JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс

Нақши фалсафа дар бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ

Дараҷа: Мусоҳиба

Мусоҳиба бо файласуфи муосири тоҷик, доктори илмҳои фалсафа, профессор Абдусамад Самиев

 Маҷаллаи «Илм ва Ҷомеа» мусоҳибаи навбатиро бо доктори илмҳои фалсафа, профессор Абдусамад Самиев, ки мактаби фалсафии аҳди Шӯравиро гузаштааст ва яке аз файласуфони номвари замон маҳсуб меёбад, анҷом дод. Мухтасари мусоҳиба бо устод А. Самиев манзури Шумо мегардад.

 Абдусамад Самиев:

Мо ҳозир дар раванди бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ зиндагӣ дорем. Мутаассифона, то ҳанӯз коршиносон, ҷомеашиносон ва муаррихон як таълимоти комиле пешниҳод накардаанд, ки мо тавонем тавассути он  ин ҷомеаро омӯзем ва ба як хулосае биёем, ки мо дар кадом ҷомеа зиндагӣ дорем ва ин ҷомеа чӣ ном дорад? Яъне, мо ҷомеае, ки дар он зиндагӣ ва фаъолият мекунем, то ҳол хуб намедонем. Дар натиҷа, ҳар нафар ҷомеаи феълиро ба таври биниш ва фаҳмиши худ мефаҳмад ва баҳо медиҳад. Лекин мавзӯи суҳбати мо дигар аст. Мавзӯе, ки пешниҳод шудааст   (яъне  “Нақши фалсафа дар ҷомеаи шаҳрвандӣ”), ду масъаларо дар бар мегирад: а) зери мафҳуми фалсафа дар гузашта чиро мефаҳмиданд  ва ҳоло чиро мефаҳманд; б) нақши фалсафа дар бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ чӣ гуна аст?  Ба ақидаи ман, ин ду савол бо ҳам зич алоқаманд буда, пайвастагии ногусастанӣ доранд.  

Комил Бекзода:

Абдусамад Ҳасанович, ман пеш аз суханрониатон, як нуктаро гуфтаниям. Масъала ин ки ҳамин қисмати маҷалла, ки барои мутолиа хидмати шумо додам, “Ҷаҳон аз нигоҳи дигар”унвон дорад.  Хуб,  ман боварӣ дорам, ки назари Шумо дар ин мавзӯъ назари  нав  аст ва тарзи баҳсороии мо ин аст, ки баҳсе зинда бошад, дар асоси саволу ҷавоб.

Нозим Нурзода:

Устод, шумо имкони хуби суҳбат кардан ба забони тоҷикиро доред ва дар мисоли тафсири зебое, ки акнун кардед, ин нукта собит шуд. Назароти Шумо дар робита бо баҳс ва матолиби фалсафӣ хеле ҷолибанд. Рубрикаи маҷалла ҳамин хел аст, ки Шумо ҳамчун файласуфе, ки дар замони Шӯравӣ зиндагӣ кардаед, бурду бохти фалсафаи замони Шӯравиро медонед, назаратонро дар бораи вазъи фалсафа дар аҳди Шӯравӣ ва масоили марбут ба он ироа доред. Тибқи махсусияти мусоҳибаи маҷалла, назари Шумо доир ба вазъи фалсафа дар аҳди Шӯравӣ пурсида мешавад ва тамоми он саволҳое, ки дар ин замина матраҳ мегарданд, ба диди хосси шумо ҳамчун файласуфи замони Шӯравӣ марбутанд. Ба сухани дигар, фалсафаи имрӯзаро чӣ гуна баҳо медиҳед?

