JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс

Ҳикмати сад аср дар хоки Саразм

Дараҷа: Мақола

  Ин айвонҳои бузург таваҷҷӯҳи  ҳар нафареро,  ки  аз  ҷониби  Самарқанд  ба  Панҷакент  ворид  мешавад,  ҷалб  мекунад.  Ин  ҷо  Саразм  аст,  ки  бо  бозёфтҳои  беназири  худ  мавриди таваҷҷӯҳи машҳуртарин марказҳои  бостоншиносии  ҷаҳонӣ  қарор гирифтааст.  Он  дар  сарҳади  паҳно  ва  кӯҳсори  водии  Зарафшон,  15 километр ғарби  Панҷакент ва 45 километр шарқи  Самарқанд ҷойгир мебошад.
Бозёфти  ин   ёдгории  беназири  5500 – сола  ба номи сокини  деҳаи Авазалии  Ҷамоати  деҳоти  Чимқӯрғон (ҳоло  Саразм) Ашӯралӣ  Тайлонов  марбут аст. Соли  1976 ӯ  аз  паҳнои  назди  деҳа   табареро пайдо  кард ва   баъди чанде онро   ба  бостоншинос,  равоншод  Абдуллоҷон  Исҳоқов, ки  он  замон  дар  Панҷакенти  қадим  ҳафриёт мегузаронид,  супурд.  Ва ин  табари  биринҷӣ   саҳфаи тозае кушод дар илми  бостоншиносии шӯравӣ  ва  баъдан  ҷаҳонӣ.  
  Тавре мудири пойгоҳи бостоншиносии Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва   мардумшиносии ба номи   Аҳмади Дониши  Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, номзади илми  таърих Абдурауф Раззоқов  мегӯяд,  ҳаёти   маданӣ дар Саразм   ҳанӯз  аз  миёнаи  ҳазораи  чоруми то милод  оғоз  гардида, беш аз ҳазор сол  идома  ёфта,   баъдан  бо  сабабҳои  гуногун  рӯ  ба  таназзул  ниҳодааст. Бозёфтҳои  археологӣ  шаҳодат  бар ин  медиҳанд,  ки  саразмиён  охири    ҳазораи  сеюми   қабл  аз милод ба ду   самт  -  ба ғарб,  ки  баъдан он ҷо шаҳрҳои  бузурге чун   Самарқанду Бухоро зуҳур  кардаанд ва  шарқ- ҷониби  саргаҳи Зарафшон, рӯ  овардаанд.
Солҳои  аввали  омӯзиши  Саразм  ақидае  роиҷ  буд, ки  он  аз  деҳаҳои  ҷудогонаи аз ҳам  начандон  дур  иборат аст. Баъди  таҳқиқоти  солҳои охир  муайян гардид, ки   Саразм як мавзеи  аҳолинишини  воҳидро  ташкил  дода,  масоҳаташ беш аз  100    гектар будааст ва  он ҷо  зиёда аз 8 ҳазор нафар   сукунат доштаанд..
  Дар   шаҳраки Саразм биноҳои истиқоматӣ бештар дар  самти шимолу ғарбӣ ва   биноҳои маъмурӣ  дар    тарафи  ҷанубу  шарқӣ  ҷой  гирифта,  растаҳои   ҳунармандон  дар   шафати  биноҳои   маъмурӣ  воқеъ  будаанд. Ҳафриёт собит   намуд, ки   тарҳи  биноҳои  маъмурӣ  ва   истиқоматӣ аз ҳам  ҷиддан   тафовут  доранд.  Агар  биноҳои   маъмурӣ аз   якчанд  толори   барҳаво,   даҳлезҳо,  тирезаҳои   калон  иборат  ва болои   таҳкурсиҳои   хишти хом  бунёд  шудаанд, биноҳои  истиқоматӣ  аз  се  - чаҳор  ҳуҷраҳои   майда,  саҳни  ҳавлӣ,  анбору  хамбаҳо  иборатанд.
Ҳамчунин  дар  Саразм  якчанд  ибодатгоҳ  низ  пайдо  шуданд,  ки  аз   ойину мазҳаби  сокинони  он  шаҳодат  медиҳанд. - Дар   маркази   фарши  толори  ибодатхонаҳо оташдонҳои  чоркунҷа ва   доирашакл,  ки дар   марказашон чуқурии  начандон  амиқ  барои   барафрӯхтани оташ  мавҷуд аст,  ёфт  шуданд. Яъне  ҳанӯз  аз  охири  ҳазораи чоруми  қабл  аз  милод  дар  биноҳои   маъмурии  саразмиён  нишонаҳои  парастиш  ва  бузургдошти  оташро  мебинем,  ки  баъдан  яке  аз  рукнҳои асосии  ойинҳои  меҳрпарастӣ  ва  зардуштӣ  гашт,-  шарҳ  медиҳад  бостоншинос  Абдурауф  Раззоқов.
