JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс

Тафовут ва умумиятҳои илм ва дин

Дараҷа: Диншиносӣ

  Яке аз масъалаҳои баҳсталаб ва пуриддао дар бани олимони соҳоти гуногуни улуми табиву иҷтимоӣ ва донишмандони динӣ масъалаи шинохти илм ва дин будааст. Аксари донишмадони масоили динӣ ва рӯҳониён биниши динӣ ва каломи қудсиро айни илм ва ҳақиқат медонанд. Ҳоло дар ин навишта хостем, умумият ва тафовутҳои диди илмӣ ва биниши диниро ба таври иҷмолӣ баён намоем. Ваҷҳи зоҳирии муштараки биниши динӣ, диди илмӣ ва тафаккури фалсафӣ дар ин пурсиш - масъалагузории ҷаҳон дар ҳастии худ чист ва чӣ гуна аст? тамаркуз меёбад ва ба он посух медиҳад. Зоҳирӣ будани ин шаҳобатро аз наҳваи пурсишу посухе, ки хоси ҳар яке аз ин се ҳавза аст, метавон шинохт. Дар мавриди биниши динӣ ва диди илмӣ шохис ин аст, ки ҳар ду ба посухҳое, ки ба пурсиши худ медиҳанд, ба ду гунаи мутафовит хислати пурсишро инъикос мекунанд. Ин корро пурсиши динӣ аз пеш мешиносад ва диди динӣ аз пас мешиносад. Ҷаҳонро ҳамеша дин аз пеш мешиносад ва илм ҷаҳонро ҳамеша аз пас хоҳад шинохт. Аз ин рӯ, метавон шинохти динро пешшиносӣ ва шинохти илмро пасшиносӣ унвон кард. Маъно ва ғарази ин ду таркиб ба тадриҷ дар сайри баъдии ин мулоҳизот тавзеҳ хоҳад шуд. Пурсиш ва посухҳои дин ва пурсишу посухҳои илмӣ дар моҳияти худ на ҳамғаразанд ва на ғаразеро дунбол мекунанд ва пурсиш ва посухро дар тафаккури фалсафӣ месозанд. Аз ин рӯ, монандиҳое, ки мёни биниши динӣ ва диди илмӣ  ва аз сӯи дигар, миёни ин ду ва тафаккури фалсафӣ  нисбат ба умур мебинем, дарунӣ нест, балки берунӣ, яъне  зоҳирӣ аст.

Дар тамоми заминаҳо миёни пурсишу посух робитае аст ва наҳваи ин робитаро  заминаҳои марбут мушаххас мекунанд, аммо посухи ҳақиқӣ он аст, ки аз пурсиш бархоста бошад. Посухе, ки дар робита ба пурсиш набошад ва аз он чӣ пурсиш пурсидааст барнаояд, ҳаргиз посух нест. Аниқтарини пурсишҳо онҳое ҳастанд, ки  дар қиболи худ посухи мутаносиб ва амиқ, ки дар онҳо нуҳуфта будааст наёфтаанд ва бирузи тадриҷӣ ва баъдии ин пурсиш бе посух мондааст.  Пурсишро касе метавонад бикунад, ки намедонад ва касе ки мепурсад  чун намедонад, мепурсад,  то он чиро ки намедонад, бидонад. Бе он ки пурсиши ӯ битавонад, то посухе бирасад ва аз ин тариқ ба донистагии мавриди назар роҳ ёбад. Биниши  динӣ дар пурсишу посухи худ вобастаи қудсӣ ва калом аст.  Қудсияти каломи қудсӣ биниш аз ҳар чиз ба ин аст, ки калом ҳама чизро аз пеш медонад. Метавон гуфт ки биниши динӣ дар вобастагии худ ба қудсияти калом пайваст аст. Аз ин рӯ, нодонистагӣ ба унвони муҳаррики пурсиш дар биниши динӣ нодонистагии нозир бар умур нест, балки мунҳасиран ва аз пеш аз ин сабаб нодонистагӣ аст, ки маҳҷуби дониши илоҳӣ  аст.  Ҳар бор бар асоси  нодонистагии ҷузъиёти динӣ пурсише ба инсони эътиқодманд даст диҳад, вай чунин меандешад, ки ин ҷузъиётро танҳо худи ӯ намедонад ва посухи ин пурсиш аз пеш дар каломи қудсӣ нуҳуфтааст ва калом аст, ки метавонад вайро бар посухи ин пурсиш воқиф созад ва моилан пурсиши ӯро дар моҳияташ аз байн мебарад. Бад ин гуна посухи динӣ  аз тафаккури инсонӣ вобаста нест ва посухи он низ аз тафаккури инсонӣ маншаъ намешавад. Дарвоқеъ, ҳаргиз посух нест, балки каломи мутлақ аст ва калом ба ҳамин як иллат ҳаргиз тафаккури фалсафӣ нест.  Ба ин тартиб пурсиш дар биниши динӣ дар воқеъ дастовез ва муҳаррики аст, ки  ба калом маҷолу буруз медиҳад. Ба маҳзи ин ки дин ба каломи илоҳӣ бигуяд ва дин аз ҷумла ҳамеша мегӯяд; Фалон амр чунин буда, чунин ҳаст ва чунин хоҳад буд. Маънояш ин аст, ки  ҳар гуна пурсишеро аз пеш нопурсиданӣ кардааст, ё ҳар гунна пурсишеро дар ниҳоди худ ғайри мумкин сохтааст.  Дар илм чунин нест. 

