JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс

Вазъи экологии сайёра ва оқибатҳои ногувори он

Вазифаи экологии умумиҷаҳонӣ танҳо ба омӯхтани таъсири фаъолияти инсон ба биосфера, ҷузъҳои таркибии он - атмосфера, гидросфера, литосфера, тағйирёбии таркиби химиявӣ, хосиятҳои физикӣ ва биологӣ ин ҷузъҳо маҳдуд намешавад, балки бояд қонунияти таҳаввули биосфера ва ноосфераро низ равшан намеояд. Барои омӯзиши ҳолати биосфера аз маводҳои пойгоҳҳои метеорологию климатологӣ, океанология, ҳамсафарҳои сунъии Замин, расмгирии фосилавӣ, инчунин аз маводҳои полеографӣ, геологияи таърихӣ, геохимия ва полеонтологӣ, геофизикӣ, тамсилсозӣ ва ғайра истифода бурда мешавад. Мушкилоти экологии умумиҷаҳонӣ хеле зиёданд, сарфи назар аз ин, ҳадди ақал ҳар сокини соҳибмаълумоти кишвар оид ба масъалаҳои экологӣ ва таъсири онҳо ба шароитҳои иқлимӣ, гидроэнергетикӣ, географӣ, гидрологӣ, ландшафтӣ ва геофизикию геохимиявии Тоҷикистон андешаи хоси худро дошта бошад. Ин масоилро олимони намоёни соҳаҳои мухталифи илм ба ду омилҳои ба ҳам алоқаманд тағйирёбии иқлим ва ифлосшавии муҳити зист тақсим намудаанд. 

 Тарғйирёбии иқлим зери таъсири омилҳои табиӣ ва инсонсириштӣ сурат мегирад. Ҳангоми ба ҳадди калон тағйир ёфтани иқлим минтақаҳои иқлимӣ ба самти арзҳои баланд ҷой иваз мекунанд. Инсоният фаъолияти худро ба тағйирот мутобиқ мегардонад. Ифлосшавии муҳити зист хосияти умумиҷаҳонӣ гирифтааст, зеро барои он сарҳади давлатӣ, динӣ ва миллӣ вуҷуд надорад.афзоиши ифлосшавии муҳит боиси пайдоиши хавфу хатари раванди мӯътадили низоми биосфера ва аз ҷумла инсоният мегардад.   Комплекси сӯзишворӣ – энергетикӣ дар миқёси ҷаҳон яке аз соҳаи асосии заҳролудкунанда ва ифдоскунандаи муҳити зист буда, ҳоло ба ҳиссаи он қариб 48% партовҳои заҳролуди атмосфера, 36% ифлосшавии захираҳои обӣ ва 30% дигар партовҳои заҳролудкунанда рост меояд.

Гардиши об дар табиат асоси муҳими никишофи тамоми тамоми мавҷудот дар кураи Замин мебошад. Инкишофи бемайлони соҳаҳои гуногуни саноат ва кишоварзиро бе истифодаи захираҳои обӣ тасаввур намудан ғайриимкон аст. Дар баробари ин раванди давргати об дар табиат коҳиш ёфта, аз ҷиҳати миқдор ва сифат тағйирот ба амал омад. Танҳо соли 2010 дар ҷаҳон зери офатҳои табиӣ (обхезӣ, сел, ярч, гирдбоду тундбод, хушксолӣ, боришоти аз ҳад зиёд, бодселӣ) ҳазорҳо одамон ҷони худро қурбон карданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин офатҳо дар канор нест, обхезӣ дар музофоти Кӯлоб, сел дар ноҳияи Айнӣ, музофотҳои таърихию геграфии Истаравшан ва ғайра далели ин гуфтаҳост. Аз тарафи дигар истифодаи ғайриоқилона ва ифлокунии таркиби об боиси ташвишу изтироби аҳли ҷаҳон гаштааст.

