JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс

Саразм – хазинаи тиллоӣ ва ифтихори миллати тоҷик

Дараҷа: Мақола

 Андешаҳои устодони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дар робита ба ҷашнии 5500-солагии шаҳри бостонӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 19 марти соли 2018 дар мулоқот бо зиёиёни мамлакат пешниҳод намуданд, ки соли 2020-ум 5500-солагии Саразми бостонӣ ҳамчун маркази ташаккули маданияти кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон ҷашн гирифта шавад.  

  Бино ба таъкиди Сарвари давлат, сарчашмаҳои таърихӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки бозёфтҳои маданияти қадимаи халқи тоҷик ба ҳазорсолаи чоруми то мелод мансуб буда, аввалин шаҳрҳову нахустин давлатҳои таърихии мо дар ҳамин сарзамин ба вуҷуд омадаанд, ки намунаи беҳтаринашон шаҳраки қадимаи Саразм мебошад.

  Дар ин бора дар зер мулоҳизаҳои устодони Донишгоҳи давлатии Хуҷандро мутолиа намоед.

  Боиси ифтихор аст, ки дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифзу нигоҳдории ёдгориҳои таърихии миллатро ҳамчун ҷузъи таркибии сарнавишти миллати куҳанбунёд арзёбӣ намуда, онро қарзи ҳар як тоҷик дар назди таърих ва наслҳои оянда донистанд.

  Пас аз Истиқлолияти давлатӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ таваҷҷўҳи хоса зоҳир намуда қайд менамоянд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ яке аз вазифаҳои асосии ҳар як давлат-ҳифзи асолати миллӣ, забон, фарҳанг аз ҷумла ёдгории таърихӣ мебошад ва ин мўҳтаво дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ муқаррар шудааст.

  Маҳз бо ҳамин сабаб, Саразм, ки яке аз нахустин ёдгориҳои давраи ориёӣ ва намунаи беҳамтои ин тамаддун дар Суғд мебошад, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №391 аз 21 сентябри соли 2000 ҳамчун маркази ташаккулёбии фарҳанги кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон мамнўъгоҳи таърихӣ-бостоншиносӣ эълон гардид. Баъдан бо дастгирӣ ва супориши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи солҳои 2004-2008 5 иншооти ёдгорӣ бо маблағи 1,3 млн сомонӣ болопўш ва атрофи он бо панҷарадевор иҳота карда шуд ва ҳангоми ташрифи худ ба Саразми бостонӣ солҳои 2003 ва 2005, ба ин шаҳри қадима чунин баҳо доданд: «Саразм-хазинаи тиллоии таърихи халқи тоҷик мебошад».

  Ин иқдоми нек ва хирадмандонаи Пешвои миллат ҳар яки моро водор менамояд, ки аз тамаддуне, ки ҳануз дар ҳазорсолаи IV-III қабл аз мелод саразмиёни бостон ба мо тоҷикон мерос гузоштаанд, баҳрабардорӣ намуда, дар ҳазорсолаи III мелодӣ аз пайи боло бурдани эътибору нуфузи иқтисодию фарҳангии Тоҷикистон дар миқёси ҷаҳон бошем.    

  Аҳамияти муҳими Саразмро ба назар гирифта Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2020-ро соли ҷашнгирии Саразми бостонӣ ҳамчун маркази ташаккули тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон эълон намуданд, ки ин боз як нишонаи бузурги арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихии миллати тоҷик мебошад.

  Мамнӯъгоҳи таърихиву бостоншиносии Саразм ганҷинаи миллии мероси халқи тоҷик мебошад. 31-июли соли 2010 ёдгории Саразм дар сессияи 34-уми ЮНЕСКО, ки дар Бразилия баргузор гардид, ба феҳристи Мероси фарҳанги умумибашарӣ шомил шуд.

  Пешвои муаззами миллат доимо таъкид медоранд, ки дар замони ҷаҳонишавӣ он миллате ҳувияти хешро поянда нигоҳ дошта метавонад, ки афроди он дар рӯҳияи худшиносиву меҳанпарастӣ тарбия ёфта, дар ҳифзи арзишҳои миллӣ саҳмгузор бошанд ва ба осори ниёгони худ арҷ гузоранд.