Диди илмӣ метавонад, аз ҳар гуна пурсиш ба посух бирасад.  Аммо вақте пурсиш дар илм ба посухи худ расид ва посух ба эътибори худ боқӣ монд, пурсиш дигар пурсиш нахоҳад буд. Дар ҳадде, ки пурсиши илмӣ  нозир ва муртаккиб дар ҳеҷ марҷае (касе) нест, балки нозир бар умур ва мутако бар донистаҳое робита дорад, ки аз тариқи таҳқиқ дар падидаву воқеаҳо ҳосил мешавад. Илм дар ҳадде, ки хислати пурсишро бо ёфтани посух аз байн мебарад ва пас аз ёфтани посух фақат ба унвони васила аз пурсиш истифода мекунад, то ба посух маҷоли буруз диҳад.

Дар мавриди пурсиш дар биниши динӣ ба сабаби посухе, ки аз пеш бар он муқаддам ва муқаддар аст метавон гуфт пурсиш ҳаргиз прусише набудааст. Дар мавриди пурсиш дар диди илмӣ  бар асоси посухе, ки баъдан дода мешавад ва моҳияти пурсишро ошкор месозад, метавон гуфт пурсиш аз ин пас дигар пурсиш нахоҳад буд. Пешшиносии илмӣ ва пасшиносии илмӣ, ки мутаносибан бо пурсишҳое хоси дин ва хоси илм марбутан ҳарду ин хосиятро доранд, ки на бар меҳвари пурсиш ки дар авалӣ ғайримумкин аст ва дар дуввуми нопойдор,  балки ба ду гунаи мухталиф бар меҳвари посух мегарданд, ки дар авалӣ калом аст ва дар дуввуми аҳкоми амрӣ, ки дар тафаккури фалсафӣ ғайримумкин аст. Тафаккур вакти фалсафӣ ҳаст, ки аз пурсиш барояд ва дар он устувор монад. Тафаккуре, ки дар тасвири ҳаётӣ пурсиш намуд ҳаргиз фалсафӣ нест. Баръакс, посух дар биниши динӣ ва диди илмӣ, посухи фалсафӣ на фақат моҳияти пурсишро найф намекунад ё нопойдор намесозад ва мавриди пурсишро саҳлтар наменамояд, балки онро жарфтар, печидатар ва душвортар месозад.  Аммо меҳвари ҳаётии бинишҳои динӣ посухҳое ҳастанд, ки дар калом буруз мекунанд ва калом нафси мутлақи шиносоӣ аст.  Ҳар гоҳ чунин бигуем, тафаккури фалсафӣ ба неруи пурсиш зинда аст, метавонем бигӯем биниши динӣ ба марг қатъӣ хоҳад мурд. Ба маҳзи ин ки нерӯи пурсиш воқеӣ дар даруни он озод аст.

