Дар маркази ин саҳифа на лофу газофи шахсҳо, балки субботу манфиатҳои миллии Ватан қарор гирифтааст ва бояд ба ин нуқта иштибоҳ наравад. Аммо баррасии маҷмўи рафторҳое, ки имрўз дар ҷомеаи мо ҷой доранд, нишон медиҳанд, ки ҳоло на ҳамаи ширкатдорони раванди сиёсии кишвар, ширкатҳову ҳизбҳо ва сохторҳои давлативу ғайридавлатӣ оиди суботи устувории соҳаҳои маорифу илм, иҷтимоӣ ва сиёсӣ, ба хусус баланд бардоштани сатҳи иқтисодии кишвар меандешанд. Мавқеъ, дидгоҳ, пиндор ва бардоштҳо гоҳо то андозае яксў гаштаанд, ки ҳатто ба субот ва устувориву инкишофи ҷомеа халал мерасонанд.
Муҳимтарин чизе, ки бояд қобили назари мо шавад ва яке аз бахшҳои арзишманди таҷрибаи пешравии ҷомеа аст ин гузаштан ба фарҳанги техникист ва вобаста ба ин тайёр намудани мутахасисони ҷавони бофазлу бонерў ба ҳисоб меравад. Дар асри ХХI ҷомеаро раванди гузариш ба технологияи инноватсионӣ фаро гирифтааст, ки сатҳи иқтисоди миллӣ ва истиқлолияти тамоми дигар соҳаҳои ҳайётӣ ба ин сахт вобастагӣ доранд. Имрўз, пешрафти аксари соҳаҳои ҷамъияти инсонӣ на танҳо аз тарақиёти технолногияи инноватсионӣ вобаста аст, балки наметавонад бе он инкишоф ёбад, зеро таъминоти моддии аҳолии рўи заминро, ки рўз то рўз афзуда истодааст, таъмин менамояд. Аксари мамолики пешрафта, бешак, барои соҳиб шудан ба истиқлолияти комил маҳз аз ин тарзу воситаҳо истифода бурдаанд. Технологияи инноватсионӣ истеҳсоли хуб ва босифати маводҳои хўрокаву пўшока, доруҳо, масолеҳи сохтмонӣ, воситаҳои техникӣ (имрўзҳо фарогири ҳама самтҳои ҷомеа аст), навъҳои нави растанӣ ва дарахтони мевагӣ, зотҳои хуби чорво, таҷҳизоти электронӣ ва дигару дигарро таъмин намуда истодааст. Мафҳуми инноватсия дар бисёр соҳаҳо ба монанди иқтисодиёт, технология, сиёсат ва маориф, истифода бурда мешавад. Технологияи инноватсионӣ ин навъи технологияест, ки аз дастовардҳои навини илмӣ бархурдор буда, истифодабарии он дар истеҳсолот ва дигар соҳаҳо ҳамаҷониба муфид аст. Масалан, имрўзҳо ба технологияи инноватсиони руй оварда 50 килограмм семент истеҳсол намоем нисбат ба сементе, ки бо технологияи аз асри гузашта ба мо мерос монда истеҳсол мешавад, 1, 7 маротиб арзон аст, сифати хуб дорад ва суръати ситеҳсоли маҳсулот калон аст. Боз, дар навбати худ ба атмосфераи маҳал аз ҷиҳати экологӣ кам зарар мерасонад. Ин яке аз талаботҳои авалиндараҷаи илми нанотехнология ва физикаву техникии муосир, яъне сарфи ками энергияи ва дар навбати худ бо сифат ба даст овардани маҳсулот, камтар намудани зараррасонӣ ба муҳити атроф ва босуръати калон истеҳсол намудани маҳсулот аст. Якчанд маълумотҳоро дар бораи дастовардҳои яке аз самтҳои технологияи инноватсионии навин рўи варақ овардем. Соли 1985 як намуди аллотропии элементи карбон, фуллерен – С60 аз тарафи се олими амрикоӣ ва ду нафар донишҷў ихтироъ гардид[1]. То ҳол дар чанд инситутҳои бузурги дунё олимон ба омўзиши хосиятҳои он ва ба ҷустуҷўи роҳҳои татбиқи амалии он дар техникаву истеҳсолот машғуланд. Ҳоло аз фуллерен аккумуляторҳои батареӣ, ки аз аккумуляторҳои муқарарӣ 5 – маротиба энергияро зиёд захира менамоянд ва 10 – маротиба сабуканд, истеҳсол намуданд. Аз нанонайчаҳои фуллеренӣ нахҳои устувор, ки аз пўлод 100 – маротиба пурқувват ва 6 – маротиба сабуканд, истеҳсол карда истодаанд. Ҳамчунин барои сохтани наноконденсаторҳои пуриқтидор, ки дар соҳаи микроэлектроника ва асбобҳои электроникии андозаашон хело хурд истифода мешаванд, ширкатҳои электронии зиёде машғуланд. Татбиқи наномаводҳо дар технологияи муосир такони бузург бахшид. Дар оянда ҷойи бензин (сўзишвории муҳаррик) - ро гидроген, ки тавассути таҷзияи об бавоситаи энергияи офтоб ва нанонайчаҳои аз дуоксиди титан (метали пўлодмонанд, аз калимаи юнонии Titanes – титанҳо; дар асотири Юнони қадим «титанҳо» фарзандони