Самиев Абдусамад:

Бояд тазаккур дод, ки фалсафа ҳамчун тарзи махсуси дарки олам ва худшиносии инсон дар тамоми давру замонҳо вуҷуд дошт. Инсон ва ҷомеа бе фалсафа вуҷуд дошта наметавонанд. Шояд, ки инсонҳо инро дарк карда натавонанд, вале фалсафаи инсонӣ ҳамчун қисми таркибии фарҳанги миллӣ новобаста аз онҳо вуҷуд дорад. Аз ин лиҳоз, дар аҳди Шӯравӣ, албатта, фалсафа бо номи “фалсафаи марксистӣ – ленинӣ” вуҷуд дошт. Аммо  саволе ба миён меояд, ки то чӣ андоза онро фалсафа дар маънои аслиаш номидан  мумкин аст. Фалсафаи марксистӣ – ленинӣ дар шакли идеологияи расмии давлатӣ вуҷуд дошт. Ҳадафи асосии ташаккули ҷаҳонбинии коммунистӣ ва марксистӣ- ленинӣ  аз ҷиҳати илмӣ асоснок намудани идеологияи давлатӣ ва сохти давлатдории Шӯравӣ буд. Илме,  ки бо идеология омехта мешавад, вай характери илмии худро гум мекунад. Илм  ба монанди динҳо бояд аз давлат ва идеологияи давлатӣ ҷудо бошад. 

Акнун мегузарем ба масъала пайдоиши фалсафа дар маънои аслиаш. Аввалан, бояд қайд намуд, ки фалсафа дар ҷомеаи озод дар вазъияти баҳс (диалог), ҳамчун шакли ҷаҳонбинӣ ва худшиносии фардӣ пайдо мешавад. Қайд кардан лозим аст, ки то пайдоиши фалсафа шакли асосии худшиносӣ асотир (миф) буд. Аммо асотир шакли коллективии ҷаҳонбинӣ ва худшиносӣ мебошад. Фалсафа бошад, шакли индивидуалӣ (фардӣ)-и худшиносӣ аст. Мувофиқи сарчашмаҳои таърихӣ, фалсафа дар аввалин шакли ҷомеаи озод ва шакли аввалин демократия дар “полис” (община –ҷамоат)-и- антиқа дар шаҳри Афинаи бостон ( асри VI –V то мелод) пайдо шудааст. Маҳз дар майдони шаҳри Афина аввалин маротиба одамони касбу кори гуногун ба майдон баромада, ақидаҳо оиди ҳақиқат, тарзи зиндагӣ, тарзи идоракунии давлат, масъалаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, адолат ва беадолатӣ, бадию некӣ, доноӣ ва нодонӣ, тарзи донистани олам ва инсонро мавриди баҳсу муҳокимарониҳо қарор доданд. Ҳар як нафар метавонист озодона фикри худро баён намуда, ба фикри дигар муқобил гузошта, вайро ё рад ва ё тасдиқ намояд. Дар ҳамин ҳолати баҳс (диалог), дар вазъияти ҳоло нарасидан ба дарки ҳақиқат аввал фалсафа, баъдтар мантиқ, риторика (санъати суханварӣ) ва сиёсатшиносӣ пайдо шуда, шакл мегиранд. Ҳар сокини полис (шаҳр-кишвар) худро мухтор ва мустақил ҳисобида, метавонист озодона бе тарсу ҳарос ақидаи худро нисбати масъалаҳои мубрами ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии давлат баён намуда, дар идоракунии мамлакат фаъолона ширкат варзад. Ва аввалин “шаҳрванд” низ дар полиси антиқа дар раванди озодандешию ошкорбаёнӣ пайдо шудааст. Баъдтар дар ин замина дар Рими қадим калимаи “республика” пайдо мешавад, ки аз ду калима иборат буд: “респ” (кор, фаъолият) ва “публика” (омма), яъне иштироки васеи омма дар идоракунии давлат дар қонунгузории Рим ҳукми қонунӣ мегирад.