Дин ва илм ҳар як ба гунаи дигаре муддаии шиносоии ҷаҳон ҳастанд. Бар тибқи ин иддаҳо дин ҷаҳонро ҳамеша аз пеш ва мутлақан шинохтааст ва илм ҷаҳонро ҳамеша то кунун ва нисбӣ хоҳад шинохт. Ҷаҳоне, ки дин мешиносад  офаридаи дин аст ва ҷаҳоне ки илм мешиносад офаридаи илм нест ва асосан офарида нест. Ҷаҳоне ки биниши дин мешиносад офаридаи он аст ба ин маъно ки дар биниши динӣ ҳар чи ҳаст аз хости иолҳӣ ё ҷилвоти илоҳӣ ҳаст. Биниши динӣ мунҳасиран саводшиносии илоҳӣ аст. Зеро наметавонад ҷуз он бибинад ва бигуяд ва ба  гуёии  ва биноии иолҳӣ мебинад ва мегӯяд. Биниши динӣ ҳарчи меофаринад мутлақан аз пеш мешиносад, ё ҳар чи мешиносад мутлақан аз пеш меофариданд. Шиносоӣ дар биниши динӣ мутлақан офаринишӣ аст ва офариниш мутлақан шиносоӣ аст.Аз ин рӯ метавонем бигӯем биниши динӣ чун мешиносад метавонад биофаринанд ё агар биниши динӣ аз пеш намешинохт офаринош маъние надошт. Дар илм чунин нест. Илм на танҳо чун намеофаринад намешиносад балки илм фақат мехоҳад ҳар чиро ки бо он рӯ ба рӯст бишносад. Бо чунин умур илм ҳаргиз иртибот надорад. Ҳамон тавре ки дар биниши динӣ офариниш номасбуқи бар пешшиносӣ ғайримумкин аст. Шиносоӣ дар диди илмӣ низ ғайри мумкин метавонад нозир бар офаридагии як амр бошад ва он ҳам на фақат ба ин ҷиҳат ки илм наметавонад ба масъалаи офариниш сару кор дошта бошад, балки низ аз ин рӯ ки ворид кардани хислати офаридагӣ дар амри мавриди шинохт диди илмиро аз ҳаракати озод, яъне аз ҳаракати ғайри вобаста ба муроҷеъи мумкин боз медорад ва бад ин гунна хислати илмиро аз илм мегирад, ба ин аъно офаринандагии дар диди илмӣ зотан нафъи шиносоӣ аст.  Илм дар диди худ ҳамеша нозир бар он чизе аст, ки пеш аз шиносоӣ ва бидуни шиносоӣ ҳаст ва мехоҳад бидонад он чиз чист ва чи гуна аст? Бад ин гуна метавонем бигӯем ҳар чи биниши динӣ мешиносад офаридаи он аст ва дар диди илмӣ агар шиносоие маъно  дорад  ва муяссар мегардад аз ин руст ки мутлақан намеофариданд. Дигар ин ки шиносоии динӣ дар моҳияти худ илоҳӣ аст ва дар калом дар инсон маълум мегардад, дар ҳоле ки шиносоӣ дар илм асосан инсонӣ аст, яъне бар худи инсон мубтанӣ аст.

Мувоҷиҳа бо қудсӣ метавонад ба гунаҳои мухталиф сурат гирад. Дар робита бо пайёмбарон ба унвони ҷилваи мушаххаси қудсӣ, дар бедории дарунӣ, ки хоси ирфон аст ва дар робита бо ашёе, ки робитаи инсон ва қудсӣ ҳастанд. Равшан аст, ки ин мувоҷиҳа фақат барои касе сурат мепазирад, ки онро зист мекунад, инсони динӣ касе ҳаст, ки вуҷуди даруниашро қудсӣ мутаҳид мекунад ва дар натиҷаи вокуниш дар ӯ бармеангезад, ки посухи ин инсон ба қудсӣ аст. Ин дуввумин унсур,  яъне вокуниши инсони динӣ низ ваҷҳи муштараки ҳамаи адён аст ё дурусттар бигӯем, ваҷҳи муштараки ҳамаи инсонҳои динӣ аст, ки муътақид ба адёни мухталифанд. Инсони динӣ, натиҷатан ва ба навбати худ шомили гунаҳои мухталифи кирдори динӣ мешаванд. Аз рафтори асотирӣ ва ҷодуӣ гирифта, то рафтори маънавӣ, ахлоқӣ ва мавҳумӣ.

