JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс

Табиат мекунад моро табобат

Табиат олами зинда ва ғайризиндаро фаро гирифта, ҳастии ҳаётро таҷассум менамояд. Инсон барои мустақилона зиндагӣ карданаш пеш аз ҳама ба муҳити зист мутобиқ мешавад. Аз пайдоиши ҳаёт то ба имрӯз инсоният бо ақлу заковати воло табиатро бо ҳама гуногунрангӣ ҳифз намуда, қонуниятҳои онро бо зиндагии хеш алоқаманд намуда, ҷамъияти инсониро ташаккул додаст. Аммо имрӯз муносибати одамон бо табиат ва таъсири муҳит ба саломатии инсон чӣ гуна аст? 

Ягон мавҷудоти зинда бе табиат вуҷуд дошта наметавонад. Яъне, об, ғизо, ҳаво, либос, набототу ҳайвонот ва ҳарорати мӯътадил мунтазам барои организмҳои зинда ва одам лозим аст. Бояд нисбат ба дигар мавҷудоти зиндаи рӯйи замин муносибати одам бо табиат бошуурона бошад.

Зеро байни орга­низм ва муҳит мунтазам мубодилаи моддаҳо ба вуҷуд меояд. Таъсире, ки ҳоло одам ба таби­ат мерасонад, ниҳоят зиёд аст ва он метавонад мувозинаи умумиро халалдор созад.

Мо истифодаи захираҳои табииро чӣ хел мефаҳмем? Ҳар як шахс барои ҳаёти мӯътадил ба cap бурдан мехоҳад ҳар чи бештар аз табиат истифода барад. Ӯ заводу корхонаҳо бунёд менамояд, барои ҳосили хуб ба даст овардан аз моддаҳои ҳимиявӣ истифода мебарад, буттаву дарахтонро ҳамчун сӯзишворӣ истифода мебарад ва ин ба та­биат таъсир мерасонад. Аз ин рӯ, дар фазоӣ атмосфера чангу дуд меафзояд, захираҳои обӣ кам ва таркиби хок вайрон мешавад. Ҳамаи ин саломатии инсонро халалдор месозад.

Агар дар атмосфера микдори газҳо кам ё зиёд шавад, чанг, дуд, туман одамонро ба бемориҳои гуногун гирифтор мекунад. Бемориҳои шуш, дил ва камхунӣ лейкоз аз таъсири ҳавои ифлос ва вуҷуд меоянд. Инчунин ҳар гуна партовҳои саноатию истеҳсолӣ на танҳо ба таркиби атмосфера, балки ба обҳои нӯшокӣ, захираҳои табиӣ ва иқлим бе таъсир намемонанд. Инсон ҷангалро мебуррад ва ин ба кам шудани захираҳои обӣ, шуста шудани қабати болоии хок, хушк шудани за­мин оварда мерасонад. Аз бепарвоёна истифода кардани сарватҳои зеризаминй ва захираҳои иқлимӣ инсон ба мушкилоти экологӣ рӯ ба рӯ меша­вад.

Барои муҳофизати салома­тии инсоният, муҳити зист ва наслҳои оянда бояд чораҳои гуногуни мисли кабудизоркунӣ, сохтани партовгоҳҳо, оқилона истифода бурдани захираҳои табиӣ ва гайра кор гирифта шавад.

Шервони УМРИДДИН
журналист
Дар бораи мавод назари худро нависед

Назари худро нависед

Маҷаллаҳо

Осиё ва Аврупо - маҷаллаи илмӣ
Маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» нашрияи
Илм ва Ҷомеа-маҷаллаи академии илмию оммавӣ
Ахбори АМИТ (маҷаллаи илмӣ)
АХБОРИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ
ПАЁМИ ТИББИИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
Илм ва Ҷомеа-маҷаллаи академии илмию оммавӣ
Санъатшиносӣ-Маҷаллаи илмӣ-назариявӣ
Маҷаллаи илмӣ-назариявии «Санъатшиносӣ»
Иқтисодиёти Тоҷикистон (маҷаллаи илмӣ)
ISSN2310-3957
ИҚТИСОДИЁТИ ТОҶИКИСТОН
ЭКОНОМИКА ТАДЖИКИСТАНА
Дар
Илм ва Ҷомеа-маҷаллаи академии илмию оммавӣ
МУАРРИХ (маҷаллаи илмӣ-назариявӣ)
Маҷаллаи илмӣ-назариявии «Муаррих»
Илм ва Ҷомеа-маҷаллаи академии илмию оммавӣ №1-2(9-10) 2017
Суханшиносӣ (маҷаллаи илмӣ № 1,2,3  2017)
Маҷаллаи «Суханшиносӣ» нашрияи
Суханшиносӣ (маҷаллаи илмӣ №3, 2016)
Маҷаллаи «Суханшиносӣ» нашрияи
Илм ва Ҷомеа-маҷаллаи академии илмию оммавӣ №3-4 (7-8) 2017
Илм ва Ҷомеа-маҷаллаи академии илмию оммавӣ №2 (6) 2017
Илм ва Ҷомеа-маҷаллаи академии илмию оммавӣ №1 (5) 2017
Ахбор - Известия
Илм ва Ҷомеа-маҷаллаи академии илмию оммавӣ №3-4 (2016)
Илм ва Ҷомеа-маҷаллаи академии илмию оммавӣ №1-2 (2015-2016)
Суханшиносӣ (маҷаллаи илмӣ №2, 2016)
Маҷаллаи «Суханшиносӣ» нашрияи
Суханшиносӣ (маҷаллаи илмӣ №1, 2016)
Маҷаллаи «Суханшиносӣ» нашрияи
Previous Next Play Pause

Илм-фурӯғи маърифат

Барномаи омодагӣ ба Озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат”
matematika-baroi-muassisa-oi-ta-siloti-mijonai-umum
Адабиётҳои тавсияшаванда аз фанни математика барои Муассисаҳои таҳсилоти олӣ
Адабиётҳои тавсияшаванда аз фанни
Физика
Адабиётҳои тавсияшаванда аз фанни
Химия
Адабиётҳои тавсияшаванда аз фанни
Роҳнамои дарёфти номгӯиҳои географӣ...
АЗИЗОВ Н. Ҳ., АЗИЗОВА С. Ҳ. Роҳнамои
Картография бо асосҳои топография
Сабуриён М.М., Холов Ҳ.Ҳ. Картография
Захираҳои туристӣ: ёдгориҳои фарҳангӣ-таърихӣ ва табиӣ
Памир: ресурсный потенциал и перспективы развития экономики
Глятсиология
Мӯсоев З.М., Қаландаров А.А., Наимов
Ганҷинаи табиати Тоҷикистон
Муҳаббатов Х. Ганҷинаи табиати
Об - манбаи ҳаёт
Муҳаббатов Холназар. Об - манбаи
Об ҳаёт аст
Ҳамдам Оҷилов., Ҳусейн Аброров. Об
Об, илм ва рушди устувор
Раҳимӣ Ф., Муҳаббатов Х., Ниёзов
Асосҳои биогеография
Рауфов Р.Н., Азизов Н.Ҳ.,Наврӯзов
Асосҳои геология
Сабуриён Мирзосафари Мирзо. Асосҳои
Кишварҳои ҷаҳон дар рақамҳо
Сабуриён М. М., Қосимов Н.Н. Холов
Таърихи кашфиёти географӣ
Дар китоби дарсӣ маълумотҳо оид
Previous Next Play Pause