Шабона ҳангоми ба осмони софу беабр назар намудан, мо шумораи бениҳоят зиёди ситорагонро мебинем, ки бо чашмакзаниву дурахшониашон бо як манзараи тамошобобу дилкаш ва бениҳоят зебо ба ҳар кас ҳаловат мебахшанд (бо вуҷуди аз Замин дур ҷойгир буданашон). Шумораи ситораҳое, ки шабона дида мешаванд, пеш аз ҳама аз обу ҳаво ва маҳалли ҷойгиршавии мушоҳида вобаста аст.
Дар замонҳои қадим, бо гузашти вақт, ҷаҳонбиниву фаҳмиши инсон васеъ мешуд. Гузашта аз он инсон тамоман чӣ будани ситорагонро намедонист ва дар бораи онҳо тасаввуроти гуногун дошт. Барои мисол, баъзеҳо дар назар доштанд, ки ситорагон дар худ дили шахсони фавтидаро ҷо намудаанд, ки гӯё дар Осмон часпонида шуда бошанд. Баъзеи дигар дар Осмон ситораҳои дурахшонро дар соҳаҳои муайяни мушоҳидашаванда интихоб намуда, онҳоро фикран гурӯҳбандӣ менамуданд. Онҳо ба ситорагон номи Худоҳои Асотирӣ, қаҳрамонҳои афсонавӣ, ҳайвонҳои гуногун ва олоти меҳнати истифода мекардаашонро мегузоштанд. Аммо ақидаи он, ки Офтоб низ ситора аст, дар он вақтҳо тамоман вуҷуд надошт. Зеро Офтоб бо бузургиву равшании зиёд доштанаш ҳеҷ ба ситора монанд набуд.
Илми ситорашиносӣ имрӯзҳо алакай ба як сатҳе расидааст, ки асрори зиёди кайҳонро кушодааст. Олимон муайян намудаанд, ки ситораҳо аз рӯи зичӣ, масса, андоза, дурахшонӣ ва таркиби кимиёиашон аз ҳамдигар фарқ доранд. Массаи ситораҳо аз рӯи ҳаракаташон нисбат ба ҳамдигар дар асоси қонуни ҷозибаи умумиҷаҳонӣ муайян карда мешавад. Таркиби кимиёии ситораҳо дар натиҷаи омӯзиши тайфи онҳо муайян гардидааст ва 98%-и массаи онҳоро асосан гидроген ва гелий ташкил медиҳанд.
Ситораҳои бениҳоят хурд, ки андозаашон ба 10-20 км мерасад ситораҳои нейтронӣ ном дошта, ситораҳои аз онҳо калонтар паканаҳои сафед номгузорӣ шудаанд. Боз ситораҳое мавҷуданд, ки андозаашон ба андозаи Офтоб наздиканд, ситораҳои аз Офтоб ба маротиб бузаргтар ситораҳои Азим номида мешаванд. Инҳо ситораҳо Ядулҷавзо (бурҷи Ҷаббор), Қалби Ақраб (бурҷи Саратон) ва ғ. ном дорананд, ки Х-маротиба аз Офтоб бузургтаранд.
Фарқияти асосии ситораҳо аз рӯи андоза нисбати ситораҳо аз рӯи масса калон аст.Ситораҳои азим ва фавқулазим зичии хело хурд доранд, ҳатто зичии онҳо аз зичии ҳаво камтар аст. Ситораҳои хурд бошанд, зичии зиёд доранд. Барои мисол, паканаҳои сафед нисбат ба ситораҳои азим ва фавқулазим даҳҳо маротиба зичиашон зиёд аст. Ситораҳои нейтронӣ бошад, чун ҳастаи атомҳо соҳиби зичии -1014 г/см3 ҳастанд.
Аз рӯи хосияти физикиашон ситораҳоро ба се категория ҷудо намудан мумкин аст: ситораҳои нормалӣ, паканаҳои сафед ва ситораҳои нейтронӣ. Ситораҳои нормалӣ аз гази идеалӣ иборат буда, фишор, зиччӣ ва ҳарорат дар қаъри ситораҳо бо истифода аз қонунҳои физика ҳисоб карда мешаванд. Дар ситораҳои зиччиашон беҳад калон қонунҳои гази идеалӣ амал намекунанд. Шумораи дақиқи ситораҳоро ҳисоб намудан тамоман ғайримкон аст. Шумораи ситораҳо триллионҳоро дар ҳар як галактика ташкил дода, онҳо дар масофаҳои хеле дур ҷойгир ҳастанд ва рӯшноӣ аз онҳо аз даҳсолаҳо сар карда, то миллиону миллиардҳо сол ба Замин омада мерасад.
Далели дурахшонии ситорагон дар он аст, ки фишори бениҳояд зиёди дар маркази онҳо мавҷудбуда, ба синтези хастаи оварда мерасонад ки дар натиҷа хастахои гидроген ба хастаи гелий табдил меёбанд, ки боиси чудошавии энергияи бехад зиёд мегарданд . Ин энергия ба намуди мавҷҳои дарозиашон гуногун хориҷ шуда, то ба мо омада мерасад. То он даме, ки дар ситора реаксияҳои термоядрогӣ мегузарад, ин ситора дурахшон мемонад. Ҳарорати қаъри ситораҳо Тақрибан ба 15-20 милион дараҷа мерасад. Ҳамин тавр, манбаи энергияи ситораҳо раванди табдилёбии ду (ё чор) ҳастаи гидроген ба як ҳастаи гелий мебошад.
Масрур Ҳодиеваспиранти факултети физикаи ДМТ
Назари худро нависед