  Пажӯҳишҳои бостоншиносӣ аз бисёр ҷиҳат тасаввуроти маъмулиро оид ба марҳилаҳои қадимтарини таърихи халқи тоҷик дигаргунӣ бахшиданд. Дар соли 1976, замоне, ки А. Тайлонов табарчаи мисинро ёфта, ба Осорхонаи таърихии шаҳри Панҷакент супорид, масъалаи мавҷудияти марҳилаҳои ибтидоӣ дар таърихи халқи тоҷик танҳо фарзаи баррасӣ мешуд. Имрӯз аз дидгоҳи баланди кашфиётҳои бостоншиносӣ сухан доир ба марҳилаи қадимтарини ташаккули тамаддунҳои таърихӣ марҳилае меравад, ки ҷабҳаҳои гуногуни фаъолияти аҳолии ин маркази бузургро дар давраи ташаккулёбии тамаддуни нахустшаҳрӣ дар миёнаи ҳазорсолаи IV-охири ҳазорсолаи III то мелод нишон медиҳад.

  Ёдгории бостоншиносии Саразм намунаи фаъолияти муштараки экспедитсияҳои байналмилалӣ бо мактабҳои мухталифи бостоншиносии ҷаҳон буд, ки метавонад ҳама методологияҳои пажӯҳиши фарҳангҳои ҳамзамони мамолики ҳамҷавори Тоҷикистонро ҷалб созад. Дар замони Истиқлолият ҳафриётҳои бостоншиносӣ дар мавзеи Саразм боз ҳам вусъат ёфт.

  Аз соли 1984 то имрӯз бо навбат Экспедитсияҳои гуногунсоҳа тадқиқот мебаранд. Аз соли 1984 то соли 1997 экспедитсияи Тоҷикистону Фаронса дар ҳайати А. И. Исҳоқов, М. Исоқова, А.Т. Пликова, У. Эшонқулов, А.Р. Раззоқов, С. Бобомуллоев, Г.Р. Каримова, Ш.Ф. Қурбонов (Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ ба номи Аҳмади Дониш Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва А.Т. Франкфорт, Р. Безенвол, Б. Лионли, Ҷ. Вилкос, М. Казанова, Сиброн Фобиан, Ҷан Десс (Маркази миллии тадқиқоти илмии Фаронса) корҳои асосиро оид ба муайянсозии ҳудудҳои бошишгоҳи, қабати маданӣ, санъати меъморӣ, намудҳои истеҳсолот, таомулҳои дафнкунӣ, банизомдарории зарфҳои сафолӣ, обёрӣ ва ғайра анҷом доданд.

  Дар ҳудуди ёдгорӣ 12 хандақи санҷишӣ ковиш гардида, 13 ҳафриёт гузаронида шудааст, ки 55%-и замини ишғолкардаи ин маркази нахустшаҳриро ташкил медиҳад.

  Соли 1985 олимони Осорхонаи қиёфашиносӣ ва мардумшиносии Донишгоҳи Гарварди Амрико Ф. Колва, К.К. Ламберг-Карловский низ дар Саразм корҳои тадқиқотӣ гузаронидаанд.

  Пажӯҳишҳои муштараки намояндагони бостоншиносии Руссия, Фаронса, Амрико, Италия ва бостоншиносони Тоҷикистон дар тадқиқи мероси қадимтарини ҳалқи тоҷик ҳиссаи бузург мегузоранд.

  Ковишҳои бостоншиносӣ, ки аз оғози солҳои 40-и асри ХХ инҷониб дар болооби Зарафшон сурат гирифтаанд, шумораи зиёди ёдгориҳоеро ошкор сохтаанд, ки бостоншиносон ба ибтидои асри миёна, замони антиқа ва ягон ягон ба давраи биринҷӣ тааллуқ дорад.

