Манбаи бештар аз ҳама назарраси хатарҳои глобалӣ сифатан объектҳои нав аст, ки ба воситаи технологияи ҷадид сохта шудаанд ва ҳамаи онҳо як хоситяро дороанд:
- Биотехнология (паҳншавии вирусҳои сунъӣ)
- Нанотехнология (афзоиши нанороботҳо)
- Яроқҳои ядроӣ (реаксияи занҷирӣ)
- Интеллекти сунъӣ (пурзӯршавии интеллект)
Агар назорат аз пешрафт ва истифодабарии ин технологияҳо қатъ гардад, махсусан ин технологяҳо ба зиёд гардидани эҳтимолияти вуҷуд омадани хатарҳои глобалӣ, мусоидат менамоянд.
Хатарҳое, ки ба пешрафти биотехнология алоқоманданд
Дар як вақт ба муҳити атроф паҳн гардидани даҳҳо патогенҳои тағирдиҳандаи генитикӣ, қобилияти афзоиш дар тамоми биосифераро доранд, хатари асосӣ ба ҳисоб мераванд. Патоген – ҳама намуди микроорганизмҳо, яъне вирусҳо, бактерияҳо ва ғайра, ки қобилияти дар тамоми организмҳои зинда бавуҷуд овардани ҳолатҳои потологи (касалӣ) – ро доранд. Айни ҳол ба шабакаи иҷтимоии Интернет ҳар сол тақрибан 2 миллион вирусҳои компютерӣ ворид менамоянд, ки ин нишондод сол аз сол зиёд шуда истодааст. Шабеҳи чунин фаъолиятро мумкин аст, ки биохакерҳо низ ба роҳ монанд. Зеро, дар айни замон арзиши таҷҳизотҳо барои сохтани вирусҳо садҳо долларро ташкил медиҳад, вақти сохтан ба як ҳафта рост меояд ва сатҳи саводнокии мактабӣ барои сохтани вирусҳо басандагӣ менамояд. Ба ғайр аз ин, коди генетики бисёр вирусҳо дар шабакаҳои интернетӣ ворид карда шудааст, мисол, зукоми «испанӣ». Аз рӯи нишондодҳои гуногун, дар солҳои 1918 – 1919 аз тамоми ҷаҳон бештар аз 60 миллион нафар аз ҳисоби ин зуком фавтидаанд ва 500 миллион нафар мубталои ин зуком гардидаанд. Бинобар ҳамин, хатарҳои биотехнология хатарҳои мукаммал ва муҳим ба ҳисоб мераванд.
Хатарҳое, ки ба пешрафти интеллекти сунъӣ алоқоманданд
Дар оянда интелектҳои сунъие сохта мешаванд, ки қобилияти зуд пешрафти худро таъмин менамоянд ва дар рафти ин раванд, чуноне «инстинктҳои худмуҳофизакунанда» меноманд, мумкин аст дар онҳо маҷмӯи мақсадҳои пешакӣ гузошта бекор гарданд. Ин ба он меорад, ки онҳо инсонро ҳамчун хатар барои худ қабул намоянд.
Пайдо гардидани ғалати низомҳои фармоишӣ дар фавқуинтеллектҳои сунъӣ ба он меорад, ки Заминро тасарруф намоянд ва тамоми инсониятро маҳв созанд. Интеллекти олӣ метавонад як чанд роҳу усулҳо барои маҳв сохтани инсониятро фикр намоянд, агар дар назди онҳо чунини масъала гузошта шавад: ба ёрии роботҳо, нанотехҳо ва токсинҳои идорашаванда.
Журнали Wired моҳи апрели соли 2000-ум мақолаи Билл Ҷой «Барои чӣ мо ба оянда нолозим ҳастем» - ро дастарсӣ ҳамагон намуд, ки дар тамоми ҷаҳон вокунишҳо оиди ин мақола анҷом ёфтанд. « Мо ба асри нав бе нақша, бе назорат ва бе ист парвоз дорем» менависад Ҷой. «Вақте, ки мо алакай аз ӯҳдаи идора намудан намебароем, зуд наздик шудаистодааст».
Хатарҳое, ки ба пешрафти нанотехнология алоқоманданд
Фарзияи сенарияи охири ҳаёт, ки аз пешрафти нанотехналогияи молекулиявӣ вобаста аст ва пешгӯишаванда аст, ки нанороботҳои худтақвиятдиҳандаи идоранашаванда барномаи худзиёдшавии худро иҷро намуда, тамоми биомассаи Заминро аз як сар нест менамоянд. Маълум аст, ки ин навъи нанороботҳо, пеш аз ҳама, карбони организмҳои зиндаро мехӯранд, дар бадтарин ҳолат онҳо метавонанд тамоми мавҷудоти зиндаро дар давоми ду ҳафта нобуд созанд. Лек эҳтимолияти истеҳсоли нанороботҳое, ки тасодуфан озод мешаванд ва метавонанд тамоми муҳити атрофро фаро гиранд, хело кам аст, лек аз тарафи хакерҳо ҳамчун аслиҳа мумкин аст ихтироъ карда шавад.
