Тавре қаблан иттилоъ додем, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 сентябри соли 2020 дар шаҳри Панҷакент 5500-солагии Саразми бостонӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад. Дар робита ба ҷараёни корҳои омӯзишиву таҳқиқотӣ ва ҳафриётӣ дар ин диёри бостонӣ хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ бо директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих, профессор Насрулло УБАЙДУЛЛО суҳбат намуд:
АМИТ «Ховар»: Мардуми тоҷик аз қадим миллати соҳибтамаддун ва бофарҳанг буда, бо таърихи бою гузаштаи пурғановати хеш миёни дигар халқиятҳо маъруф гаштааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2020 мизбони чорабинии фарҳангии сатҳи ҷаҳонӣ-таҷлили ёдгории қадимаи Саразм мегардад. Мегуфтед, ки ҷараёни корҳои омӯзишиву таҳқиқотӣ ва ҳафриётӣ дар ин ёдгории беназир чӣ гуна рафта истодааст?
Насрулло Убайдулло: Тавре маълум аст, 21 сентябри соли 2001 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории қадимии Саразм, ки дорои таърихи 5500 сола мебошад, ҳамчун маркази ташаккули тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон – «Мамнуъгоҳи таърихиву бостоншиносии Саразм» эълон гардида, 31 июли соли 2010 он бо пешниҳоди Президенти мамлакат аз ҷониби ЮНЕСКО ба Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарӣ ворид гардид.
Дар айни ҳол дар ин ёдгории қадима се гурӯҳи калони бостоншиносон кор карда истодаанд. Онҳо ба омодасозии ҳафриётҳо ва муайян кардани тарҳи шаҳри Саразм-нахустин шаҳри Вароруд машғул ҳастанд. То ҷашн нақша дорем, ки пурра тарҳи он қисмати муайяни шаҳре, ки унсурҳои шаҳрро нишон медиҳад, ошкор кунем.
Дар корҳои тадқиқотию ҳафриётӣ ғайр аз мутахассисони ватанӣ, инчунин бостоншиносон, антропологҳо, меъморон ва наққошони Франсияву Россия даъват шудаанд. Аз ҷумла, чанд нафар аз Осорхонаи давлатии Эрмитажи Санкт Петербург бо мо ҳамкорӣ доранд. Ҳамаи онҳо кӯшиш карда истодаанд, ки то ҷашн тамоми ҷанбаҳои Саразм ҳамчун шаҳр омӯхта ва нишон дода шавад. Ғайр аз ин Саразм, ки оғози маданияти кишоварзӣ ва ҳунармандӣ мебошад, олимон он бозёфтҳоеро, ки аз он ҷо дарёфт шудаанд ва ҳунари олии сокинони Саразмро дар самти истифодаи маъдан, фулузот, сангҳои қимматбаҳо ва нимқимматбаҳо нишон медиҳанд, муайян карда, тарзи сохтани олоти меҳнату ороиширо таҳқиқ мекунанд. Аллакай намудҳои анборҳои маъмули ғалладонаи ҳамон давра пайдо карда шуданд, ки ин яке аз самтҳои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва омӯзишии Саразм аст. Ин корҳо то августи соли 2020 идома меёбанд.
АМИТ «Ховар»: Дар доираи таҷлили ҷашни 5500-солагии Саразм баргузории ҳамоишҳои илмӣ бо иштироки донишмандони хориҷӣ дар нақша гирифта шудааст?
Насрулло Убайдулло: Бале. Ду конференсияи байналмилалӣ дар мавзӯъҳои «Саразм ҳамчун ибтидои маданияти кишоварзӣ» ва «Саразм ҳамчун ибтидои маданияти шаҳрсозӣ» дар Панҷакент доир карда мешаванд. Яке дар охири соли 2019 ва дигаре моҳи майи соли 2020 дар назар дошта шудааст. Инчунин, доир ба нақш ва тамаддуни Саразм дар ташаккулу рушди тамаддуни Осиёи Марказӣ симпозиуми байналмилалӣ ба нақша гирифта шудааст. Интизор меравад, ки ин симпозиум 10 сентябри соли 2020 дар Душанбе оғоз гардида, 11 сентябри ҳамон сол дар Панҷакент идома ёбад.
Аллакай донишмандони Олмон, Голандия, Франсия, Россия, Америка ҳавасмандии худро барои иштирок дар ҷашни 5500-солагии Саразм иброз намудаанд.
АМИТ «Ховар»: Олимон, муаррихон, бостоншиносон ва мардумшиносони тоҷик таърихи 5500-солагии Саразмро чӣ гуна дар рӯи коғаз муаррифӣ мекунанд?
Насрулло Убайдулло: Омодагиҳо дар ин самт низ ҷараён доранд. Ҳоло мо феҳристи номгӯи бозёфтҳои Саразмро бо акс, тасвиру тавсиф ва маълумоти дахлдор омода карда истодаем. Инчунин қисмат ба қисмат албоми ҳунармандии мардуми Панҷакент, ки аз замонҳои қадим то имрӯзи Саразмро дар бар мегирад, ташкил карда мешавад.