Таҳқиқоти  Саразм  бар  хилофи  ақидаи  бархе  аз  бостоншиносон  собит  намуд,  ки  заминаи  пайдоиши  аввалин  шаҳрҳо  ҳанӯз аз  ибтидои  аҳди  биринҷӣ  оғоз  меёбад.  Муҳаққиқон  ба он ақидаанд, ки  шаҳраки Саразм ҳамсинни ёдгориҳои  охири  ҳазораи  чорум  ва  ибтидои  ҳазораи   сеюм  чун  Намозгоҳтеппаи  Туркманистони  Ҷанубӣ, Мундикати  Афғонистон,  Яҳётеппаю  Шаҳрӣ  ва дигар   ёдгориҳои  бостонии Эрон, Меҳанҷодорони Ҳиндустон  будааст ва  бо  онҳо   равобити  гуногун  ҳам  доштааст.
  Бозёфтҳои Саразм баёнгари он  ҳастанд, ки маҳз гузаштагони мо ба   пайдоиши шаҳрсозию меъморӣ,  ҳунармандӣ, кишоварзӣ  замина  гузоштаанд.
-Биноҳои монументалӣ, кӯчаҳои  сангфаршшуда, нобаробарии молу  мулкӣ,  ба  табақаҳои  гуногуни иҷтимоӣ  ҷудошавии  ҷомеа, ба  соҳаҳо   тақсимшавии  меҳнат чун кишоварзӣ, чорводорӣ, кулолгарӣ,  маъданҷӯиву  маъдангудозӣ,  заршӯию  заргарӣ,  бофандагӣ,  чармгарӣ,  коркарди  чӯб,  сангтарошӣ, ки  дар Саразм ба  мушоҳида мерасанд, аз рукнҳои  хоси  маданияти  шаҳрдорӣ  ва  шаҳрсозии  осиёӣ  мебошанд, - таъкид менамояд Абдурауф  Разоқов.
 Саразмиён бо  манотиқи атрофу акноф робитаи тиҷоратию фарҳангӣ низ  доштанд. Баъдан  Суғдзамин ба яке аз  марказҳои «Роҳи  Абрешим» табдил  ёфт, ки нумӯи он аз Саразми Панҷакент сарчашма мегирад.  Пайдо гардидани  лоҷуварди  Бадахшон, ақиқи Қайроққум, фирӯзаи   Хоразму  Фарғона,  зарфҳои  мунаққаши  хоси Балуҷистону  Сиистони  Афғонистон дар ҳафриёти Саразм ба ин гувоҳанд.      
- Ёдгории  Саразм  ҳамчун   пойгоҳи  омезиш  ва   такомули чандин  маданияти  ақвоми  ҳинду аврупоӣ  ба назар мерасад,-  ҳамин тавр  баҳо  додаанд   муҳаққиқон.  
  Маҳз  ҳамин  махсусияти  Саразм  дар  байни  ёдгориҳои   аҳди  қадими  кишоварзии  Шарқи  Миёна  боиси  таваҷҷӯҳи  бостоншиносони  мамолики  гуногун  гардид  ва  онҳо  аз  солҳои  ҳаштодуми  асри  гузашта то кунун  дар таҳқиқи  он  иштирок  менамоянд.  Дар заминаи  бозёфтҳои  Саразм  чандин  конфронсҳои  илмӣ  дар  дохил  ва хориҷи  мамлакат  баргузор  шуданд.  Ҳанӯз  соли  1982  дар  ҳамоиши  илмии   байналмилалии  Шӯравию  Фаронса дар мавзӯи   «Маданияти  қадимии  Бохтар»,  ки  дар Душанбе  доир  шуда буд, маърӯзаи аввалин муҳаққиқ  ва  кашшофи Саразм    Абдуллоҷон  Исҳоқӣ  дар  мавзӯи  «Омӯзиши  ёдгории  аҳди  қадими   кишоварзии  Саразм  дар   водии  Зарафшон»  мавриди  таваҷҷӯҳи  хосаи  бостоншиносони  ватанию  хориҷӣ  қарор  гирифт.  Маҳз  дар  ҳамин  конфронс  бостоншиноси  машҳури  Фаронса  Жан Клод Горден  хоҳиши  иштирок  дар  омӯзиши   Саразмро  баён дошт  ва бо  пуштибонии  президенти  Академияи  илмҳои ҷумҳурӣ, зиндаёд Муҳаммад Осимӣ  аввалин  экспедитсияи  бостоншиносии  Тоҷикистону  Фаронса  ба  таҳқиқи  Саразм  шурӯъ  намуд. Минбаъд ин ҷо   бостоншиносони  машҳури  Фаронса,  Иёлоти Муттаҳидаи  Амрико, Русия,  Италия, Олмон, Ӯзбекистон  таҳқиқоти  пурарзишро  анҷом   доданд ва  натиҷаи  омӯзиши   муҳаққиқони  ватанию  хориҷӣ  дар  якчанд ҳамоишҳои байналмилалии  илмӣ дар  Душанбе, Панҷакент, Амрико, Фаронса, Русия,  Туркманистон,  Италия, Эрон, Африқо баррасӣ  гардида,  дар   ин  замина  рисолаҳои  зиёди  илмӣ низ  таълиф шудаанд.  