Имконияти бунёд кардании аслиҳаи нанотехнологиии қобилияти худмуарификунанда – нанороботҳои микроскопии ба чашм ноаён, ки метавонанд пинҳонӣ дар ҳудудӣ душман паҳн шуда, бо роҳи заҳр пошидан ё ба майна ворид шудан ба одамон ҳуҷум намоянд ё худ ба хати алоқаҳои барқӣ васф шуда, тамоми техникаро аз кор бароранд. Бо ёрии техникаи наноӣ арзиши истеҳсолии дигар аслиҳаҳо, махсусан яроқи ҳастаӣ, арзонтар мегардад.
Хатарҳое, ки ба пешрафти яроқҳои ҳастаӣ алоқоманданд
Бархилофи ғояи паҳншуда, ҷанги ҳастаии «маъмул» байни абарқудратҳо ба гумон аст, ки тамоми инсониятро маҳв созад; қисми зиёди аҳолии Замин зинда мемонанд, аксари кишварҳо потенсиали технологии худро барои рушди оянда ҳифз менамоянд. Хатари асосӣ – дар ҳолати сохтан ва истифодабарии бобаи статсионарии кобалтӣ заҳролудшавии ҳастаии умумӣ, ки пешниҳоди Лио Силард аст.
Ин ғоя соли 1950 аз сабти мустақими радиоӣ, ки физикони машҳур оиди хатари яроқҳои ҳастаӣ баҳс менамуданд, аз тарафи Лео Силард садо дод: «Барои зери хатар мондани ҳаёт миқдори зиёди бомбаҳои гидрогенӣ зарур аст, - гуфт Силард. – Лек бомбаи гидрогениро хело осон пурқувват намудан мумкин аст, ки он метавонад миқдори зиёди радиоактивнокиро ба вуҷуд орад. Миқдори зиёди элементҳо дар табиат аз ҳисоби фурӯ бурдани нейтронҳо элементҳои радиоактивӣ гардида истодаанд. Ҳама он чизе, ки барои сохтан зарур аст ин ҷамъовардани элементи зарурӣ ва ба вуҷуд овардани чунин ҳолат, ки ин элемент ҳамаи нейтронҳоро фурӯ баранд. Ман ҳисобҳо барои ин раванд гузаронидам. Фарз мекунем, мо элементи радиоактивие, ки панҷ сол даври нимкоҳишаш аст, месозем ва танҳо иҷозати ба ҳаво омехта шуданро медиҳем. Дар давоми солҳои оянда чангҳои он метавонад ба замин афтанд ва тамоми сатҳи Заминро фаро гиранд. Ман аз худ мепурсам: Чӣ қадар нейтрон ё гидрогени вазнин барои тарконидан лозим аст, ки ҳар як инсонро дар Замин бо ин роҳ кушт? … Ман ба чунин хулоса омадам, ки 50 тонна нейтрон барои куштани ҳама басанда аст ё тақрибан 500 тонна дейтерия низ басанда аст» (иқтибос аз китоби «Одамони рӯзи охират» - и П. Д. Смит).
Ҳисобҳои баъдӣ тасдиқ намуданд, ки аз нигоҳи техникӣ сохтани чунин бомба имкон дорад, лек арзиши он бо нархои ҷорӣ даҳҳо миллиард доллар меистад ва вазни он 100 000 тонна аст. Герман Кан назарияи таҳдидӣ ба воситаи «дастгоҳи Рӯзи охират» дар китоби «Ҷанги термоҳастаӣ» пешниҳод намуд, ки Стенли Кубрик пешниҳодҳои онро дар филми «Доктор Стрейнҷлав» тасфир намуд.
Хатарҳои иловагӣ – ба воситаи иттиҳомҳои ҳастаӣ, ҷанги ҳастаии умумӣ, тероризми ҳастаӣ дар тамоми минтақа ангехтани фавқулвулқонҳои ором аст. Нархи ғанигардонидани уран ба таври экспоненталӣ паст шудаистодааст, ки имконияти сохтани чунин яроқҳоро боз ҳам мусоид менамояд. Мисол, дере нагузашта технологияи лазерии ғанигардонидани уран мавриди истифода қарор гирифт, ки садҳо чархандаҳои марказиро дар роҳи техникии коркарди элементҳои радиоактивӣ иваз намуд.
Қурбониён Мехрдод Субҳонӣ
Назари худро нависед