Муқаррар карда шудааст, ки барои гудохтани як тонна чӯян ва мибаъд ба ҳолати пӯлоду прокат овардани он 300 м3, барои як тонна мис - 500 м3, барои як тонна алюминий - 1500 м3, барои як тонна қоғаз  - 900 м3 ва брои як тонна нахи синтетикӣ бошад, бештар аз 4000 м3 об истифода мешавад. Масрафи захираи об ғайр аз соҳаҳои саноату кишоварзӣ ва хоҷагии комуналӣ боз ба миқдори хело зиёд ҳангоми аз тарафи инсон дигаргун сохтани тавозуни оби ноҳияҳои алоҳида, кишту кори марғзорҳо, буридани ҷангал, хушкунии ботлоқзор ба амал меояд, ки ғайр аз тезонидани суръати  бухоршавии об боз сабаи ба миқдори зиёд камшавии обҳои зеризаминӣ ни мегардад. Обҳои олудашуда яке аз сабабҳои асосии камшавии манбаи обҳои кураи Заамин мебошад. Дар ин масъала, пеш аз ҳама хавфи обҳои партов (саноатӣ, кишоварзӣ ва соҳаҳои хоҷагии манзилию маишӣ) хело калон аст. Ҳисоб карда шудааст, ки 1 м3 оби партов метавонад боиси олуда шудани 50–60 м3 оби тозаи табиӣ гардад. Соле ба наҳру дарёҳои кураи Замин бештар аз 160 км3 обҳои партови саноатӣ рехта мешаванд, ки он қобилияти оулда намудани 2000 км3 обҳои тозаро доранд. Махсусан, олудашавии таркиби об аз ҳисоби нафт ва маҳсулоти нафтӣ хело калон аст. Ба ҳисоби миёна соле ба Уқёнуси ҷаҳонӣ аз 15 то 25 млн. тонна нафт партофта мешавад, ки ин боиси ба миқдори зиёд нобуд гардидани ҳайвоноти баҳрӣ ва паррандагон мегардад.

Таи даҳ - бистсолаҳои охир истеҳсолу истифодаи захираҳои табиӣ дар тамоми минтақаҳои дунё афзуд. Сабаби асосии афзудани истифодаи сарватҳои табиӣ - зиёдшавии шумораи аҳолии сайёра ва тараққии босуръати техника мебошад. Дар натиҷа истеъмоли захираҳои табиӣ низ афзуд, ки сабаби кам ё нест шудани баъзе аз боигариҳои табиат гардид. Инқилоби илмию техникӣ яке аз омилҳои пуркуввати инкишофи ҷамъият мебошад. Ҳоло таъсири инсон ба биосфера босуръат афзуда истодааст. Аз ин рӯ, дар сатҳи сайёраи Замин ягон нуқтаеро дарёфт намудан мумкин нест, ки ба он таъсири фаъолияти гуногунҷамбаи инсон нарасида бошад. Одамон фаъолияти худро ҳоло ба он равона намудаанд, ки сараввал табиатро ба фоидаи худ тағйир диҳанд. Ҳамин тавр миллионҳо ҳектор заминҳои бекорхобидаи хушку каммаҳсулро ба заминҳои сермаҳсули кишоварзӣ табдил дода, боғҳои боҳашшамат бунёд кардаанд. Қитъаҳои қуруғзорроки сарчашмаи асосии касалии вазнини вараҷа буданд, хушк намуда, ба заминҳои кишоварзӣ табдил додаанд. Аз ҷониби одамон садҳо зотҳои ҳайвоноту ҳазорҳо навъи рустанӣ тағйир ёфта сермаҳсул ва ба касалиҳо тобовар гаштаасту манзараҳои зиёде амри вучуд доранд, ки барои беҳбудии иқтисодӣ ва инкишофи ҷамъият мусоидат менамоянд. Мутаассифона, гоҳҳо одамон бо фаъолиятҳои бехирадонаи хеш табиатро бар зарари худ тағйир медиҳанд. Чунин тағйирёбии табиат бештар бо истифодаи васеи техника ва силоҳи оташфишон ба амал меояд, ки дар натиҷа майдони ҷангал кам шуда, ҳайвонҳои нодир нест мешаванд. Азбаски шумораи аҳолии сайёра таи чанд даҳсолаи охир босуръат афзудаистодааст, истеҳсолу истифодаи сарватҳои табиӣ низ мутаносибан меафзоянд. Афзудани истеҳсолу истеъмоли зиёди сарватҳои табиӣ ба фауна ва флора зиёни калон расонидааст. Ин аст, ки дар Қитъаи Амрико миқдори подаи бизонҳо, дар Осиё - говмешу  оҳӯҳо ва дар минтақаҳои гуногуни сайёра шумораи даррандагон монанди палангу шер, леопарду пантера ва ғайра кам ва филҳо қариб, ки нест шудаанд. Дар сатҳи уқёнусҳо бошад, шумораи наҳангҳо хеле кам ва паррандаҳо қариб нест шуда­анд. Аз рустаниҳо бошад, шумораи зиёди авлоду намудҳо аз оилаҳоигуногун монанди хушадорону лолагулон, чиноракиҳою настараниҳо, лубиёгиҳою чиликгулон, мехчагулону мураккабгулон ва ғайра дар ҳолати нестшавӣ қарор доранд, ки ин ҳодисаҳо мушкилоти гуногуни умумибашарии экологиро ба амал овардаанд. Мушкилотҳои экологии муҳити зисти организмҳо, ки ҳоло ба амал омадаанд аз назари умум яке аз масъалаҳои рӯзмара ва ҳалталаб буда, пас аз хавфи исти­фодаи силоҳи ҳастаӣ мавқеъи дуюмро ишғол менамоянд.