Маншаи асосии шинохти мустақим ва ғайримустақими динҳо сарфи назар аз ҷаҳонию миллӣ буданашон ҳамон қудсӣ ба ҳисоб меравад. Дар Масеҳият ва Ислом ҷаҳон ҳарчӣ аст ва ба ҳар гуна ки ҳаст, аз нестӣ офаридашудаи Худо аст. Пиндори Масеҳият ва Ислом аз назари вазъӣ нисбат ба ҷаҳон тафовут дошта бошанд ҳам, вале аз ҳайси офариниш аз ҷониби Худо муштараканд. Дар бархӯрд бо Худо, ки офаринандаи ҳастӣ аз нестӣ аст, ба инсони масеҳӣ ва инсони исломӣ зиндагии динӣ даст медиҳад. Чун қудсӣ фақат ба зисти динӣ ба даст меояд. Аввалин унсури зисти динӣ «эҳсоси вобастагӣ»  ба ҳисоб меравад. Эҳсоси вобастагӣ дорои се хусусият аст:

  1. Вобастагӣ дар зисти динӣ эҳсоси мутлақ аст на нисбӣ, аз ин рӯ, бо навъи дигари вобастагӣ, ки вобастагии тадриҷӣ нисбат ба касе ё амри кас фарқ мекунад.
  2. Ин вобастагӣ хештани инсони диниро муайян мекунад ба ин маъно ки инсони динӣ нахуст худро аз тариқи эҳсоси ин вобастагӣ дарк мекунад ва дар меёбад. Ин эҳсос барои ӯ маншаи дарки хештани ӯст.
  3. Хусусияти сеюм он аст, ки инсони диниро бар асоси дарки хештани худ мутаваҷиҳи иллати ӯ мекунад, ки ҷуз ӯст ва хориҷ аз ӯст. Ҳоло агар ин се хусусиятро бо ҳам гирд оварем, метавонем бигуем инсони динӣ бар асоси ин унсурҳо, ки эҳсоси вобастагианд худро вобаста ба мутлақ ё ба камол медонад ва нахуст аз тариқи ҳамин унсур аст, ки вай ибтидо ба сокини хештан худро мутаъйин месозад ва бад ин гуна аз таъини қаблии худ бар асоси эҳсоси вобастагиаш ҳукм ба вуҷуди иллати хориҷии ин вобастагӣ мекунад, ки ҳамон қудсӣ бошад.

        Ҳоло мехоҳем он чиро ки дар мавриди биниши динӣ моҳияти дин ва қудсӣ дар иртибот якҷо ҷамъ оварем: Биниши динӣ ҷаҳонро аз пеш мешиносад ва дар ин пешшиносӣ ҷаҳонро меофаринад. Офаринши Масеҳӣ ва Ислом, яъне офариниши ҷаҳон аз нестӣ. Омили ин офариниш қудсӣ аст, ки дар сатват, ҷазаба ва ҷалолаш инсони диниро дар биноӣ ва махлуқияташ мутмаин месозад. Дар асоси ин пиндори  некӣ, ки робитаи инсон бо ҷаҳон низ аз пеш таъйин шудааст. Он чи мо ба тариқи пиндори динӣ табиат ба маънои ҷаҳон мегӯем, аз худ бунёде надорад. То аз он бардамад ва дар он устувор мемонад. Магар нестӣ, ки бунёди инсон ҳам нестӣ аст. Аз ин рӯ, инсон дар бунёди худ, яъне дар нестии бунёдии худ, асосан ба шиносоӣ низ роҳе надорад. Робитаи инсон бо ҷаҳонро робитаест, ки дар асл дар нестӣ муяссар ва дар нестӣ мустаҳил мегардад. Дар чунин робитаи шиносоӣ, асосан бемаъност ва агар ба ваҷҳи ахзи ҳароина маъное дошта бошад, ҳамоно, саводшиносии илоҳӣ аст. Инсони динӣ мавҷуде нест, ки битавонад худро дар муқобили ҷаҳон ва ҷаҳонро дар муқобили худ бинад ва дар ин тақобул ба моҳияти худу ҷаҳон пай барад. Балки ӯ мавҷуде аст, ки аз сатват ҷазаба ва ҷалоли қудсӣ бимнок аст ва дар ин бимнокӣ худро дар адами сирф, ки ҳамон махлуқият аст дармеёбад. Бинобар ин шиносоии инсони динӣ чӣ аз худ ва чӣ аз ҷаҳон ҳаргиз аз худи ӯ ё аз ҷаҳон ношӣ намегардад. Мабдаи шиносоии инсони динӣ ҳамон мутлақан дигар аст ва на худи у ва на табъан ҷаҳон ки дар нестгориаш бунёди инсони динӣ дар нестӣ аст. Аз ин ру он чи дар биниши динӣ шиносоист шиносоии чизе нест, яъне на нозир бар ҷаҳон аст ва на нозир бар инсон ва наметавонад бошад. Балки ҳар чи ҳаст сирфан пайвасти қудсӣ ва каломи уст.

