JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс

Барои чӣ барф сафед аст

Дараҷа: Оё медонед?

Саволеро, ки  дар сарлавҳаи ин мавзуъ мебинед, бисёртар кӯдакон ба он таваҷҷӯҳ доранд ва ҳама  вақт аз  мо суол мекунанд. Албатта  ин хело хуб аст, ки кӯдакони  болаёқат ва кунҷков  ин гуна саволҳои аҷибро  ба мо медиҳанд. Дар асл  ин савол одист, вале  на ҳама вақт мо ҷавобашро медонем. Умуман барои ба ин савол  ҷавоби мушаххас гирифтан ҳатман барои хондани навиштаҳои зер танбалӣ нанамоед.

Ҳар як фасли сол бо ҳодисаҳову  зебогиҳои нотакрораш мақбули ҳар шахс аст. Яке зимистонро  бо боридани барфу яхбандиҳояш дӯст медораду  дигаре  фасли нозанин баҳорро бо сарсабзу зебо гаштани табиат меписандад. Хуллас табиат зебост.

Аввалан, пеш аз оне, ки асрори сафедии барфро бинависем пеш аз  ҳама  бояд мо бидоем, ки худи барф чист ва чӣ гуна ба вуҷуд меояд. Агар дар зимистон ҳар чӣ қадаре барфи бисёр биборад захираҳои пиряхҳои кӯҳӣ зиёд  гардида, тобистон  дар натиҷаи об шудани онҳо, дарёҳҳо  пур аз  об гардида, боиси ҳосилнокии зиёд мешавад ва   инчунин, боиси обхезиву омадани сел ҳам гаштанаш мумкин аст. Барф низ ба монанди борону жола яке аз намудҳои боришоти атмосферист. Ҷараёни бориши барф ба монанди борон (чӣ тавре ки дар  бораи боришоти борон  навиштаем) буда,  сабаби пайдоишаш  ҳарорат аст, яъне барф аз шумораи бениҳояд зиёди крситаллчаҳои (булӯрчаҳои) хурди об таркиб ёфтааст ва ҳангоми паст шудани ҳарорати ҳаво ба  0°С  кристаллчаҳои (булӯрчаҳои) барф ҳосил мешаванд. Шакли булӯрчаҳои барф аз ҳароарти ҳаво вобаста мебошад ва олимон  14 намуди крситаллҳои онро  дар табибат муайян намудаанд ва онҳо андозаҳои гуногунро соҳибанд.

Сабаби  асосии сафед будани  барф, ин  ба пурагӣ инъикос намудани (ё барф ба пуррагӣ нури Офтобро инъикос менамояд ё нури Офтоб ба пуррагӣ аз барф  инъикос меёбад)  нури Офтоб мебошад. Агар ранги Офтоб дигаргуна мебуд, ранги барф низ ба он мувофиқ мешуд, яъне  сурх бошад, сурх мешуду сабз бошад сабз.

САДОИ БАРФ

          Ин садо ҳангмои роҳравӣ дар рӯи барф шунида мешавад.  Асосан  садои барф (ғирҷ-ғирҷ) дар ҳарорати манфӣ (аз - 20С то - 40С ) пайдо мешавад, агар  ҳарорати ҳаво мусбат бошад, ин садо  гум мешавад.  Сабаби асосии садои барф шикастани булӯрчаҳои он мебошад, зеро ҳангоми паст будани ҳарорати ҳаво булӯрчаҳои он дар ҳолати сахтӣ қарор доранд ва зери таъсири фишори пой  ё  чархҳои мошин ба якдигар таъсир оварда мешикананд. Ақидаи дигаре вуҷуд  дорад, ки зери таъсири  фишори зиёд булӯрчаҳои барф  байни якдигар  соиш мехӯранд ва  ин садоро ба вуҷуд меоранд. Лекин ин ақида он қадар ба ҳақиқат наздик нест ва ақидаи аввала боиси пайдо шудани садои барф аст.

БАРОИ ЧӢ БАРФИ ЧИРКИН (ИФЛОС) НИСБАТ БА БАРФИ ТОЗА ЗУДТАР ОБ МЕШАВАД

Барф дар ҳарорати  00С об мешавад ва ҳолатҳое низ  вуҷуд  доранд, ки барф дар ҳароратҳои манфӣ (паст низ) об мешавад. Сабаби тезтар об  шудани барфи чиркин аз  барфи тоза  дар он аст, ки чангу ифлосиҳои ба он  нишаста нурҳои Офтобро  фурӯ мебаранд ва зери таъсири ин нурҳо гарм шуда, барфро об  мекунанд. Барфи тоза бошад 90-95 %-и нурҳои Офтобро инъикос мекунад ва мумкин аст тамоман об  нашавад (албатта агар  чангу ифлосиҳо намебуданд).