Шароити ба амал омадан ва тараққӣ намудани ҳаёт дар сатҳи сайёра, атмосфера мебошад, ки атрофи онро муҳити газӣ иҳота кардааст. Қабати поёнии атмосфера (тропосфера) қариб 80%-и массаи онро ташкил менамояд. Баландин ин қабат гуногун буда, дар сатҳи уқёнус 8-10 км  ва дар хати истиво 18-20 км-ро  ташкил мекунад. Чунин баландшавии умумии ҳарорат дар сатҳи сайёраи Замин натиҷаҳои номатлуб оварда метавонад. Масалан, аз як тараф раванди ба амал омадани биёбонҳо тез мегардад, алалхусус ин протсесс сараввал дар Африқо, баъдтар дар Амрикои Шимолӣ ва дигар минтақаҳо сурат мегирад. Тағйирёбии иқлими Сибир ва Скандинавия низ мушоҳида мегардад. Аз тарафи дигар, сатҳи уқёнусҳои сайёра аз ҳисоби пиряхҳои обшуда баланд мешаванд, ки ин ҳодисабасатҳи хушкии сайёра хатари ҷиддӣ меорад. Аз ин рӯ, агар дар садсолаи охир сатҳи оби уқёнусҳо 10- 12 см баланд шуда бошад, пас то соли 2050-ум эҳтимоли баландии сатҳи оби онҳо то ба 150 см имкон дорад. Баландшавии сатҳи оби уқёнусҳо барои мамлакатҳои назди баҳрӣ ва шаҳрҳои алоҳида аз қабили Амстердам, Венетсия, Рио-де-Жанейро, Санкт-Петербург, Гамбург, Монтевидео  ва ғайра пробле­маи ҷиддиро ба амал меоварад. Ғайр аз ин мамлакатҳои араб зери об монда, то 15%, майдони Миср, то 4% майдонҳои кишти Бангладеш аз истифода баромада, заминҳои зиёде ба шӯразор табдил меёбанд. Вақти баландшавии ҳарорат майдо­ни зиёди ҷангалҳо ва ҳайвоноти зиёди нодир нест шуда, май­дони чарогоҳҳо кам мешаванд. Проблемаи баландшавии ҳарорати сайёра проблемаи нав нест. Ҳол он ки яке аз олими фаронсавӣ Ж. Фуре соли 1827 пешниҳод намуда буд, ки атмо­сфера ба ҳарорати сатҳи Замин таъсири ҳархела дорад. Охири садаи XIX олими шведӣ Аррениус бо хулосае омада буд, ки зери афзудани сузишвориҳои гуногун ҳаҷми диоксиди карбон (СО2) меафзояд, ки ин сабаби баландшавии ҳарорати сатҳи Замин мегардад. Ҳисоб шудааст, ки дар сурати чораҳои ҷиддӣ надидан, тайи ҳар 23 сол ҳаҷми СО2 ду маротиба меаф­зояд, ки ин сабаби боз тезтар баландшавии ҳарорат мегардад. Ҳамаи гуфтаҳои боло сабаби он гаштанд, ки соли 1957 аз ҷониби ҷамъияти байналхалқии олимон нуқтаҳои зиёди озмоишӣ оиди ифлосшавии муҳити зист ва экология таъсис ёфт.