Уран (Осмон) ва Гея (Замин) буданд. Дар саноати химия (истеҳсоли лўлаҳо, реакторҳо) дар техникаи вакуумӣ ва ҳавопаймосозӣ ва ғ. истеъмол мешавад) тайёр карда шуда, мегирад[2]. Ин арзонтарин сўзишворӣ аст ва аз ҷиҳати экологӣ камзарартарин ба ҳисоб меравад. Нанотехнология, ки ҷавҳарҳои асосии технологияи инноватсионист, яке аз самтҳои навтарини илми – техникӣ буда дар сатҳи хело хурд (аз миллиард як ҳиссаи метр) ба омўзиш ва сохтани маводҳои хурд машғул аст. Нанотехнология барои босуръат пешрафти тамоми соҳаҳо, бахусус илм, истеҳсолот ва тиб, нақши асосиро бозида истодааст ва инчунин барои босамар истифода бурдани сарватҳои табиӣ, баланд бардоштани сатҳи тамоми намудҳои хизматрасонӣ дар ҷаҳони муосир хидмат намуда истодааст. Сохтани транзисторҳо дар сатҳи 10 – 12 нм (0,0000000001 м) ё сатҳи атом, имрўзҳо мақсади асосии пешгирифтаи мутахасисони соҳаи электроника аст. Ширкати бузурги истеҳсолии техникаи электронии Intel коркарди протсесорҳоеро, ки андозаи элементи асосии он 45 нм аст, ба роҳ монд[3]. Рақиби ширкати Intel ширкатҳои AMD ва IBM боз дар сатҳи хурдтар ба сохтани схемаҳои электронӣ машғуланд. Нанотрубкаҳои карбонӣ барои пурзўр намудани хотираи кампютерҳои баландсуръат такони калон бахшид. Барои пешрафти илми нанотехнология, ки яке аз рукнҳои технологияи инноватсионист, Россия 70 млрд., ИМА 350 млрд., Япония 400 млрд., Хитой 150 млрд ва давлатҳои Аврупоӣ то 100 млрд. долари амрикоӣ маблағ ҷудо намудаанд, зеро дурнамоӣ ин соҳа бе баҳс самаранок аст. Дар кишвари мо барои тайёр намудани маводҳои нанотехнологӣ, манбаъҳои захиравии зиёд, зиёда аз 100 элементҳои барои соҳаи нанотехнология истифодашаванда, мавҷуд аст. Албатта ҳар оғоз бо норасоиҳост ва падидшавии ин камбудиҳо вақт ва аз тарафи дигар сармоягузории хубро талаб менамоянд. Танҳо, дар аввал барои соҳиби аслии ин молҳои пурарзиши мулкамон будан сиёсати хуби дурбинонаи ширкатдорони раванди сиёсӣ ва мутахассисони замонавии ҳифзкуни арзишҳои миллӣ заруранд. Таърих пандомўзи ҳар яки мову шумост. Оне, ки дар замони Шўравӣ ҳангоми истеҳсоли урани ватанамон (бо технологияи номукаммал ва роҳи осон, ки аз ҷиҳати иқтисодӣ муфид аст) дар минтақаҳои ҷанубӣ ватанамон бисёр партовҳои зараровар боқӣ мондааст, зеро дар истеҳсолот бевосита тоҷикон фаъолият наменамуданд ва тарзи коркарди нодурусти онҳо ба мо мавҳум буд. Ба бегонанон чӣ фарқ аст, ки мо зарар мебинем ё не. Ин суханҳо маънои онро надорад, ки мо бояд аз истифодаи боигариҳои табиии худ даст кашем, гап дар сари он меравад, ки сари ин корҳо мутахассиси тоҷик бо ҳисси баланди масъулият дар назди миллат бошад. Яке аз роҳҳои ба мақсад расидан - ин ба иқтисоди дорои техналогияи инноватсионӣ рўй овардан аст, яъне ҳар коре дар ин самт оғоз мешавад, ҳатман аз технологии инноватсионии муосир баҳравар бошад. Агар мо хоҳем давлати пешрафтаву бонерў ва соҳиби комилҳуқуқи сарзамини хеш, соҳиби бурду бохти иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсии ин Ватан бошем, роҳи ягона рўй овардан ба гуфтаҳои боло аст. Барои ҳалли ин масъала пеш аз ҳама мутахассисони ҷавон ва тафаккури наву техникӣ дошта, лозиманд. Агар имрӯз дар чунин сатҳи тайёр намудани мутахассисон, донишҷӯёни илмҳои табиатшиносӣ ва техникӣ бо ҷаҳонбинии худ фарқ намоянд, пас вақте мо ин сатҳро то тафаккури инноватсионӣ мерасонем, онҳо ҷойгоҳи худро дар ҷомеа пайдо менамоянд. Мақомотҳои аввалияи давлат инро пурра дарк намудаанд, донишҷӯён аллакай ба ин роҳ қадам мондаанд, танҳо иваз намудани тарзи фикрронии баъзе бофтаҳои занҷири мобайнӣ мондааст,.
1. http://www.nature.com/nnano/index.html
2. http://nano-technology.org/kratkie-novosti/nanotehnologii-v-kitae.html
3. http://nanodigest.ru/content/view/1042/1/
Қурбониён Меҳрдод Субҳонӣ
Назари худро нависед