъаларо ба инобат гирифта, чун дигар сарватҳои тамомшаванда, обро аз ҳар гуна партовҳои заҳролуд ва сарчашмаҳои ифлоскунандаи дигар ҳифз намудан мумкин аст. Ҳалли масъалаи мазкур ниҳоят муҳим буда, хуб донистани табиат ва сарватҳои табиии кишварро талаб менамояд. Хусусан дар шароите, ки ҷумҳурии мо аксари мол, таҷҳизоти саноатӣ, мошин ва дигар механизмҳоро аз хориҷ меорд ва ҳар як фарди тоҷикистониро зарур аст, аз ин неъмати бебаҳо сарфаю сарриштакорона истифода барад. Дар акси ҳол иқтисодиёти меҳанамонро инкишоф дода, масъалаҳои дигари рушди кишварро сари вақт ҳал намудан душвор мегардад.
Оби ҷорие, ки аз системаҳои кӯҳии Помир ва Ҳисору Олой сарчашма мегирад тамоми мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ва алалхусус, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Қазоқистон бехарҷу беандеша истифода менамоянд, ки яке аз сабабҳои беҳуда талафёбӣ, паст шудани сифати об ва то ба баҳри Арал нарасидани оби Сирдарё ва гоҳо Амударё мегардад. Хушк шудани баҳри Арал - ин фоҷиаи умумиинсонӣ буда, маҳз аз омилҳои инсонсириштӣ вобастгӣ дорад. Аз оқибати ин офат на нафақат Ӯзбекистону Қазоқистон зарар мебинанд, балки чангу ғубори намаки он тавассути ҷараёнҳои ҳавоӣ то ба қаторкӯҳҳои ҳудуди Тоҷикистон омада, ба сатҳи болоии пиряхҳо мешинанд ва боиси аз меъёр зиёд об шудани онҳо мегарданд. Дар натиҷа ҳам масоҳат ва ҳам ғафсии пиряхҳо коҳиш меёбад ва дар ниҳоят пиряхҳо об шуда нобуд мегарданд. Бинобар ин, дар омӯзиши захираҳои обии Тоҷикистон ҳамкории ҷиддии ҳамаи мамолики Осиёи Марказӣ ва дигар кишварҳои минтақа лозим аст. Барои пайгирии ин масаъали мубрам дар ҳар мулоқоту боздидҳои сарони кишварҳои мухталифи олам дар қатори дигар масоили муҳим, захираҳои табиии ин ё он кишвар низ мавриди муҳокимарониҳо қарор мегирад. Барои кишвари мо, ки яке аз сарватҳои муҳимтаринаш об аст, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳимияти масъалаи мазкурро дарк карда, дар ҷаласаи 54-уми Созмони Миллали Муттаҳид пешниҳод намуданд, ки соли 2003 «Соли байналхалқии оби тоза» эълон карда шавад ва Маҷмааи умумии СММ ин пешниҳодро ба хушнудӣ пазируфт. Баъд аз таҷлили муваффақонаи ин сана Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Даҳсолаи амалиёти «Об барои ҳаёт, 2005-2015» - ро пешниҳод карданд, ки он ҳам ба хубӣ қабул гардида, аксар ҳадафҳои дар чаҳорчӯбаи ин даҳсола ҷойдошта дар сатҳи давлатӣ, минтақавӣ ва байналхалқӣ ҳалли худро ёфтанд. Илова бар ин, Пешвои миллат, муҳимияти масъалаи зикргардидаро аз пештара амиқу дақиқтар дарк намуда, манфиати онро барои тамоми аҳли башар андеша карда, Даҳсолаи нави байналмилалӣ - «Об барои рушди устувор, 2018-2028»-ро пешниҳод намуданд, ки он ҳам дар арсаи байналмилалӣ хеле хуб пазируфта шуд.
Барои чунин пешниҳоди оқилонаю олимона ва барои тамоми кишварҳои сайёра зарурӣ ба унвонии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сарварии онро инсони хирадманду дурандеше, чун Эмомалӣ Раҳмон бар дӯш дорад, аз номи Дабири кулли СММ Пан Ги Мун номаи табрикӣ ирсол гардид ва дар ин нома омадааст: «Бо камоли эҳтиром шарафёбам Шуморо ба муносибати ба иттифоқи оро қабул шудани қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», ки аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, самимона табрик намоям. Бовар дорам, ки даҳсолаи нав дар роҳи таҳким ва мусоидат ба татбиқи ҳадафҳои рушди устувори марбут ба захираҳои об саҳми арзишманд хоҳад гузошт. Даҳсолаи мазкур инчунин дар таҳким ва вусъатбахшии дастовардҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт, 2005-2015» мусоидат менамояд».