Масъалаи дигари экологӣ, ин хавфи хароб гардидани қабати озонии атмосфера - озоносфера мебошад. Исбот намудаанд, ки танҳо дар сурати 1% кам шудани қабати озонии таркиби атмосфера шумораи маризиҳои саратони пуст то 5-7% меафзояд. Ин нишон медиҳад, ки танҳо дар минтақаи Аврупо соле то 6-9  000 нафар гирифтори ин касалии шадид мегардад. Сабаби асосии хароб шудани қабати озонӣ афзудани ҳаҷми оксиди нитроген, атомҳои хлор ва буғи оби дар тарки­би атмосфера буда мебошад. Нурҳои ултрабунафш, ки дарозии мавҷашон аз 0,290 мкм камтаранд, барои тамоми мавҷудоти зиндаи сайёраи мо марговаранд. Ҳаёт дар сатҳи сайёраи мо маҳз аз он сабаб имконпазир аст, ки дар баландии 25 - 50 км-и  сатҳи атмосфера, дар қисми болоии тропосфераву қисми поёнии стратосфера қабати озонӣ - озоносфера   ҷойгир аст ва ин қабат нурҳои кутоҳмавҷи ултробунафшро нигоҳ дошта ба сатҳи Замин танҳо баъд, қисми лозимии нурҳои ултробунафши нисбатан дарозмавҷро  (0,300 - 0,400 мкм) мегузаронад. Нурҳои ултрабунафш аз чиҳати кимиёвӣ хеле фаъол буда, дар сурати аз меъёри табиӣ зиёд буданашон ба организмҳои зинда зарар меоваранд. Ин аст, ки қабати озонӣ таъсири нурҳои ултрабунафшро то ба 6500 маротиба кам менамояд.  Чунки миқдори ками ин нурҳо барои фаъолияти муътадили организмҳои зинда, зарураст. Барои ҳалли ин проблемаи глобалии экологӣ соли 1985 дар шаҳри Вена гуфтугуи байналхалқӣ барпо гардид, ки «Конвенсияи Венаро оиди ҳифзи қабати озонӣ» қабул намуд. Гарчанде конвенсияи Вена имзо шуда бошад ҳам, ҳамаи имзокардагон ба хулосаи ягона оиди кам кардани партовҳои зиёновар наомадаанд. Аз ин лиҳоз соли 1987 протоколи Монреал (Канада) қабул шуд, ки дар он намояндагони 98 мамлакати дунё иштирок доштанд. Дар протоколи имзокардаи онҳо қайдшуда буд, кипартовҳои зиёноварро яку якбора не, балки давра ба давра кам кардан лозим. Соли 1990 дар Лондон вохӯрии нави намоянда­гони мамлакатҳои имзокарда бо иловаи 60 мамлакати дигар шурӯъ шуда протоколро доир ба то соли 2000-ум пурра қатъ гардондани истеҳсоли маводи ифлоскунандаи сатҳи атмосфе­ра ва харобкунандаи қабати озониро имзо намуданд.

