Устод Айнӣ дар байни солҳои 1927-1930 романи «Дохунда»-ро таълиф намуд, ки охирҳои соли 1930 дар қазон ба табъ расид. Дар таърихи адабиёти Осиёи Миёна бори аввал ба таълифи асари типи нав – роман пардохтан аз адиб ҷустуҷӯҳои зиёди эҷодиро талаб менамуд. Роман аз панҷ қисм ва 124 боб иборат буда, ба таъсиси ҷумҳурии ҳафтуми сотсиалистии Тоҷикистон (1929) анҷом меёбад. Муҳити сиёсиву иҷтимоии қаҳрамонони «Дохунда» вобаста ба вақту замон аз «Одина» фарқ мекунад. Ёдгор мубориз аст. Гулнор низ дар фаъолиятмандӣ аз Ёдгор қафо намемонад ва ҳар ду қаҳрамон ба мақсад мерасанд.
Ҷолиби диққат аст, ки макони воқеаҳои қиссаи «Одина» ва романи «Дохунда» сарзамини имрӯзаи Тоҷикистон мебошад. Одина зодаи қаротегин (водии Рашт) ва Ёдгор зодаи Кангурт (минтақаи Кӯлоб) мебошанд. Устод Айнӣ ба ин мавзеъҳо сафар накарда буд. Вале масъулияти баланди ватандорӣ ӯро водор намуд, ки айёми баррасии масъалаҳои миллӣ таваҷҷӯҳи ҷомеаи шӯравиро ба зиндагии тоҷикони кӯҳистон ҷалб намояд.
Воқеаҳои романи «Ғуломон» бошад, асосан дар зодгоҳи худи нависанда – ноҳияи Ғиждувони Бухоро мегузаранд. Аз ин рӯ, «барои ман навиштани ин китоби арзишнок осон буд» қайд кардааст С.Айнӣ. «Ғуломон» аз панҷ қисм иборат буда, бори аввал соли 1935 ба табъ расидааст. Ин асари ҳаҷман бузург аз манзараҳои ғуломфурӯшии ибтидои асри ХIХ сар шуда, то соли 1933 давом мекунад ва воқеаҳои таърихии зиёда аз 100-соларо дар бар мегирад. «Ғуломон»-и С.Айнӣ романи мӯҳташам (эпопея) мебошад, зеро дар он воқеа ва иштироки персонажҳо то ҳадди аъло инкишоф меёбад.
Дар «Ғуломон» образҳои бисёре амал мекунанд, вале қаҳрамони марказии асар халқ мебошад. Хатти сужети асар дар асоси амалиёти як авлоду се насл фароҳам омадааст. Дар сари насли аввал Раҳимдод ном ғулом қарор дорад, ки ӯро соҳибонаш дар 7-солагӣ Неқадам ва дар пиронсолӣ Бобоғулом ном мебаранд. Насли дуюмро писари Раҳимдод – Эргаш ва насли сеюмро писари Эргаш – Ҳасан намояндагӣ мекунанд. Насли Ба насли якум ғуломон ва канизакони бисёре мансубанд. Ашӯри ҷасур аввал , Фарҳод, Ҳошим, Очил, Зебо, Гулсум шомиланд, ки асосан дар қисми якуми роман фаъолият доранд. Дар саргаҳи ин насл Раҳимдод меистад.
Раҳимдод ҳафтсола буд, ки ӯро дастаи ғоратгарони Абдурраҳмон сардор аз Ҳирот ҳамроҳи бист нафари дигар ба асирӣ мегиранд ва ба ӯ номи дигар – Неқадам дода, ба ғуломҷаллоби хевагӣ – Муҳаммад Каримбой мефурӯшад. Каримбой дар сарои пои остонаи Бухоро Неқадамро ба 40 тангаи тилло ба Абдурраҳимбойи шофиркомӣ мефурӯшад.
Лаҳзаи ба банди дасти Неқадам пахш кардани тамғаи тафсон ниҳоят муассир ва ҷонгудоз аст: «Набиполвон Неқадамро пуштнокӣ ба замин хобонид, ду кафи дасти ӯро бо поҳояш ба замин пахш кард. Қалмоқоим пойҳои ӯро пахш карда нигоҳ дошт. Пас аз он Набиполвон тамғаи тафсондаро аз думчааш бо анбӯр бардошта ба банди дасти Неқадам пахш кард.