Ёдовар шудан бамаврид аст, ки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи мазкур ҳанӯз 16 қабл диққат махсус дода, паҳлуҳои мухталифи онро дар мақолаи хеш - «Тоҷикистон дар остонаи асри XXI» (рӯзномаи «Независимая газета»-и ФР, аз 07.12.2000), мавриди тадқиқи ҳамаҷониба қарор додаанд. Дар мақолаи мазкур Президенти ҷумҳурӣ сатҳи экологии Осиёи Марказиро дар мисоли Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор дода, навиштаанд, ки дар натиҷаи гармшавии ҳарорати сатҳи сайёра дар давоми 50 соли охир 1/3 ҳиссаи захираи оби яке аз пиряхҳои калонтарини Осиёи Миёна - Федченко кам шудааст. Илова бар ин, Пешвои миллат дар мақолаи таҳлилии худ таъкид намудаанд, ки табиати сайёра силсилаҳои зиёди гарму сардшавии иқлимро медонад, вале мо алҳол давраи гармшавиро аз cap мегузаронем ва агар ин тамоюл идома ёбад, гумон аст, ки дар сад соли наздик аз пиряхи Федченко чизе боқӣ нахоҳад монд...
Ҳамин тавр, аз ин навиштаҷоти илман асосноки Сарвари давлат бармеояд, ки масоили асосии экологии ҷаҳони муосир ва таъисри онҳо ба захироти обии кишвар хеле хатари бузург дошта, на танҳо ба захираҳои гидрографӣ, балки ба тамоми сарватҳои табиӣ таъсири манфии худро мерасонанд. Аз ин рӯ, баҳри баратараф сохтани масъалаҳои ҳалталаби умумибашарӣ чораҳои аввалиндараҷаро андешидан зарур аст, ки яке аз онҳо кам кардани партовҳои саноатӣ (газҳои гармхонаӣ, аэрозолҳо), таъсироти инсонсириштӣ ва истеҳсоли «энергияи сабз» (нерӯи аз ҷиҳати экологӣ тоза) мебошад. Дар ин радиф, бояд тазаккур дод, ки тибқи арзёбии созмонҳои байналмилалии молиявӣ Тоҷикистон аз рӯи фоизи истеҳсоли «энергияи сабз» ба қатори шаш мамолики пешсафи сайёра шомил гардида, имрӯз истеҳсоли ин намуди энергия дар меҳани мо 98%-ро ташкил медиҳад. Ин саҳми Тоҷикистон дар пешгирӣ кардани оқибатҳои харобиовари гармшавии иқлим ва татбиқи чорабиниҳои экологӣ дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзи ба мақоми Сарвари давлат таъин гардидашон, ба таъмини якпорчагии кишвар, бунёдгузорӣ ба ваҳдати комили миллӣ, барқарорсозӣ ва бартарафнамоии харобиҳои баъдазҷангӣ, бунёдкорию созандагӣ ва муаррифии меҳан дар арсаи байналмилалӣ даст зада, муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи судмандро бо тамоми кишварҳои дунё ба роҳ монда, робитаҳои созандаи дӯстонаро бар пояи эҳтироми ҳамдигар ва баробарӣ густариш доданд. Ин иқдомоти наҷиби Президенти ҷумҳурӣ Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ чун кишвари дар аксар масоили байналмилалӣ ташаббускор ва халқи онро мардуми фарҳангию бунёдкор муаррифӣ намуда, аз ҷониби созмонҳои минтақавию байналхалқӣ ва ниҳодҳои молиявии байналмилалӣ ба хушнудӣ пазируфта шудаанд. Масалан, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои мардуми он дар арсаи байналмилалӣ ба сифати кишвар ва роҳбари ташаббускору пешсафи фаъоли ҳалли масъалаҳои глобалии вобаста ба истифодаи босамари захираҳои об эътироф гардидаанд, ки ин боиси ифтихори ҳар тоҷикистонӣ аст. Дар ин радиф ёдовар шудан аз суханони Сарвари давлат, ки дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ ироа доштанд, айни муддаост: «Дар тӯли соҳибистиқлолӣ чандин ташаббусҳои созандаи кишвари мо дар робита ба масъалаҳои муҳими сиёсати ҷаҳонӣ ва татбиқи тарҳҳои азими минтақавӣ аз ҷониби шарикони байналмилалӣ пуштибонӣ ёфтаанд. Кишвари мо минбаъд низ ба ибтикороти созандаи хеш барои ҳалли дигар масоили ҳалталаби байналмилалӣ ва минтақавӣ идома медиҳад».
Воқеан ҳам, имрӯз кишвари мо таҳти сарварии Пешвои башардӯсту халқпарвари миллат барои дар ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ амалӣ кардани пешниҳоди Тоҷикистон дар бораи эълон намудани Даҳсолаи ҷадиди байналмилалии «Об барои рушди устувор» ҷидду ҷаҳд менамояд. Дар ин ҷода мусоидат ба татбиқи фарогири Даҳсолаи мазкур, ки бо пешниҳоди Тоҷикистон ва бо иттифоқи оро чанд рӯз қабл аз ҷониби Маҷмааи умумии СММ эълон гардид, яке аз вазифаҳои муҳими давраи наздик ба шумор меравад. Аз ин рӯ, сарвари ҳар кишвари ҷаҳонро зарур аст, ки чун Эмомалӣ Раҳмон барои пешгирии хатароти экологӣ дар миқёси сайёра чора ва тадбирҳои аввалиндараҷаро андешад.
Номвар ҚУРБОНОВ,корманди АИ ҶТ
Назари худро нависед