Ҳанӯз дар нимаи охири садаи XIX кимиёшинос Р. Смит назарияи боришҳои ишқордорро пешниҳод намуда буд. Сабаби асосии ба амал омадани чунин боришотро Ӯ аз меъёри табиӣ зиёд сухтани ангишт меҳисобид. Смит Р. таъсири манфии боришоти ишқордорро барои набототу ҳайвонот, обу ҳаво ва умуман табиат нишон додааст. Аз нимаи дуюми садаи гузашта cap карда, олимони соҳаи экология таъсири ин ҳодисаро дар табиат ба таври мушаххас мавриди омузиш қарор додаанд. Мутаассифона, дар давоми 20-25  соли  охир ин масъала яке аз проблемахои ҷиддӣ ва тезу тунди экологиро ба миён овардаас. Чи тавре маълум аст, дар илми кимиё туршии маҳлули обиро бо аломати рh (яъне нишондиҳандаи дараҷаи ғилзати ионҳои гидроген) ишора намуда, натиҷаи онро дар ҳудуди аз 0 то 14 муайян ва чен мекунанд. Масалан, дар сурати рh=7 будан вай мутлақо бетараф будани маҳлули обакиро нишон медиҳад,  ки дар он ҳама ионҳои гидроген зиёновар нестанд. Вале дар сурати ба як воҳид кам ё зиёд шудани рh дараҷаи ғилзати туршӣ 10 маротиба кам ё зиёд мешавад. Дар сурати рh аз 7 зиёд будан муҳитро ишқорӣ ва дар ҳолати рh аз 7 паст будан - турш меноманд. Тағйирёбии рh – ро  ҳамеша дар давоми шабонарӯзӣ ва сол мушоҳида кардан мумкин аст. Механизми танзим намудани рh дар таркиби хок гуно­гун мебошад. Бинобар ин, ҳам  муҳити обӣ ва ҳам муҳити хокӣ қобилияти устувор нигоҳдории рh – ро  доро мебошанд. Ба ҳамаи хислатҳои устувории обу хок ва хаво нигоҳ накарда, дар сурати аз меъёри табиӣ зиёд шудани партовхо рh–и муҳити онҳо тағйир меёбад, ки ин ба табиат таъсири манфӣ мерасонад. Чи қадаре, ки рh паст шавад, хамон кадар туршии муҳит зиёд мегардад. Организмҳои зинда дар рафти эволютсия ба рh–и муайяни муҳит мутобиқ шудаанд ва дар натиҷаи тағйирёбии он ҳалок мешаванд. Масалан, дар ҳолати рh = 6,5-6,0  будани муҳити обӣ нармбаданҳою буғумпойҳо ва дигар ҳайвонҳои хурди обӣ нобуд мешаванд. Дар холати рh = 5,5-5,0 будан, бештар планктонҳо, ҳашаротҳо ва моҳиёни гуногун (аз ҷумла гулмоҳӣ) нобуд мегарданд. Ҳангоми аз 4,5 паст шудани рh–и муҳит дар об микроорганизмҳо нест шуда, протсесси ҳосилшавии моддаҳои органикӣ қатъ мегардад, дар натиҷа баъдан туршшавии анаэробӣ оғоз гардида, боиси ҷудошавии газҳои метан ва сулфид мегардад. Дар чунин мавридҳо об хеле тозаю шаффоф менамояд, лекин дар асл дар таркиби он аллакай ҳаёти организмҳо ба пуррагӣ қатъ гаштааст.