     Он чи барои чунин биниш асосӣ аст ин нест, ки ҷаҳоне ҳаст ё метавонад шинохта шавад. Балки асосӣ каломи илоҳӣ ҳаст, ки бояд дониста гардад. Дар мавриди ҳар амре ба ҳар гунае ки бошад аз пеш дар шиносоӣ ва офаринандагии қудсӣ таъин ёфта, ҳақиқаташ дар сирри илоҳӣ  ё каломи қудсӣ макнун аст.  Бинобар ин, асос калом аст ва калом гуфтаест, ки аз пурсиш намехезад, балки аз замири донои илоҳӣ бармеояд. Бад ин маъно дар марҳилаи аввал қудсӣ маншаи калом аст ва чун калом ҳар қадар ҳам ки ногузир дар ҷилваҳои хокии қудсӣ буруз кунад, ҳаргиз посух ба маънои тафаккур нест, ки дар пайи пурсиш ва аз маҷрои пурсиш ҳосил шуда бошад, балки сирфан гуфтаест, ки аз замири басири илоҳӣ бармеояд, заруратан наметавонад дуруст бошад. Дар пиндори динӣ дуруст он аст, ки дар пиндори динӣ мутобиқ бошад. Хориҷ аз пиндори динӣ дуруст ё нодуруст фақат гуфтае метавонад бошад мубтанӣ бар диди илмӣ ё тафаккурӣ ки дар пайвастагии худ дар як амр они амрро он тавр ки ҳаст дарёбад ё дарнаёбад. Чунин робита миёни пиндори динӣ ва ҳар амри дигаре ки тасаввурашро бикунем ибтидо ба сокин вуҷуд надорад. Каломи илоҳӣ дар натиҷаи саводшиносии илоҳӣ он тавр ки худро мефаҳмад чун пешшиносӣ ва дар айни ҳол офаринандагист боло аз ҳама гуна дурустӣ ва нодурустист. Он чи метавонад дар ин иртибот яъне дар бурди динӣ дуруст ё нодуруст бошад худи умур ва донистагии мо аз умур ҳастанд, бар ҳасби ин ки умур ва донистагии мо аз онҳо бар калом мутобиқ бошанд ё набошанд. Агар дар пиндори динӣ аз дурустӣ ё нордурустии як биниши мавриди баҳс сухан гуфта мешавад, манзур ин нест, ки биниши мазкур як амрро чунон дидааст ё чунон надидааст, ки худи он амр аст. Балки манзур ин аст ки биниш бар ҳасби дарк ё адами дарки калом, ки умурро аз пеш чунон мешиносад, ки ҳастанд, умурро дарёфта ё дарнаёфтааст. Чун робитаи инсони динӣ бо умур ҳамеша аз тариқи калом аст ва ҳама чиз дар биниши динӣ аз пеш донистаи калом ва инсони динӣ ҳаргиз наметавонад бо умур робитаи мустақим дошта бошад. Мо ба унвони як инсони динӣ ҳамон қадар дар вуҷуди дарунимон вобастаи қудсӣ ҳастем ки дар донистанамон вобастаи каломи ӯ ва вобастаи ҳар сухане, ки ба наҳви мутаассир аз каломи қудсӣ аст. Ба ҳамин сабаб, то вақте мо дар пиндори динӣ зист мекунем баҳсу бадалҳои каломи илоҳиро низ ҳуҷҷат медонем. Тасодуфин нест ки дар фарҳанги мо (форсҳо, эрониҳо) барои далели гуфтаи худ аз шуаро ва нависандагон ва хусусан аз онҳое ки барои мо дар маротиби маънавии бартар ҳастанд шоҳид меоварем. Ба ин таъкид, ки он нависанда ё шоир ё ориф чунин гуйфтааст: ва на ҳаргиз ба ин фикр ки онҳо ба чунин ё чунон муҷавиззе ин тавр гуфтаанд ва ҳиҷ гоҳ дар пиндори динӣ гуфтан ғайри имкон аст, ки урафо ва авлиё дар гуфтори худ нодуруст гуфтаанд, зеро чунин пиндорест, ки онҳо каломи рабониро хубтару беҳтар медонанд ва набояд хатто зоҳир намоянд.