 Акнун саволе ба миён меояд, ки ҷомеаи озод  чӣ  маъно дорад, ки маҳз он боиси пайдоиши фалсафа гардидааст? Ҷомеаи озод ин худ ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад. Бояд дар назар дошт, ки аввал шаҳрванд ва пас ҷомеаи шаҳрвандӣ пайдо мешавад. Дар “полис”, яъне дар ҷомеаи антиқа на ҳар нафарро шаҳрванд меномиданд. Шаҳрванд шахсе шуда метавонист, ки:  якум,  ки дорои моликият бошад ва тавонад новобаста аз дигарон, аз ҷумла аз давлат зиндагии худро таъмин намояд. Дар фаҳмиши эллиниҳо, асоси озодӣ ин мустақилияти иродаи инсон ва иқтисодиёт мебошад. Дуюм, ҳар як фард, новобаста аз мавқеи иҷтимоиаш бояд, ки фикри худ, ақидаи худ ва  мавқеи худашро дошта бошад. Вай бояд ба ақли дигарон не, балки бо ақли худаш фикр кунад, пайрави ҳар гуна фитнаю иғвоҳо, ҷараёну равияҳое, ки зиндагии осоиштаи вайро халалдор месозанд, нашавад. Сеюм, шаҳрванд бояд фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоии давлатӣ иштирок намояд, дар ҳифзи марзу буми вай ҳиссагузор бошад, мавқеъ ва сухани вай дар ҳалли масъалаҳои муҳими иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ бояд шунида шавад ва ба инобат гирифта шавад.

Азбаски ҳамин гуна одамоне, ки фикру ақида ва мавқеи худро доштанд, якто не, тамоми  аъзои “полис” буд, онҳо маҷбур буданд, ки ба ҳам баҳс  ва гуфтугӯи ошкоро карда, ба як созише биёянд. Вақте ки шумо мавқеи худро доред, ақидаи худро доред ва худатон бо каллаи худатон ва на ба калаи бегонагон фикр мекунед ва доир ба масъалаҳое, ки дар ҷомеа пайдо мешавад, мавқеи худро муайян мекунед ва ҳамин гуна нафароне, ки айнан шумо барин фикр ва мавқеи худро доранд, мехоҳанд овози онҳо шунида ва ба инобат гирифта шавад, дар он сурат, ҷомеа  маҷбур мешавад, ки хоҳ-нохоҳ бо ҳам ба як қарордод биёяд. Дар ин қарордод, ки дар асоси меъёрҳои ҳуқуқӣ сурат мегирад, бояд роҳҳо ва усулҳои асосии ҳалли масъалаҳои тақдирсози давлат ва миллат равшан ифода ёбанд. Дар чунин сурат давлат наметавонад, ки иродаи худ ё иродаи як гурӯҳи хурди хизматчиёни воломақоми давлатиро ба гардани шаҳрвандон маҷбуран бор кунад. Шаҳрванд будан ин маънои озод будан, озод андешидан, фикри шахсии худро доштан, масъулияти шаҳрвандӣ доштан ва дар тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷомеа фаъолона иштирок кардан аст. Яке аз сабабҳои асосии пайдо шудани фалсафа ва илм дар Юнони қадим, ба фикри ман, маҳз дар ҳамин аст.

Фалсафа аз ибтидои пайдоишаш мувофиқи формулаи: надонистан - донистан - дарки ҳақиқат инкишоф ва ривоҷу равнақ ёфтааст. Ва ҳамеша дар баҳсу муколама обутоб ёфта, то ба имрӯз расидааст. Аз ин рӯ, агар мо ба таърихи фалсафа назар андозем, ҳамеша файласуфон дар оппозитсия бо ҳукумати расмӣ буданд. Чунки онҳо камбудӣ ва иштибоҳи сиёсати давлатро ба хубӣ дарк намуда, ошкор намуда, барои бартараф намудани онҳо маслиҳат ва дастур пешниҳод менамуданд. Барои ғулом, батрак, коргари кироя, ки танҳо дар бораи “қути лоямут” ё “бихӯр -- намур” фикр мекунанд ва дорои тафаккури бардагӣ мебошад, фалсафа лозим нест. Барои онҳо фалсафа як соҳаи бемаъно, гапфурӯшӣ ва  нодаркор маҳсуб меёбад. Фалсафа ҳамчун шакли махсуси дарки ҳастӣ, хоси шахсиятҳои озод ва бомаърифат, яъне шаҳрванд мебошад. 