  “Бо таърихи гузаштаи халқи худ, бо шахсиятҳои бузурги аҷдодон фахр кардан хуб аст, аммо донистани таърихи гузаштаи Ватан, зинда кардани номи одамони бузург вазифаи ҳар яки мост” қайд кардаанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

  Воқеан омӯхтани таърихи халқи тоҷик дар тарбияи ватандӯстию ватандорӣ, инсондӯстӣ, ҷаҳоншиносӣ, худогоҳию худшиносии миллӣ, ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, ифтихори миллӣ ва арҷгузорӣ ба анъанаҳои неки аҷдодон барои баланд бардоштани сатҳи мадании ҷомеа нақши ниҳоят муассир дорад.

  Саразм яке аз нахустин ёдгориҳои давраи ориёӣ, намунаи беҳамтои ин тамаддун дар Суғд мебошад. Агар мо имрӯз бо бурҳону далелҳои бебаҳо деҳшаҳри Саразмро гаҳвораи тамаддуни Моваруннаҳри бузург шуморем, пас аҷдодони мо суғдиён бувосита гаҳвораҷунбони таъриху фарҳанги ин сарзамин мебошанд. Ин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба осори номбурдаи аҳди қадим таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд ва бо пуштибонӣ аз он фармони махсусро дар бораи мамнӯъгоҳи таърихӣ эълон шудани Саразм ба имзо расониданд. Барои бунёди ин мамнӯъгоҳ бо супориши роҳбари давлатамон 1,3 млн сомонӣ маблағ ҷудо карда шуд.

  Зиёда аз 50 сол аст,ки дастаи бостоншиносон осорҳои маданияти моддӣ ва маънавии ниёгонамон – суғдиёнро аз харобаҳои Панҷакенти Қадим ҷустуҷӯ доранд. Деворнигораҳои пурмазмун, муҷассамаҳо, кандакориҳои нафиси рӯи чӯбҳо, олотҳои фарҳангу рӯзгори суғдиёни Панҷакент, имрӯз шоҳиди барҷастаи гузаштагонам мебошад. Саҳнаҳои набард, муҳофизати кӯшку қалъаҳо, базму бозиҳои ҳамдиёронамон, ки дар рӯи деворҳои қасру толорҳои Панҷакенти Қадим наққошӣ шуданд ифодакунандаи ғаму шодии халқамон ба шумор мераванд.

  Таърихи ҷамъияти инсоният бисёр шахсиятҳои барҷастаро тарбия намудааст. Ҳар яки онҳо бо ин ё он меҳнати шуҷоатнок, бо татқиқотҳо ва кашфиётҳои нодири худ машҳур гардидаанд. Ҳаёти ҳар як шахс ин таърих аст, лекин  ҳаёти олимони барҷаста ин намуна ва сарвати маънавӣ ба ҳисоб меравад.

  Дар таърих номи профессор Абдуллоҷон Исҳоқов  ҳамчун нахусткашшофи Саразми Бостонӣ маълум аст.  Новобаста аз он, ки ҳаёти начандон дуру дароз дидааст, аммо он пур аз рангорангӣ ва сарватҳои маънавӣ буд. Дар шахсияти ин фарзанди фарзонаи миллат мо меҳр ба Ватан ва халқи худро мушоҳида мекунем, зеро маҳз ҳамин меҳру муҳаббат буд, ки ба ӯ муяссар гардид таърихи кишвари худро ба арсаи ҷаҳонӣ ошно гардонад. Фаъолияти илмии Абдуллоҷон Исҳоқов саҳифаи навро дар таърихи тоҷикон кушодааст. Ин шахсияти накӯном умри гаронбаҳои худро барои эҳёи миллати тоҷик сарф намуда ва маҳз ба шарофати ӯ Деваштичу Спитамен ва алифбои суғдиёни мову гузаштагои 5500 солагии ниёгонамон ба саҳифаҳои таърих дарҷ шуд.

  Тавассути хидмати бебаҳои А. Исҳоков Панҷакенти бостонӣ шӯҳрати ҷаҳонӣ гирифт ва ба шарофати ӯ Саразми тоҷикон бо табари биринҷии худ пуле гардид, ки соҳили Шарқро бо Амрикову Фаронса пайваст.