Бача бо ҳавли ҷон чирросзанон фарёди ҷонугдозе баровард… Пас аз он нафасаш ба дарун афтод… Пас аз қадре осуда шудагӣ барин шуд… Бача аз ҳуш рафта буд…
Набиполвон тамғаи ба дасти бача часпида мондаро чунон ки мўҳри ба сурғучи гудохта пахш кардашударо бардоранд, бо зӯр канда гирифт. Ҷойи доғшудаи дасти бачаро қалмоқоим намади сӯхта пахш кард. Бо ҳамин амалиёт Неқадам ҳам ба қатори молҳои ҳеҷ гумнашванда ва барҳам нахӯрандаи тамғадори бой даромад».
Неқадами хурдсол аз пагоҳ то бегоҳ хизмат мекард ва азоби ҷонгудози ғуломиро ва бо сабру тоқат аз сар мегузаронд.
Мувофиқи муоҳидаи сулҳе, ки соли 1868 байни аморати Бухоро ва давлати Русия баста шуда буд, бояд ҳамаи ғуломон ва канизакони аморати Бухоро то соли 1880 «озод» мешуданд. Баробари дигар ғуломони Абдурраҳимбой Неқадам низ «озод мешавад ва баъд Гулсум ном канизакро ба занӣ мегирад.
Бобоғулом баъди «озод» шудан ҳам ҳамроҳи Гулсум дар хонаи Абдурраҳимбой кор мекунад. Вақте ки аз заъфи пирӣ дигар аз ӯҳдаи ягон кор баромада наметавонад, писари Абдурраҳимбой ба Гулсум чунин таъкид мекунад: «Ба Бобоғулом гӯй, ки акнун барои худ ҷойи дигаре ёбад. Мо дар ин гуна қаҳтсолӣ шумоёнро парво карда наметевонем».
Чунин муомилаи сангдилонаи бой ба ӯ таъсири бад мерасонад ва ба бистари беморӣ меафтад. Бобоғулом дигар аз беморӣ намехезад ва дар «деҳаи қараяғоч дар кӯчаи «Ғуломон» дар даруни як хоначаи пастаки похсагини тангдар» вафот мекунад.
Дар роман ҳангоми ҳукмронии ҳукумати подшоҳии рус расман манъ шудани ғуломӣ, вале дар шакли дигар давом кардани он дар мисоли образи Раҳимдод (Неқадам, Бобоғулом) ва ў барин ғуломон моҳирона тавсир ёфтааст.
Насли Насли дуввуми ғуломон аз насли аввал фарқ дорад. Агар Раҳимдод дуюми беҷуръат ва камҳаракат бошад, пас писари ў Эргаш ва ҳамсафонаш ғуломон ғулом Ҳайдар, Сафарғулом, Нормурод ва дигарон дар оташи муборизаву талош барои зиндагӣ обутоб ёфтаанд. ӯрун Наркалла аз Туркистон рӯзнома ва варақаҳои инқилобӣ оварда, дар байни чӯпонону ҳезумкашон ва умуман аҳолии камбағал паҳн мекунад.
Эргаш ба тамоми ҷамъомадҳое, ки дар хонаи хӯҷаинаш воқеъ мегарданд, аҳамият медиҳад, маълумот мегирад ва он суханҳоро ба Сафарғулом ва дигар ҳаммаслаконаш мерасонад. Як рўз дар вақти ҳезумкашӣ гурўҳи деҳқонон ба дасти навкарони амир асир меафтад. Агар навкарони амир фардо дар рўзи равшан аз фаъолияти инқилобии дастгиршудагон воқиф мегардиданд, ҷазои сахт насиби онҳо мешуд. Эргаш аз торикии шаб истифода карда, на танҳо худ аз ҳабс мегурезад, инчунин рўзномаю баённомаҳои дар байни ҳезумҳо руст кардаро ҳам гирифта бо худ мебарад. Эргаш, Сафарғулом ва дигар намояндагони насли дуввуми ғуломон зиёнкориву кинаҳои ниҳонии қутбия, Ҳамдамфурма ва Шошмақул барин муфтхӯрон ва бадхоҳони ҷомеаро фош мекунанд, ба рӯди ҷилвон об бароварда, заминҳои гирду атрофи онро шодоб мегардонанд.