     Яке аз хусуиятҳои дигари биниши динӣ ҷанбаи омиёнаи он аст. Биниши динӣ хоси омма бар васеътарин маънои он аст. Омма он касе нест ки истилоҳан авом хонда мешавад ва боризтарин хусусияташ бефарҳангӣ, бемаъноӣ, нодонистагӣ ва амсоли ин мутаориф аст. Омма ҳар касе аст, ки аз дарун мунфарид нест, яъне аз дигарӣ мутамоиз намегардад ва моҳияту оми вуҷудашро дар ҷамъи мушоҳибон меҷӯяд ва меёбад, яъне дар ҳамшаклӣ, ҳамсанҷӣ ва ҳамсонӣ. Авом ва хос ҳарду метавонанд ба маъное ки дидем аз омма бошанд.  Яъне орӣ аз тафриди дарунӣ бошанд, аз ин рӯ он чи ки фарҳанг ба маънои савод, пурхонӣ, муталеъ будаан, алломагӣ, аломати омили ин мушобиҳот ва бастагии миёни пораҳои як ҷамъ аст. Оммияти пораҳои он ҷамъ ба ҳамон андоза мусаллам аст, ки оммияти пораҳои як ҷамъи  «бефарҳангӣ» ва ҷойгаҳи ваҷҳи муштараки ин ҳарду гуруҳро ба ҳам пайванд диҳад. Ҳар ду оммаанд, ба ин маъност ки хусусияти дигари дин ин отифа бар омма аст. Дар охир метавон гуфт ҳар биниши ки аз они омма бошад ва шояд хусусан он ҷо худро дин намедонад ва мехоҳад бо ради биниши динӣ мункари бинияти худ шавад аз ҳар дине динтар аст. Ба ҳамин сабаб ба маъност ки Ф. Нича дар мавриди муассисони дин мегӯяд: «Хатонопазириии ғаризӣ дар шиносоии аҳволи навъи мутаориф ва муайянӣ аз нуфузе ки ҳануз таалуқи худро ба ҳамдигар дарнаёфтаанд ҷузву шамъи ҳар муасссиси дин аст. Уст ки ин нуфусро гирди ҳам меоварад бад ин сабаб таъсиси як дин ҳамроҳи як ҷашни ҳамшиносии дерпост». 

     Робитаи Худо ҷаҳон ва инсон дар пиндори пайёмбарӣ ва ирфонӣ дар асл яке аст. Агар дар пиндори пайёмбарӣ нестӣ ки дар ҳама чиз метанад аз як сӯ миёни инсон ва ҳастӣ ва аз сӯи дигар миёни инсон ва Худо ҳоил аст. дар пиндори ирфонӣ ҳастӣ аз як сӯ миёни инсон ва нестӣ аз сӯи дигар миёни инсон ва Худо ҳоил мегардад. Тафовутшон дар ин аст, ки ин ҳоил барои инсони пайёмбарӣ ҳаргиз аз миён бардоштани нест ва барои инсони ирфонӣ дуруст бар акси он, аммо дар ҳарду маврид он чӣ инсонро инсон мекунад ҷудоӣ аз Худо ва аз ҳастӣ ё ҷудоии  аз Худо ва аз нестӣ аст. Бар ҳасби ин ки пиндори динии мо пайёмбари бошад ё ирфонӣ. Дар ин ҳад ки инсон мекушад ҳастиро ба унвони ҳоил аз миёни худ аз як су ва Худо нести аз суи дигар  бардорад. Пиндори ӯ ирфонӣ аст. Аммо аз ҷониби дигар ба маҳзи ин ки ин амр мутаҳаққиқ гашт яъне инсони ирфонӣ бо рафъи ҳоили ҳастӣ, дар нести ба Худо пайваст ва ба истилоҳ фанофиилоҳ шуд, он вакт ӯ дигар инсон нест. Инсони ирфонӣ низ ба мисли инсони пайёмбарӣ дар ҳадди инсон аст ва то вақте инсон аст аз Худо ҷудо аст яъне «Ано ал ҳақ нест». Ҷудоӣ аз Худо дар воқеъ муқаввими инсонияти инсон аст, чӣ дар пиндори пайёмбарӣ ва чӣ дар пиндори ирфонӣ.