Масъалаи дигари экологӣ, ки ҳоло мо ба он таваҷҷӯҳ хоҳем фармуд - норасоии оби нушокӣ мебошад. Сабаби нарасидани оби тоза нархи ночизу бесоҳиб будани он мебошад. Бе нарх будан ва истифодаи бехирадонаи об дар сатҳи сайёра ба он овард, ки дараҷаи тоза будани он дар муҳити табиӣ хеле паст гардид. Одамон чунин ҳисобиданд, ки обро бемеъёр истифода кардан ва фикр накарда ифлос намудан чазои маъмурӣ надорад. Аз ин ҷост, ки баъзе ашхоси масъули «Донишмандони соҳаи экология» баҳри Аралро «Хатогии табиат» ҳисобида, оби дарёҳои Омӯву Сирро бебаркаш, бо нақшаю бе нақша барои шодоб намудани заминҳои ҳосилхез истифода карданд. Наҳрҳои зиёде канда, обро ба пахтазор беягон асбоби обченкунӣ равон намуданд, ки ин ҳолат сабаби асосии хушк шудани баҳри Арал гардид. Чунин муносибати бехирадонаи  инсон нисбат ба об, аз як тараф, агар боиси шуста ба қуруқзор табдил додани заминҳои зиёди водиҳою биёбонҳо гардида бошад, аз тарафи дигар, сабаби пайдо гардидани шӯразаминҳо гардидааст. Аз ин ҷост, ки ҳоло зиёда аз 40%-и  масоҳати заминҳои пахтакории минтақаи Осиёи Марказӣ аз меъёри муқараршудаи иқтисодӣ хеле кам ҳосил медиҳанд. Аз ҷойҳои хушк шудаи замини зери баҳри Арал соле то 150 млн. тонна намакҳои гуногунро бод ба атрофи он паҳн мекунад, ки ин сабаби ба амал омадани касалиҳои гуногуни одамону ҳайвонот гаштааст. Мувофиқи ахбори расонаҳои гуногун ҳоло зиёда аз 20 давлати дунё, ки шумораи аҳолиашон аз 132 млн. кас зиёд аст, аз оби нушокӣ танқисӣ мекашанду 2,4 млрд. нафар оби пурра тоза накардаро истеъмол менамоянд. Ёдовар шудан бамаврид аст, ки Пешвои миллати тоҷикон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мақолаи хеш «Тоҷикистон дар остонаи асри XXI», ки 7 декабри соли 2000 дар саҳифаҳои рӯзномаи «Независимая газета»-и  Федератсия Руссия ба табъ расида буд, сатҳи экологии Осиёи Марказиро дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор дода, зикр намудааст, ки дар натиҷаи гармшавии ҳарорати сатҳи сайёра дар давоми 50 соли охир 1/3 ҳиссаи захираи оби яке аз пиряхҳои калонтарини Осиёи Марказӣ - Федченко  кам шудааст. Дар ин мақола Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудааст, ки табиати сайёра силсилаҳои зиёди гарму сардшавии иқлимро медонад, вале мо, алҳол давраи гармшавиро аз cap мегузаронем. Агар ин тамоюл идома ёбад, гумон аст, ки дар сад соли наздик аз пиряхи Федченко чизе боқӣ нахоҳад монд. Аммо муҳим он аст, ки агар дар бораи нигоҳ доштани захираҳои обии Тоҷикистон ба охир мерасад. Масъалаҳои асосии экологии ҷаҳони муосир ва таъисри онҳо ба захираҳои обии кишвар хеле хатари калон дошта, на танҳо ба захираҳои гидрографӣ, балки ба тамоми сарватҳои табиӣ таъсири манфии худро мегузорад. Баҳри  баратараф намудани масоили ҷойдоштаи ҳалталаби умумибашарӣ чораҳои аввалиндараҷаро дидан мебояд.

Инсон ба корҳои ҳаррӯзаи худ машғул шуда, одатан таъсири худро нисбат ба муҳит равшан ҳис намекунад ва ё нисбат ба онҳо бетафовут менигарад. Чи тавре, ки маълум аст, тағйироти миқдорӣ ҷамъ шуда, дар як вақти муайян ба ҷаҳиш ба тағйироти сифатӣ бадал мешаванд, ки дар мавридҳои ҷудогона он боиси фалокатҳои даҳшатовар мегардад. Фалокатҳои ҷузъӣ нишонаи зуҳуроти бӯҳрони умумии сайёравӣ мебошанд. Солҳои охир инсон ин масъалаҳоро натиҷагирӣ намуда, бояд ба он кӯшад, ки робита ва таъсири мутақобилаи он аз ҳолати имрӯза пуршиддаттар нагардад. Аз ин лиҳоз инсониро зарур аст, барои пешгирии хатари экологӣ чораҳои аввалиндараҷаро андешад.