Насли Насли сеюмро набераи Бобоғулом ва писари Эргаш – Ҳасан ва ҳамса- сеюм фони ӯ – Муҳаббат, Фотима намояндагӣ мекунанд. Ин насл дар ҷомеаи шуравӣ умр ба сар мебарад ва дар қисми охири асар – қисми панҷум фаъолият дорад. Махсусан, ишқу муҳаббати Ҳасану Фотима самимӣ ва воқеӣ мебошад. Вотима, ки ростқавл, меҳнатдӯст ва якрӯю якзабон буд, ба қутбияи бойдухтар майл кардани Ҳасанро дида, аз ӯ меранҷад. Ҳасан ин хатои худро дарк карда аз Фотима узр мепурсад. Дар асар ин лаҳза басо ҷолиб ба тасвир омадааст. Муҳаббат Ҳасанро барои ин хатоаш коҳиш карда мегӯяд:
– Дар аввал ту дили ӯро шикастӣ. Дили шикаста бо узру маъзартҳои хушку холӣ дуруст нахоҳад шуд. Дар натиҷаи таҷрибаҳои бисёр аст, ки гуфтаанд:
«Дил ки ранҷид аз касе, хурсанд кардан мушкил аст,
Шишаи бишкастаро пайванд кардан мушкил аст.
Шишаи бишкастаро пайванд кардан метавон,
Мурғи аз каф ҷастаро побанд кардан мушкил аст».
– Ман умедворам, ки, – гуфт Ҳасан, – ин узри ман узри хушку холӣ шуда намемонад.
Дар сухан истифода кардани порчаҳои шеърӣ аз суннатҳои волои халқи тоҷик ба шумор меравад ва аз фазилату маърифати гӯянда дарак медиҳад. Ҳасан ва Фотима фаъолияти зиндагии падарони худро дар шароити дигари иҷтимоӣ бо сарбаландӣ идома медиҳанд.
Дар «Ғуломон» образҳои зиёде амал мекунанд ва як сабаби асари барҷастаи ҳамосӣ ном гирифтани он сершумории образҳо мебошад. Ҳам персонажҳои асосӣ ва ҳам персонажҳои дуюмдараҷа ва ёрирасон дар инкишофи хатти сужети асар ва ҳалли зиддиятҳои он саҳм гузоштаанд. қиличхалифа, Абдурраҳмон сардор, Акрамбой, Набиполвон, Муҳаммад Карибой, ӯрмонполвон, кали Султон, Шоҳназарбой, Мулло қаҳҳор, қутбия барин образҳои манфӣ воқеӣ ва табиӣ тасвир ёфта, ифодакунандаи муносибату муомилаи қувваҳои манфии ҷомеа мебошанд.
Айнӣ ҳангоми тасвири образҳои манфӣ аз воситаҳои гуногуни тасвири бадеӣ ва тарзи баёни ҳаҷвӣ моҳирона истифода мекунад. Масалан, дар боби VIII қисми якуми роман маросими ғуломҷаллоби хевагӣ- Муҳаммад Каримбойро қабул кардани амир Ҳайдар1 тасвир ёфтааст. Вақте ки Муҳаммад Каримбой қоидаи дастбўсии амирро ба ҷой оварда аз саломхона берун мебарояд, ӯро дарбориён иҳота мекунанд. Ин манзара чунин тасвир ёфтааст: «Дар берун аҳли дарбор корвонбоширо монанди мӯру малах фаро гирифтанд. Инҳо монанди ҳашароти мурдорхор мехостанд аз бадани фарбеҳи чиркини корвонбошӣ, ки аз пеши амир ба обу арақ ғӯтида монанди мурдаи кӯҳна бӯй гирифта баромада буд, порчаҳои равғанин канда гиранд». қувваи ҳаҷви порчаи мазкурро ташбеҳу тавсиф ва муболиғаву киноя барин санъатҳои бадеӣ афзун намудааст.
«Ғуломон» романи таърихӣ мебошад ва дар байни персонажҳои он чун амир Ҳайдар, мулло қаҳҳор, қӯшбегӣ Низомиддинхӯҷа, Нуриддинхӯҷа чандин шахсҳои таърихӣ иштирок мекунанд ё ном бурда мешаванд. «Ғуломон» чун намунаи адабиёти бадеии халқҳои Осиёи Миёна дар 200 – ҷилдаи китобхонаи адабиёти ҷаҳонӣ ҷой гирифтааст. С.Айнӣ бо романи «Ғуломон» як силсилаи асарҳои насрии худро, ки аз китобҳои «Одина», «Дохунда» ва «Ғуломон» иборат буд, ба анҷом мерасонад. http://www.maktab.tj/maruza-insho/romani-%D2%93ulomon/
С.Айнӣ. Куллиёт (ҷилди 3)- Нашриёти давлатии Тоҷикистон "Сталинобод". 1960.
Назари худро нависед