  Абдуллоҷон Исҳоқов инсони ватанпарвар меҳнаткаши асили илми бостоншиносии тоҷик буд, ки бевосита корҳои зиёдеро ба анҷом расонд. Шаҳраки Саразмро тирамоҳи соли 1976 сокини маҳалли Ашӯралӣ Тайлонов, ки якчанд ашёи қадимаро ҷамъ оварда, ба осорхонаи ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакии шаҳри Панҷакент супорид, кашф намуд. Ба маконе, ки бозёфтҳо кашф ва ошкор гардидаанд бостоншинос А.Исҳоқов роҳ пеш гирифт. Дар натиҷаи пажӯҳиши мунтазам маълум шуд, ки аз неолити миёна шурӯъ карда дар ин ҳудуд бошишгоҳи қадимӣ-кишоварзии нахустшаҳрӣ вуҷуд дошт. Ин ёдгорӣ дар сарҳади маҷрои болоӣ ва миёнаи рӯди Зарафшон, 15 киллометр Ғарбтар аз шаҳри Панҷакент ва 45 киллометр Шарқтар аз шаҳри Самарқанд воқеъ аст.

 Тӯли фаъолияти худ А. Исҳоқов дар бисёр конфронсҳои байналмилалӣ иштирок намуда бо далелу санадҳои раднопазир собит намудааст, ки Панҷакент маркази тамаддуни кишоварзӣ, тиҷорат, фарҳанг ва шаҳрсозии Мовароуннаҳр аст. Умдатарин хулосаи ковишҳо ва тадқиқотҳои А. Исҳоков буд, ки соли 1995 бостоншиносон аз давлатҳои узви созмони байналмилалӣ омада, даъвои Исҳоқовро дар ин бора, ки кишоварзӣ ва шаҳрсозии Панҷакент таърихи 5500 сола дорад, ҷонибдорӣ намуданд. Ин бузургтарин дастовард дар илми бостоншиносии тоҷик, волотарин баҳо ба мақом ва тамаддуни қадими Панҷакент аст.

  Тадқиқоти илмӣ бостоншиносии ёдгории Саразм аз соли 1976 то соли 1997 таҳти роҳбарии нахустмуҳаққиқи он А.Исҳоқов сурат гирифтааст. Аз соли 1997 то имрӯз корҳои тадқиқоти илмӣ таҳти роҳбарии бостоншинос, номзади илмҳои таърих яке аз шогирдони ӯ А.Раззоқов идома дорад.

  Хулоса, кашфи Саразм дар шаҳри Панҷакент яке аз дастовардҳои маъмули даҳсолаҳои охири асри XX дар илми бостоншиносии тоҷик ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин далелҳо моро водор менамоянд гӯем, ки  Панҷакенти кӯчаки баъзан дар харитаи олам номаш ҷой надошта, аз ҷиҳати мавқеи таърихӣ аз як зумра марказҳои давлатҳо ва вилоятҳо бо чунин ёдгории беназираш мавқеи баландро соҳиб гардидааст. Бо ибораи бостоншиносон ёдгориҳои музофоти Панҷакент бо баррасиҳои худ энсиклопедияи бостоншиносии Осиёи Марказӣ мебошад.

 

Иброҳим ҶАББОРОВ,
номзади илмҳои таърих,
дотсент, декани факултети
таърих ва ҳуқуқи ДДХ ба
номи академик Бобоҷон Ғафуров

Г.  ШАРИФМУРОДОВА,
унвонҷўй

Бознашр: http://khovar.tj/2019/06/sarazm-hazinai-tillo-va-iftihori-millati-to-ik-andesha-oi-ustodoni-donishgo-i-davlatii-hu-and-dar-robita-ba-ashnii-5500-solagii-sha-ri-boston1/ 