     Биниш он аст, ки амреро аён дарбиёбем. Амреро бевосита дарёбем. Бевоситагии биниш дар ин аст, ки худи далел ва мадлул ҳарду бо ҳаманд. Боварҳои рӯзмарраи мо ҳар қадар ҳам ки дерӣ напоянд аз ҳамин навъ ҳастанд. Ғайри мумкин ҳам метавонист ҷуз ин бошад. Чӣ дар ғайри ин сурат ҳар одаме дар ҳар лаҳзае мебоист истидлол мекард ё далел мехост то бибоваронад ё бовар кунад. Шояд бовари рузмарра маншаи биниш бошад. Ин пурсиши зоҳиран содда бисёр асосист, ки: чаро инсон бовар мекунанд ва ин гуфта қатъан нодуруст нест, ки бовар кардан яке аз шароити ҳаётии одамӣ аст. Биниши муҳтамил (эҳтимоли) яке ҷанбаҳои хоси бовар аст. На аз ин руи ки ҳарду бидуни таҳлил ҳосил мегарданд, балки ба ин сабаб, ки бовар дар бидояти рузмарааш мабнои мумкини ҳар гуна бевоситагӣ, яъне қабули бетаълил аст. Урафо ҳамеша дар аҷабанд, ки чи гуна мумкин аст касе амри айёмро набинад. Магар ин ки нобино ё ба истилоҳ курдил бошад.

     Биниш он аст, ки айёнро бевосита мебинад ва ҳамин мерасонад, ки воситае дар миён ҳаст, ки бояд рафъ гардад то биниш ҳосил гардад.

     Чун шиносоии мутаасир аз қудсӣ ва сувари мутартаб бар он аз чунин навъ аст мо бинишу бадин мутаълиқ кардем. Ба ин маънои хос биниш ҳеҷ гоҳ иваз намешавад. Наметавон гуфт, ки биниш (динӣ) биниши фалон кас тағийр кардааст, балки бояд гуфт фалон кас тоза биниш ёфтааст ва на ҳар гиз ин ки биниши дигаре ёфтааст.

     Дид, ки мо онро ба илм тааллуқ намудем, ба хилофи биниш наҳваеро мушаххас менамояд, ки илм барои мулоҳиза ва мушоҳидаи умур иттихоз мекунад. Итихоз ин наҳва дар асл бастагӣ ба он дорад, ки чӣ гуна мо дар илм бихоҳем ё битавонем амри мавриди назарро мулоҳиза кунем ё мушоҳида намоем. Аммо ин хостан ё тавонистан ҳаргиз амри дилхоҳ нест, балки воқеияти сабабу натоиҷест, ки масоил дар илм ба мо таъмил мекунад. Ба ин гуна диди илмӣ  як диди итихозист ва метавонад бар ҳасби заруратҳо тағийр кунад. Чунин аст ки диди мо дар ҳандасаи Эвкаледӣ ва ҳандасаи ғайриэфкеледӣ, ки худ низ бо ҳам тафовут доранд, фарқ мекунад. Зеро дид амре нест, ки бевосита ба касе даст диҳад, ба ҳамин ҷиҳат ҳам наметавон онро аз даст дод, балки бар хилофи диниш фақат ва ҳамеша метавон онро дар ҳадде ки зарурати тағираш эҷоб кунад тағийр дод.