Масрур Ҳодиев
аспиратни факултети физикаи ДМТ
Дар бораи мавод назари худро нависед

Назари худро нависед

Маҷаллаҳо

Осиё ва Аврупо - маҷаллаи илмӣ
Маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» нашрияи
Илм ва Ҷомеа-маҷаллаи академии илмию оммавӣ
Ахбори АМИТ (маҷаллаи илмӣ)
АХБОРИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ
ПАЁМИ ТИББИИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
Илм ва Ҷомеа-маҷаллаи академии илмию оммавӣ
Санъатшиносӣ-Маҷаллаи илмӣ-назариявӣ
Маҷаллаи илмӣ-назариявии «Санъатшиносӣ»
Иқтисодиёти Тоҷикистон (маҷаллаи илмӣ)
ISSN2310-3957
ИҚТИСОДИЁТИ ТОҶИКИСТОН
ЭКОНОМИКА ТАДЖИКИСТАНА
Дар
Илм ва Ҷомеа-маҷаллаи академии илмию оммавӣ
МУАРРИХ (маҷаллаи илмӣ-назариявӣ)
Маҷаллаи илмӣ-назариявии «Муаррих»
Илм ва Ҷомеа-маҷаллаи академии илмию оммавӣ №1-2(9-10) 2017
Суханшиносӣ (маҷаллаи илмӣ № 1,2,3  2017)
Маҷаллаи «Суханшиносӣ» нашрияи
Суханшиносӣ (маҷаллаи илмӣ №3, 2016)
Маҷаллаи «Суханшиносӣ» нашрияи
Илм ва Ҷомеа-маҷаллаи академии илмию оммавӣ №3-4 (7-8) 2017
Илм ва Ҷомеа-маҷаллаи академии илмию оммавӣ №2 (6) 2017
Илм ва Ҷомеа-маҷаллаи академии илмию оммавӣ №1 (5) 2017
Ахбор - Известия
Илм ва Ҷомеа-маҷаллаи академии илмию оммавӣ №3-4 (2016)
Илм ва Ҷомеа-маҷаллаи академии илмию оммавӣ №1-2 (2015-2016)
Суханшиносӣ (маҷаллаи илмӣ №2, 2016)
Маҷаллаи «Суханшиносӣ» нашрияи
Суханшиносӣ (маҷаллаи илмӣ №1, 2016)
Маҷаллаи «Суханшиносӣ» нашрияи
Previous Next Play Pause

Илм-фурӯғи маърифат

Барномаи омодагӣ ба Озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат”
matematika-baroi-muassisa-oi-ta-siloti-mijonai-umum
Адабиётҳои тавсияшаванда аз фанни математика барои Муассисаҳои таҳсилоти олӣ
Адабиётҳои тавсияшаванда аз фанни
Физика
Адабиётҳои тавсияшаванда аз фанни
Химия
Адабиётҳои тавсияшаванда аз фанни
Роҳнамои дарёфти номгӯиҳои географӣ...
АЗИЗОВ Н. Ҳ., АЗИЗОВА С. Ҳ. Роҳнамои
Картография бо асосҳои топография
Сабуриён М.М., Холов Ҳ.Ҳ. Картография
Захираҳои туристӣ: ёдгориҳои фарҳангӣ-таърихӣ ва табиӣ
Памир: ресурсный потенциал и перспективы развития экономики
Глятсиология
Мӯсоев З.М., Қаландаров А.А., Наимов
Ганҷинаи табиати Тоҷикистон
Муҳаббатов Х. Ганҷинаи табиати
Об - манбаи ҳаёт
Муҳаббатов Холназар. Об - манбаи
Об ҳаёт аст
Ҳамдам Оҷилов., Ҳусейн Аброров. Об
Об, илм ва рушди устувор
Раҳимӣ Ф., Муҳаббатов Х., Ниёзов
Асосҳои биогеография
Рауфов Р.Н., Азизов Н.Ҳ.,Наврӯзов
Асосҳои геология
Сабуриён Мирзосафари Мирзо. Асосҳои
Кишварҳои ҷаҳон дар рақамҳо
Сабуриён М. М., Қосимов Н.Н. Холов
Таърихи кашфиёти географӣ
Дар китоби дарсӣ маълумотҳо оид
Previous Next Play Pause