Бояд махсус қайд намуд, ки шаҳрванд ин мартаба ва мақом мебошад. На ҳар фардро шаҳрванд номидан мумкин аст. Инсон ҳамчун шаҳрванд таваллуд намеёбад. Вай ба мақоми шаҳрвандӣ дар раванди зиндагиаш бо тавассути таълим ва тарбия, донистани ҳаёт ва муайян намудан мавқеи худ дар ҷомеа  мерасад. Дар ин ҷо саволе ба миён меояд, ки чӣ гуна шакли таълим ва маълумот метавонад инсонро шаҳрванд созад? Фарз кардем, ки мактаби олӣ маълумот медиҳад, ҷавонро ҳамчун мутахассиси хуб -- духтур, муаллим, муҳандис, бинокор ва ғайра тарбия мекунад. Пас, савол ба миён меояд, ки кадом маълумот шаҳрвандро омода  месозад?  Мо мушоҳида мекунем, ки  маълумоте,  ки  ҳозир Вазорати маориф  ва илм медиҳад, барои шаҳрванд шудан кофӣ нест. Танҳо тавассути маълумоти олии касбӣ шаҳрванд шудан имконнопазир аст. Бояд қайд кунам, ки маълумоти шаҳрвандӣ қисми ҷудонашавандаи маълумоти олии касбии давомдор мебошад. Маълумоти шаҳрвандӣ, аз як тараф, ин маҷмӯи донишҳо дар хусуси Конститутсия, қонунҳои амалкунанда,  фаъолияти давлат,  сиёсат,  ҳуқуқ ва вазифаҳои инсон бошад, аз тарафи дигар, дониш ва малаки инсон оиди  иштироки вай дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсии мамлакат мебошад. Дар раванди ташаккули шаҳрвандӣ анъана, арзишҳои ахлоқӣ, рафтору кирдори намунавӣ, масъулияти одамон дар назди миллат ва давлат, тавассути таълим ва тарбия аз нав эҳё карда шуда, дастраси ҷомеаи муосир гардонида мешавад ва аз насл ба насл интиқол меёбад. Дар назар доштан лозим аст, ки дар ҳар давру замон талабот нисбати маълумоти шаҳрвандӣ тағйир меёбад. Масалан, дар  шароити мураккабу душвори ҷомеа (ҷангҳо, офатҳои табиӣ, эпидемия) нақши маълумоти шаҳрвандӣ якчанд маротиба меафзояд. Аммо ин маънои онро надорад, ки мо дар давраҳои нисбатан орому босуботи ҷомеа мақом ва нақши маълумоти  шаҳрвандиро сарфи назар намоем. Бояд дар назар дошт, ки устуворӣ ва пойдории ҳар як давлат аз мавқеи ишғолкардаи шаҳрвандон, масъулияти онҳо ва дараҷаи иҷроиши вазифаи шаҳрвандии одамон зич вобастагӣ дорад. Аз ин рӯ, вазифаи асосии системаи маориф ин омода сохтан ва дастгирӣ намудани аҳли ҷомеа ба чунин тарзи фаъолият мебошад. Чи тавре ки мебинем, дар ташаккули шаҳрвандӣ на танҳо системаи маориф, балки оила, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, институтҳои гуногуни дар ҷомеа амалкунанда ва дар маҷмӯъ, ҷомеа нақши асосӣ мебозанд.

