Китоби «Хуросон аст ин ҷо» бори нахуст соли 1996 ба хатти форсӣ ва соли 1997 ба хатти тоҷикии криллӣ чоп шуда буд. Банда «Хуросон аст ин ҷо»-ро дар солҳои 1992-1995 навиштаам. Он солҳо ҷанги дохилии Тоҷикистон, ки талоши бародаркушӣ буд, авҷ ёфта, миллатро ба сӯи худкушӣ мебурд ва кишварро хароб мекард. Андешаҳои ҷонкоҳе, ки аз ин фоҷиаи миллат пайдо шуда буданд, дар ин китоб акс ёфтаанд. Мақсад аз тадвини ин китоб он буд, ки шояд барои ин ки дар айни саргармии талошҳо миллатро ба худ оварем, як зарра ҳисса гузошта бошам.
Назари худро нависед