Дар бораи мавод назари худро нависед

Назари худро нависед

Маҷаллаҳо

Осиё ва Аврупо - маҷаллаи илмӣ
Маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» нашрияи
Илм ва Ҷомеа-маҷаллаи академии илмию оммавӣ
Ахбори АМИТ (маҷаллаи илмӣ)
АХБОРИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ
ПАЁМИ ТИББИИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
Илм ва Ҷомеа-маҷаллаи академии илмию оммавӣ
Санъатшиносӣ-Маҷаллаи илмӣ-назариявӣ
Маҷаллаи илмӣ-назариявии «Санъатшиносӣ»
Иқтисодиёти Тоҷикистон (маҷаллаи илмӣ)
ISSN2310-3957
ИҚТИСОДИЁТИ ТОҶИКИСТОН
ЭКОНОМИКА ТАДЖИКИСТАНА
Дар
Илм ва Ҷомеа-маҷаллаи академии илмию оммавӣ
МУАРРИХ (маҷаллаи илмӣ-назариявӣ)
Маҷаллаи илмӣ-назариявии «Муаррих»
Илм ва Ҷомеа-маҷаллаи академии илмию оммавӣ №1-2(9-10) 2017
Суханшиносӣ (маҷаллаи илмӣ № 1,2,3  2017)
Маҷаллаи «Суханшиносӣ» нашрияи
Суханшиносӣ (маҷаллаи илмӣ №3, 2016)
Маҷаллаи «Суханшиносӣ» нашрияи
Илм ва Ҷомеа-маҷаллаи академии илмию оммавӣ №3-4 (7-8) 2017
Илм ва Ҷомеа-маҷаллаи академии илмию оммавӣ №2 (6) 2017
Илм ва Ҷомеа-маҷаллаи академии илмию оммавӣ №1 (5) 2017
Ахбор - Известия
Илм ва Ҷомеа-маҷаллаи академии илмию оммавӣ №3-4 (2016)
Илм ва Ҷомеа-маҷаллаи академии илмию оммавӣ №1-2 (2015-2016)
Суханшиносӣ (маҷаллаи илмӣ №2, 2016)
Маҷаллаи «Суханшиносӣ» нашрияи
Суханшиносӣ (маҷаллаи илмӣ №1, 2016)
Маҷаллаи «Суханшиносӣ» нашрияи
Previous Next Play Pause

Илм-фурӯғи маърифат

Барномаи омодагӣ ба Озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат”
matematika-baroi-muassisa-oi-ta-siloti-mijonai-umum
Адабиётҳои тавсияшаванда аз фанни математика барои Муассисаҳои таҳсилоти олӣ
Адабиётҳои тавсияшаванда аз фанни
Физика
Адабиётҳои тавсияшаванда аз фанни
Химия
Адабиётҳои тавсияшаванда аз фанни
Роҳнамои дарёфти номгӯиҳои географӣ...
АЗИЗОВ Н. Ҳ., АЗИЗОВА С. Ҳ. Роҳнамои
Картография бо асосҳои топография
Сабуриён М.М., Холов Ҳ.Ҳ. Картография
Захираҳои туристӣ: ёдгориҳои фарҳангӣ-таърихӣ ва табиӣ
Памир: ресурсный потенциал и перспективы развития экономики
Глятсиология
Мӯсоев З.М., Қаландаров А.А., Наимов
Ганҷинаи табиати Тоҷикистон
Муҳаббатов Х. Ганҷинаи табиати
Об - манбаи ҳаёт
Муҳаббатов Холназар. Об - манбаи
Об ҳаёт аст
Ҳамдам Оҷилов., Ҳусейн Аброров. Об
Об, илм ва рушди устувор
Раҳимӣ Ф., Муҳаббатов Х., Ниёзов
Асосҳои биогеография
Рауфов Р.Н., Азизов Н.Ҳ.,Наврӯзов
Асосҳои геология
Сабуриён Мирзосафари Мирзо. Асосҳои
Кишварҳои ҷаҳон дар рақамҳо
Сабуриён М. М., Қосимов Н.Н. Холов
Таърихи кашфиёти географӣ
Дар китоби дарсӣ маълумотҳо оид
Previous Next Play Pause