Бояд қайд намуд, ки масъалаи  шаҳрвандӣ дар таърихи инсоният ду маротиба пайдо шудааст: якум, чи тавре ки дар боло гуфтем, дар полиси Юнони қадим ва дуюм, дар давраи маорифпарварӣ -- дар асри 18, дар даврае, ки мардум ба озодандешӣ рӯ овард. Фалсафа ҳам дар ҳамин ду давра инкишоф ёфта, ба қуллаҳои баланди инкишофи худ расидааст. Полиси Афина фалсафаи бузургу оламгири Суқрот, Афлотун ва Арастуро офарид. Аҳди нав, замони модерн, фалсафаи маорифпарварӣ фалсафаи машҳури классикии немисро офарид. Ва умуман, ба ақидаи ман, фалсафаи классикии немес давоми мантиқии фалсафаи маорифпарварӣ мебошад. Яъне, ман мегӯям, ки ҷараёни маорифпарварӣ фалсафаи классикии немисро ба вуҷуд овард.  Давраи маорифпарварӣ ин давраи ташаккул ёфтани илми муосири Аврупо аст. Гарчанде ба илми муосир фалсафаи  Юнони қадим, алалхусус фалсафаи Арасту заминаи боэътимоде гузошта бошад ҳам, аммо илме, ки ҳозир мо меомӯзем, дар асрҳои 17 -18 ташаккул ёфтааст. Аз асри 17 сар карда, тақсимбандии илм оғоз меёбад. Илм ҳамчун институти иҷтимоӣ ташаккул ёфта, робита байни олимон пайдо мешавад, гуфтугӯ (диалог), танқиду инкору тасдиқ намудани фикру ақидаҳои дигарон шакли расмӣ пайдо мекунад. Илм ба истеҳсолот зич пайваст шуда, такони ҷиддӣ ба инкишофи илмҳои эксперименталӣ, яъне таҷрибавӣ дода мешавад. Ва дар ҳамин давра захирашавӣ ва дар байни омма паҳн намудани  донишҳои илмӣ оғоз мегардад. Аз ин рӯ, шиори асосии маорифпарварон: “дониш ба ҳар кас, ба ҳар нафар”буд. Яъне, агар ту хоҳӣ, ки дар Аврупо зиндагӣ кунӣ, бояд донишманду бофарҳанг бошӣ, фикр карда тавонӣ ва бояд дар зери таъсири фикри бегона наафтӣ. Ин нукта ба мо нишон медиҳад, ки то имрӯз тамоми Аврупо аз рӯйи ҳамин шиор амал мекунад. Мутаассифона, дар Шарқ, алахусус дар Шарқи мусалмонӣ мо тамоман ҳолати дигарро мушоҳида мекунем. Ҳоло ман намехоҳам ба ин масъала даст занам. Чунки ин масъалаи алоҳида буда, таҳқиқоти махсусро талаб менамояд. Дар Аврупо бошад, маорифпарварӣ, яъне ташаккули ҳисси шаҳрвандӣ аз оила сар мешавад. Ба таълиму тарбияи  ахлоқӣ, завқи эстетикӣ, озод фикр кардан, озодандеш будани наврасон ва ҷавонон тамоми зинаҳои ҷомеа аз оила сар карда, то боғчаҳои бачагона, кӯдакистонҳо, мактабу литсейҳо, коллеҷу мактабҳои олӣ ва умуман, тамоми ҷомеа сафарбар карда шудааст. Қонунро донистан, фарқ кардан, ки кадом қонун қонуни ҳуқуқӣ аст ва кадом қонун қонуни ғайриҳуқуқӣ, яъне кадом қонун манфиати аҳли ҷомеаро ифода мекунад ва кадом қонун ифодагари гурӯҳҳои алоҳидаи ҷомеа мебошад, шарти асосии  шаҳрванд будан дар ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад. Бе дарки моҳияти қонун, шаҳрванд бо дигарҳо созиш карда, дар ҷомеа зиндагӣ карда наметавонад. Қонун ифодакунандаи манфиатҳои шахс дар ҷомеа мебошад.