                        Таҳия ва тадвини Исомиддин Шарифзода

Дар бораи мавод назари худро нависед

Назари худро нависед

Маҷаллаҳо

Осиё ва Аврупо - маҷаллаи илмӣ
Маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» нашрияи
Илм ва Ҷомеа-маҷаллаи академии илмию оммавӣ
Ахбори АМИТ (маҷаллаи илмӣ)
АХБОРИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ
ПАЁМИ ТИББИИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
Илм ва Ҷомеа-маҷаллаи академии илмию оммавӣ
Санъатшиносӣ-Маҷаллаи илмӣ-назариявӣ
Маҷаллаи илмӣ-назариявии «Санъатшиносӣ»
Иқтисодиёти Тоҷикистон (маҷаллаи илмӣ)
ISSN2310-3957
ИҚТИСОДИЁТИ ТОҶИКИСТОН
ЭКОНОМИКА ТАДЖИКИСТАНА
Дар
Илм ва Ҷомеа-маҷаллаи академии илмию оммавӣ
МУАРРИХ (маҷаллаи илмӣ-назариявӣ)
Маҷаллаи илмӣ-назариявии «Муаррих»
Илм ва Ҷомеа-маҷаллаи академии илмию оммавӣ №1-2(9-10) 2017
Суханшиносӣ (маҷаллаи илмӣ № 1,2,3  2017)
Маҷаллаи «Суханшиносӣ» нашрияи
Суханшиносӣ (маҷаллаи илмӣ №3, 2016)
Маҷаллаи «Суханшиносӣ» нашрияи
Илм ва Ҷомеа-маҷаллаи академии илмию оммавӣ №3-4 (7-8) 2017
Илм ва Ҷомеа-маҷаллаи академии илмию оммавӣ №2 (6) 2017
Илм ва Ҷомеа-маҷаллаи академии илмию оммавӣ №1 (5) 2017
Ахбор - Известия
Илм ва Ҷомеа-маҷаллаи академии илмию оммавӣ №3-4 (2016)
Илм ва Ҷомеа-маҷаллаи академии илмию оммавӣ №1-2 (2015-2016)
Суханшиносӣ (маҷаллаи илмӣ №2, 2016)
Маҷаллаи «Суханшиносӣ» нашрияи
Суханшиносӣ (маҷаллаи илмӣ №1, 2016)
Маҷаллаи «Суханшиносӣ» нашрияи
Previous Next Play Pause

Илм-фурӯғи маърифат

Барномаи омодагӣ ба Озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат”
matematika-baroi-muassisa-oi-ta-siloti-mijonai-umum
Адабиётҳои тавсияшаванда аз фанни математика барои Муассисаҳои таҳсилоти олӣ
Адабиётҳои тавсияшаванда аз фанни
Физика
Адабиётҳои тавсияшаванда аз фанни
Химия
Адабиётҳои тавсияшаванда аз фанни
Роҳнамои дарёфти номгӯиҳои географӣ...
АЗИЗОВ Н. Ҳ., АЗИЗОВА С. Ҳ. Роҳнамои
Картография бо асосҳои топография
Сабуриён М.М., Холов Ҳ.Ҳ. Картография
Захираҳои туристӣ: ёдгориҳои фарҳангӣ-таърихӣ ва табиӣ
Памир: ресурсный потенциал и перспективы развития экономики
Глятсиология
Мӯсоев З.М., Қаландаров А.А., Наимов
Ганҷинаи табиати Тоҷикистон
Муҳаббатов Х. Ганҷинаи табиати
Об - манбаи ҳаёт
Муҳаббатов Холназар. Об - манбаи
Об ҳаёт аст
Ҳамдам Оҷилов., Ҳусейн Аброров. Об
Об, илм ва рушди устувор
Раҳимӣ Ф., Муҳаббатов Х., Ниёзов
Асосҳои биогеография
Рауфов Р.Н., Азизов Н.Ҳ.,Наврӯзов
Асосҳои геология
Сабуриён Мирзосафари Мирзо. Асосҳои
Кишварҳои ҷаҳон дар рақамҳо
Сабуриён М. М., Қосимов Н.Н. Холов
Таърихи кашфиёти географӣ
Дар китоби дарсӣ маълумотҳо оид
Previous Next Play Pause