 Номвар ҚУРБОНОВ

 

Дар бораи мавод назари худро нависед

Назари худро нависед

Маҷаллаҳо

Осиё ва Аврупо - маҷаллаи илмӣ
Маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» нашрияи
Илм ва Ҷомеа-маҷаллаи академии илмию оммавӣ
Ахбори АМИТ (маҷаллаи илмӣ)
АХБОРИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ
ПАЁМИ ТИББИИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
Илм ва Ҷомеа-маҷаллаи академии илмию оммавӣ
Санъатшиносӣ-Маҷаллаи илмӣ-назариявӣ
Маҷаллаи илмӣ-назариявии «Санъатшиносӣ»
Иқтисодиёти Тоҷикистон (маҷаллаи илмӣ)
ISSN2310-3957
ИҚТИСОДИЁТИ ТОҶИКИСТОН
ЭКОНОМИКА ТАДЖИКИСТАНА
Дар
Илм ва Ҷомеа-маҷаллаи академии илмию оммавӣ
МУАРРИХ (маҷаллаи илмӣ-назариявӣ)
Маҷаллаи илмӣ-назариявии «Муаррих»
Илм ва Ҷомеа-маҷаллаи академии илмию оммавӣ №1-2(9-10) 2017
Суханшиносӣ (маҷаллаи илмӣ № 1,2,3  2017)
Маҷаллаи «Суханшиносӣ» нашрияи
Суханшиносӣ (маҷаллаи илмӣ №3, 2016)
Маҷаллаи «Суханшиносӣ» нашрияи
Илм ва Ҷомеа-маҷаллаи академии илмию оммавӣ №3-4 (7-8) 2017
Илм ва Ҷомеа-маҷаллаи академии илмию оммавӣ №2 (6) 2017
Илм ва Ҷомеа-маҷаллаи академии илмию оммавӣ №1 (5) 2017
Ахбор - Известия
Илм ва Ҷомеа-маҷаллаи академии илмию оммавӣ №3-4 (2016)
Илм ва Ҷомеа-маҷаллаи академии илмию оммавӣ №1-2 (2015-2016)
Суханшиносӣ (маҷаллаи илмӣ №2, 2016)
Маҷаллаи «Суханшиносӣ» нашрияи
Суханшиносӣ (маҷаллаи илмӣ №1, 2016)
Маҷаллаи «Суханшиносӣ» нашрияи
Previous Next Play Pause

Илм-фурӯғи маърифат

Барномаи омодагӣ ба Озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат”
matematika-baroi-muassisa-oi-ta-siloti-mijonai-umum
Адабиётҳои тавсияшаванда аз фанни математика барои Муассисаҳои таҳсилоти олӣ
Адабиётҳои тавсияшаванда аз фанни
Физика
Адабиётҳои тавсияшаванда аз фанни
Химия
Адабиётҳои тавсияшаванда аз фанни
Роҳнамои дарёфти номгӯиҳои географӣ...
АЗИЗОВ Н. Ҳ., АЗИЗОВА С. Ҳ. Роҳнамои
Картография бо асосҳои топография
Сабуриён М.М., Холов Ҳ.Ҳ. Картография
Захираҳои туристӣ: ёдгориҳои фарҳангӣ-таърихӣ ва табиӣ
Памир: ресурсный потенциал и перспективы развития экономики
Глятсиология
Мӯсоев З.М., Қаландаров А.А., Наимов
Ганҷинаи табиати Тоҷикистон
Муҳаббатов Х. Ганҷинаи табиати
Об - манбаи ҳаёт
Муҳаббатов Холназар. Об - манбаи
Об ҳаёт аст
Ҳамдам Оҷилов., Ҳусейн Аброров. Об
Об, илм ва рушди устувор
Раҳимӣ Ф., Муҳаббатов Х., Ниёзов
Асосҳои биогеография
Рауфов Р.Н., Азизов Н.Ҳ.,Наврӯзов
Асосҳои геология
Сабуриён Мирзосафари Мирзо. Асосҳои
Кишварҳои ҷаҳон дар рақамҳо
Сабуриён М. М., Қосимов Н.Н. Холов
Таърихи кашфиёти географӣ
Дар китоби дарсӣ маълумотҳо оид
Previous Next Play Pause