Аз ҷумла дар  ҳамоиши  илмии   байналмилалие, ки  соли  1994 дар  Панҷакент  доир  гашт,  олимони  варзидаи ватанӣ ва хориҷӣ  ба  хулоса омаданд,  ки ин  ёдгории бостонӣ  таърихи  беш аз  5500 - сола дорад. Инро  бозёфтҳо  ва   таҳқиқоти  баъдинаи  Саразм  низ  собит  намуданд. Хуллас,  Саразм бо  бозёфтҳои   нодир, бо  таваҷҷӯҳи  хосаи    бостоншиносии  ҷаҳонӣ  дар байни   ёдгориҳои аҳди  қадим   ҷойгоҳи хосаи  худро  соҳиб  гаштааст ва ҳамасола  мавриди   назари  олимон ва сайёҳон  қарор мегирад.
  Баъди  ба  истиқлол  расидани  Тоҷикистон  таваҷҷӯҳ ба  ҳифзи  ёдгориҳои таърихӣ, аз ҷумла  Саразм, бештар гашт. Сарвари  давлат дар   ҳар  сафари худ ба Панҷакент аз Саразм боздид  ба амал меорад. Натиҷаи ҳамин  таваҷҷӯҳ аст, ки  21 сентябри  соли 2000 бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ Саразм  ҳамчун маркази  ташаккули  маданияти  кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва  шаҳрсозии тоҷикон мамнӯъгоҳи таърихию  бостоншиносӣ эълон  гардид. Баъдан бо  маблағгузории Ҳукумати кишвар болои  панҷ мавзеи ҳафриётшуда  ва  минбаъд таҳқиқшавандаи Саразм айвонҳои бузург  сохта,  ҳудуди  ёдгорӣ  панҷарабандӣ  гардид.
ЮНЕСКО ҳамаи  маводро  оид  ба ёдгории Саразм  баррасӣ намудааст ва  умедворем, ки он ба рӯйхати  Мероси фарҳангии умумибашарии  ҷаҳонӣ  ворид  мегардад.  
  Ҳоло  бошад  тибқи  қарордоди  Пажӯҳишгоҳи  таърих,  бостоншиносӣ  ва   мардумшиносии Академияи илмҳои ҷумҳурӣ ба хотири таҳқиқи минбаъдаи   ёдгории  Саразм  бо  марказҳои   машҳури бостоншиносӣ чун Донишгоҳи  Болоняи  Итолиё,  Донишгоҳи  Ҳарварди  ИМА,  Пажӯҳишгоҳи  таъмиру  тармими  Греноболи   Фаронса,  Мероси   умумибашарии  фарҳангии  ЮНЕСКО  ҳамкорӣ ба роҳ монда  шудааст.  Саразм  тоҷикону    Тоҷикистонро  ба  оламиён  бештару беҳтар  муаррифӣ  менамояд.
  Ба  ҷои  хулоса суханони чанде  аз   бостоншиносони  машҳурро  оид  ба  мақоми  ин ёдгории  беназир, ки  ҳанӯз  соли 1994  баён  карда  буданд, манзури   хонандагон  менамоям.
Вероника  Шиле - санъатшинос,  устоди  донишгоҳи  Сорбонна  (Фаронса):
-  Бозёфтҳои  Саразм, бахусус  ороишоти  занон,  ки  аз  қабристон  ёфт  шудаанд.  беназиранд.
Ю. Заднепровекий  -  бостоншинос (Русия):  
- Мо  Саразмро  бузургтарин  ёдгории  қадимаи  тоҷикон  меҳисобем…  Бо  ёфта  шудани  Саразм   саҳифаҳои ҳанӯз  номаълуми  таърихи  халқи  тоҷик боз  гардиданд.
Пол  Бернар -  бостоншинос (Фаронса): 
-  Ҳафриёт  ба таври раднопазир исбот  менамояд, ки  водии Зарафшон  маркази  бузурги фарҳангӣ  ва   тиҷоратии  Осиёи Миёна   мебошад.
А. Аскаров-  бостоншинос, узви  пайвастаи Академияи илмҳои  Ӯзбекистон:
-  Саразм  бузургтарин кашфиёти  аср  дар  соҳаи  археологияи  Осиёи  Марказӣ  мебошад.
Р. Мунчаев -  бостоншинос (Русия):
-  Ба  мо  муяссар  гардид,  ки  дар  симои  ҳафриёти  Саразм  ва   бозёфтҳои осори  маданияти  моддии он  маркази  нави  тамаддуни  қадими халқи тоҷикро бубинем.