Дар назар аст, ки то ҷашн ду ҷилд китоби илмии «Таърихи Саразм» нашр гардад. Ин китоб бевосита аз тарафи он бостоншиносону ҳафриётшиносоне, ки дар кофтукову ковиши Саразм иштирок ва бозёфтҳои онро дар озмоишгоҳҳои Тоҷикистону Франсия ва Россия таҳқиқ кардаанд, таҳия мегардад. Ба хотири дастраси ҷаҳониён гаштан китоб аввал бо забони русӣ ва англисӣ омода гардида, сипас ба тоҷикӣ тарҷума карда мешавад.
Дар баробари ин нашри китоби «Таърихи Панҷакент: аз замони қадим то имрӯз», ки Саразм як қисмати онро ташкил медиҳад, ба нақша гирифта шудааст. Мо китобории Саразмро омода карда истодаем, ки он номгӯи тамоми мақолаву асару гузоришҳоеро, ки дар бораи ин ёдгории қадима ҷамъоварӣ шудааст, дарбар мегирад. Ҳамзамон, библиографияеро омода карда истодаем, ки дар он ба таври мушаххас дар бораи ҳар як нафаре, ки дар омӯзиш ва таҳқиқи Саразм нақш гузоштааст, маълумот медиҳад.
Дар якҷоягӣ бо Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Саразм аллакай се филми телевизионӣ таҳия гардида, ҳоло ду филми дигар наворбардорӣ шуда истодаанд. Бо «Тоҷикфилм» филми мустанад дар бораи Саразм омода мешавад, ки аз қисматҳои алоҳида – «Саразм ҳамчун нахустшаҳр», «Саразм ҳамчун маркази ҳунармандию кишоварзӣ» иборат мебошад.
Озмуни нигораҳои Саразм низ эълон карда мешавад. Тибқи шартҳои озмун бояд ангорае сохта шавад, ки дар он нишонаҳои Саразм аз таърихи қадим то имрӯз ва бозёфтҳои Саразмро дар худ таҷассум карда тавонад.
АМИТ «Ховар»: Баробари корҳои илмию тадқиқотӣ ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ ва сохтмонӣ дар кадом сатҳ қарор доранд?
Насрулло Убайдулло: Дар айни ҳол бунёди роҳе, ки аз шоҳроҳи асосӣ ба ҷониби Саразм мегузарад, ва сохтмони бинои осорхонаи замонавии сеошёна дар ҳудуди мамнуъгоҳи Саразм идома доранд. Ҳоло панҷ ҳафриёт рӯйпӯш аст ва то ҷашн дар назар дорем, ки се ҳафриёти дигар низ рӯйпӯш шаванд. Бунёди меҳмонхонаи муосир бо тарзи меъмории шарқӣ, деворпанҷараву дарвозаи мамнунгоҳ бо ороиши нақшу нигоре, ки аз худи Саразм пайдо карда шудааст ва чанд бинои иловагии дигар низ дар назар аст.
Ду тарафи роҳ аз даромадгоҳ то дарвоза гулкорӣ шуда, дӯкончаҳои ҳунармандӣ, қабулгоҳ, ҷойи чойнушӣ ва дамгирӣ сохта мешавад. Инчунин, дар назар аст, ки аз даромадгоҳ то дарвоза бо мошинҳои барқӣ ё фойтуну ароба ҳаракат сурат гирад. Баъди даромадан ба дарвоза хатсайри муайян аст, ки дар тӯли он дар бораи ҳафриёт лавҳаҳои маълумот гузошта мешаванд.
Ғайр аз ин, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ният дорад, ки дар шафати ёдгории Саразм ангораи хурди шаҳрро созад, то тамошобинон дар бораи ин шаҳри бостонӣ дафъатан маълумот пайдо намоянд. Дар маҷмӯъ, корҳои сохтмонию созандагӣ тибқи нақша бо маром ҷараён доранд ва мо бо боварӣ гуфта метавонем, ки ин ҷашн дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад.
Ҷашни 5500-солагии Саразм, ки бо пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2020 дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷлил карда мешавад, мояи худшиносӣ ва меҳанпарастии тоҷикон хоҳад гашт. Зеро дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ Президенти Тоҷикистон таҷлили 5500-солагии шаҳри қадимаи Саразмро қарзи сокинони мамлакат дар назди таърих ва наслҳои оянда арзёбӣ намуданд.
Тавре Сарвари давлат иброз намуданд, ин ҷашн имкон медиҳад, ки мо маданияти беш аз 5500-солаи аз ҷониби доираҳои илмии ҷаҳон эътирофшудаи худро ба ҷаҳониён ба таври шоиста муаррифӣ намоем. Аз ин лиҳоз моро зарур аст, ки ёдгориҳои таърихии худро ҳифз кунем, обод гардонем ва ба онҳо ҳамчун ҷузъи таркибии сарнавишти миллати куҳанбунёдамон муносибат намоем.
Ёдовар мешавем, ки ёдгории қадимаи Саразм дар километри 15-уми самти ғарбии шаҳри Панҷакент ҷойгир буда, ин шаҳрак дар зарфи беш аз ҳазор сол ва бахусус дар давраҳои энеолити замони дер ва асри биринҷии замони барвақт рушд ёфта, дар худ робитаҳои гуногуни фарҳангӣ ва муносибатҳои мардуми тоҷикро таҷассум карда, ёдгории беназир ҳисобида шудааст.
Мавҷуда АНВАРӢ,
АМИТ «Ховар»
Назари худро нависед