Табиат олами зинда ва ғайризиндаро фаро гирифта, ҳастии ҳаётро таҷассум менамояд. Инсон барои мустақилона зиндагӣ карданаш пеш аз ҳама ба муҳити зист мутобиқ мешавад. Аз пайдоиши ҳаёт то ба имрӯз инсоният бо ақлу заковати воло табиатро бо ҳама гуногунрангӣ ҳифз намуда, қонуниятҳои онро бо зиндагии хеш алоқаманд намуда, ҷамъияти инсониро ташаккул додаст. Аммо имрӯз муносибати одамон бо табиат ва таъсири муҳит ба саломатии инсон чӣ гуна аст?
Ягон мавҷудоти зинда бе табиат вуҷуд дошта наметавонад. Яъне, об, ғизо, ҳаво, либос, набототу ҳайвонот ва ҳарорати мӯътадил мунтазам барои организмҳои зинда ва одам лозим аст. Бояд нисбат ба дигар мавҷудоти зиндаи рӯйи замин муносибати одам бо табиат бошуурона бошад.
Зеро байни организм ва муҳит мунтазам мубодилаи моддаҳо ба вуҷуд меояд. Таъсире, ки ҳоло одам ба табиат мерасонад, ниҳоят зиёд аст ва он метавонад мувозинаи умумиро халалдор созад.
Мо истифодаи захираҳои табииро чӣ хел мефаҳмем? Ҳар як шахс барои ҳаёти мӯътадил ба cap бурдан мехоҳад ҳар чи бештар аз табиат истифода барад. Ӯ заводу корхонаҳо бунёд менамояд, барои ҳосили хуб ба даст овардан аз моддаҳои ҳимиявӣ истифода мебарад, буттаву дарахтонро ҳамчун сӯзишворӣ истифода мебарад ва ин ба табиат таъсир мерасонад. Аз ин рӯ, дар фазоӣ атмосфера чангу дуд меафзояд, захираҳои обӣ кам ва таркиби хок вайрон мешавад. Ҳамаи ин саломатии инсонро халалдор месозад.
Агар дар атмосфера микдори газҳо кам ё зиёд шавад, чанг, дуд, туман одамонро ба бемориҳои гуногун гирифтор мекунад. Бемориҳои шуш, дил ва камхунӣ лейкоз аз таъсири ҳавои ифлос ва вуҷуд меоянд. Инчунин ҳар гуна партовҳои саноатию истеҳсолӣ на танҳо ба таркиби атмосфера, балки ба обҳои нӯшокӣ, захираҳои табиӣ ва иқлим бе таъсир намемонанд. Инсон ҷангалро мебуррад ва ин ба кам шудани захираҳои обӣ, шуста шудани қабати болоии хок, хушк шудани замин оварда мерасонад. Аз бепарвоёна истифода кардани сарватҳои зеризаминй ва захираҳои иқлимӣ инсон ба мушкилоти экологӣ рӯ ба рӯ мешавад.
Барои муҳофизати саломатии инсоният, муҳити зист ва наслҳои оянда бояд чораҳои гуногуни мисли кабудизоркунӣ, сохтани партовгоҳҳо, оқилона истифода бурдани захираҳои табиӣ ва гайра кор гирифта шавад.
Шервони УМРИДДИНжурналист
Назари худро нависед