Т.  СОЛЕҲЗОДА,  
"Ҷумҳурият"

Бознашр: http://jumhuriyat.tj/index.php?art_id=4505 

Дар бораи мавод назари худро нависед

Назари худро нависед

Маҷаллаҳо

Осиё ва Аврупо - маҷаллаи илмӣ
Маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» нашрияи
Илм ва Ҷомеа-маҷаллаи академии илмию оммавӣ
Ахбори АМИТ (маҷаллаи илмӣ)
АХБОРИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ
ПАЁМИ ТИББИИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
Илм ва Ҷомеа-маҷаллаи академии илмию оммавӣ
Санъатшиносӣ-Маҷаллаи илмӣ-назариявӣ
Маҷаллаи илмӣ-назариявии «Санъатшиносӣ»
Иқтисодиёти Тоҷикистон (маҷаллаи илмӣ)
ISSN2310-3957
ИҚТИСОДИЁТИ ТОҶИКИСТОН
ЭКОНОМИКА ТАДЖИКИСТАНА
Дар
Илм ва Ҷомеа-маҷаллаи академии илмию оммавӣ
МУАРРИХ (маҷаллаи илмӣ-назариявӣ)
Маҷаллаи илмӣ-назариявии «Муаррих»
Илм ва Ҷомеа-маҷаллаи академии илмию оммавӣ №1-2(9-10) 2017
Суханшиносӣ (маҷаллаи илмӣ № 1,2,3  2017)
Маҷаллаи «Суханшиносӣ» нашрияи
Суханшиносӣ (маҷаллаи илмӣ №3, 2016)
Маҷаллаи «Суханшиносӣ» нашрияи
Илм ва Ҷомеа-маҷаллаи академии илмию оммавӣ №3-4 (7-8) 2017
Илм ва Ҷомеа-маҷаллаи академии илмию оммавӣ №2 (6) 2017
Илм ва Ҷомеа-маҷаллаи академии илмию оммавӣ №1 (5) 2017
Ахбор - Известия
Илм ва Ҷомеа-маҷаллаи академии илмию оммавӣ №3-4 (2016)
Илм ва Ҷомеа-маҷаллаи академии илмию оммавӣ №1-2 (2015-2016)
Суханшиносӣ (маҷаллаи илмӣ №2, 2016)
Маҷаллаи «Суханшиносӣ» нашрияи
Суханшиносӣ (маҷаллаи илмӣ №1, 2016)
Маҷаллаи «Суханшиносӣ» нашрияи
Previous Next Play Pause

Илм-фурӯғи маърифат

Барномаи омодагӣ ба Озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат”
matematika-baroi-muassisa-oi-ta-siloti-mijonai-umum
Адабиётҳои тавсияшаванда аз фанни математика барои Муассисаҳои таҳсилоти олӣ
Адабиётҳои тавсияшаванда аз фанни
Физика
Адабиётҳои тавсияшаванда аз фанни
Химия
Адабиётҳои тавсияшаванда аз фанни
Роҳнамои дарёфти номгӯиҳои географӣ...
АЗИЗОВ Н. Ҳ., АЗИЗОВА С. Ҳ. Роҳнамои
Картография бо асосҳои топография
Сабуриён М.М., Холов Ҳ.Ҳ. Картография
Захираҳои туристӣ: ёдгориҳои фарҳангӣ-таърихӣ ва табиӣ
Памир: ресурсный потенциал и перспективы развития экономики
Глятсиология
Мӯсоев З.М., Қаландаров А.А., Наимов
Ганҷинаи табиати Тоҷикистон
Муҳаббатов Х. Ганҷинаи табиати
Об - манбаи ҳаёт
Муҳаббатов Холназар. Об - манбаи
Об ҳаёт аст
Ҳамдам Оҷилов., Ҳусейн Аброров. Об
Об, илм ва рушди устувор
Раҳимӣ Ф., Муҳаббатов Х., Ниёзов
Асосҳои биогеография
Рауфов Р.Н., Азизов Н.Ҳ.,Наврӯзов
Асосҳои геология
Сабуриён Мирзосафари Мирзо. Асосҳои
Кишварҳои ҷаҳон дар рақамҳо
Сабуриён М. М., Қосимов Н.Н. Холов
Таърихи кашфиёти географӣ
Дар китоби дарсӣ маълумотҳо оид
Previous Next Play Pause