Шарҳ: Муовини Сарвазири Федератсияи Русия Дмитрий Рогозин, бо ифтихори том дар твиттер навори видеоии роботро ҳангоми амалиёташ гузоштааст.
Тибқи аксарияти пешгӯиҳо, оламро саросар ҷанг фаро мегирад, аз ин рӯ месазад, ки сари ояндаи олам каме биандешем, махсусан сари он, ки олами мо умуман оянда дорад ё не.
Хеле роҳат ва баҷост, ки дар яке аз кишварҳои айни ҳол дар арсаи байналмилалӣ дар ҳолати ҷангҷӯӣ қарор дошта, Русия, роботҳои сарбозро пешниҳод кардааст.
Ҷумъаи гузашта, муовини сарвазир Дмитрий Рогозин, дар шабакаи твиттер навори видеоӣ дар бораи роботи F.E.D.O.R ва имкониятҳои барҷастаи он, ҷо кардааст. Тибқи видео, ин робот қодир аст, ки мисли ковбойи металликӣ, пойҳояшро дар замин паҳн карда шинад ва бо ҳар ду дастонаш тирандозӣ кунад. Зерматни он навор чунин мегӯяд: «Роботҳои сарбози рус, йигитҳое ҳастанд бо иродаи оҳанин”
На он қадар муштоқи дидори оҳанинашон ҳастам,махсусан агар косахонаи сари он додарон ҳам аз оҳан ҷур шуда бошанд. Тасаввур кунед, агар ҳангоми барномарезии ин дастёри оҳанин як бити барномааш нодуруст ҷур шуда бошаду, барномаи мушаххаскуниаш беҷо шавад, вассалом!!! Asta ла Vista бейби гӯён, он додар ба осонӣ маро аз по меафтонад-ку!
Чунин ба назар мерасад, ки ин ҳама роботсозиҳои Русия марҳилаи омодашавӣ ба ҳамла аст, масалан, ба кишвари ҳамсоя.
Аммо Рогозин, гӯё каҷфаҳмиҳои ояндаро пешгирӣ карда, дубора таъкид мекунад, ки ин роботҳо танҳо барои мақсадҳои неку сулҳпарварона истифода бурда мешаванд: «Мақсади мо на офаридани Терминатор аст, балки эҷод намудани зеҳни сунъӣ, ки дар соҳаву доираҳои гуногун аз он метавон истифода бурд.
Албатта, аз таҳти дил мехоҳам ба суханҳояш бовар кунам ва умуман аз маъноҳои дигари калимаи “доира” хавотир нашавам, чун доира метавонад доираи нуфуз бошад, ё Лаҳистон.
Вале муттаасифона, дар рагҳоям хуни лаҳистонӣ бениҳоят зиёд аст, то ки ман маънои охирони калимаи доираро фарз кунам.
Муаллиф: Крис Матижик
Сарчашма:https://www.cnet.com/news/russia-robot-warfare/
Тарҷумаи мақола аз забони англисӣ
Таҳмина Маҷидова
Назари худро нависед