Мехоҳам ба як масъалаи норавшан каме ҳам бошад, равшанӣ андозам. Яке аз кашфиётҳои бузург ва арзишманди маорифпарварон ин кашфи табиати инсон буд. Дар натиҷаи таҷриба ва таҳқиқотҳои зиёде онҳо ба ҳулосае омаданд, ки табиатан инсон худхоҳ, худбин ва худпараст аст. Ба ақидаи онҳо, асоси ахлоқ  ин дуруст дарк намудани манфиатҳои шахсӣ мебошад. Аз ин рӯ, онҳо ақидаи худдӯстӣ ва худбиниро дар доираи ақл пешниҳод намуданд. Инсон, тибқи фаҳмиши онҳо, дар мадди аввал бояд манфиатҳои шахсии худашро  гузорад.  Чунки ин аз табиати инсон сар мезанад. Лекин ин ҷо саволе ба миён меояд, ки чӣ тавр ман дар як вақт манфиати шахсии худро дар мадди аввал мегузорам ва ҳамзамон манфиати давлат ва ҷомеаро ҳимоя намуда, ба онҳо арҷгузорӣ ва ҳамкорӣ менамоям?  Ба ақидаи маорифпарварон, ҷавоби ин савол дар дарки дурусти қонунҳои амалкунанда маҳфуз аст. Чи тавре ки ман дар боло қайд намудам, қонунҳои ҳуқуқӣ, ки ифодагари ҳам манфиатҳои шахс ва ҳам ҷомеа ва давлат мебошанд, ба шаҳрванд имконият медиҳанд, ки дар асоси қонун манфиатҳои шахсии худро ба ҳаёт ва манфиатҳои ҷамъияту давлат зиракона ҳамоҳанг созад. Агар аз ин лиҳоз мо ба фалсафаи марксистӣ – ленинии замони Шӯравӣ назар афканем, аниқ мушоҳида мекунем, ки чунин ақидаҳо дар он фалсафа, умуман вуҷуд надошт. Дар фалсафаи аҳди Шӯравӣ дар мадди аввал манфиати коллектив, ҷамъият ва давлат меистод. Чунин ба назар мерасид, ки гӯё инсон ва манфиатҳои шахсии вай, умуман вуҷуд надоранд. Аз ин рӯ, бо шикасти сохти Шӯравӣ фалсафааш низ аз байн рафт. Ҳоло бошад фалсафаи марксистӣ ҳамчун як равияи фалсафаи асри ХХ дар баробари позитивизм, экзистенсиализм, прагматизм, фалсафаи ҳаёт ва ғайраҳо вуҷуд дошта, пайравон ва ҳаводорони худро низ дорад. Чуноне ки К.Маркс ҳеҷ гоҳ худашро файласуф нагуфтааст, В. И.Ленин ҳам файласуф набуд.

 Комил Бекзода:

Зинда бошед. Умуман, ҷавоби аввал қонеъкунанда аст. Хуб, қисмати дуюми савол, ки ба шахсияти худатон дахл дорад.  Шуморо ҳоло ҳамчун файласуфи шинохта эътироф мекунанд. Андешаи шумо дар ин масъала чист?

А. Самиев:

Ба ин савол ман ҷавоб дода наметавонам. Ҳеҷ кас ба худаш баҳо намегузорад. Якум, ман ба ҳеч кас баҳо намедиҳам. Дуюм, ман шуморо мефаҳмам. Одатан, барои ҳеч кас баҳои дигарон нисбат ба шахсияташ хушоянда нест.

 Комил Бекзода:

Охирон саволро медиҳам?

А. Самиев:

Саволро доир ба фалсафа диҳед, на ба сиёсат.

Комил Бекзода:

Ишораҳое, ки кардем, шояд дар маҷалла интишор гарданд ва эҳтимол дигар ҳамсолони мову кадрҳои Шӯравӣ аз мо малол шаванд, ки чаро  Абдусамадро чун файласуф оварданду моро не. Шумо чӣ назар доред? 

А. Самиев:

Дар яке аз маҳфилҳои фалсафӣ, файласуфи машҳури Шӯравӣ Мираб Константинович Мамардашвили гуфта буд: “Философия - это мысль вслух, кто не может сформулировать свою мысль он не философ”(Фалсафа ин  баёни фикри бо овоз аст ва шахсе, ки фикрашро ба таври шунаво гуфта ва навишта наметавонад, вай файласуф нест). Онҳое, ки имрӯзҳо айнакҳои ғафс мемонанду бо қавораи ҷиддӣ доногиашонро нишон медиҳанд, ҳеҷ гоҳ файласуф набуданд ва намешаванд. Фалсафа дар майдони баҳсу андеша, дар бархӯрди фикру ақидаҳо, ки ба ягон нафар бартарӣ дода намешуд ва ҳама баробар буданд, ба вуҷуд омадааст. Чунин ҳолат бори  аввал дар полис, дар Афинаи бостон ба вуҷуд омадааст.  Ин анъана дар шакли дигар дар замони Шӯравӣ низ давом дошт. Шумо ба ёд оред собиқ Шуъбаи фалсафаро. Ба таври доимӣ дар бахшҳо ва дар сатҳи Шуъба бо иштироки файласуфони шинохтаи мактабҳои олӣ семинарҳои методологӣ дар мавзӯъҳои гуногун гузаронида мешуд. Ва баҳсу музокираҳои зиёд ва ҷолибе ҳам баргузор мегардид. Чунин анъана имрӯз ҳам дар давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон, аз ҷумла Фаронса, Италия, Россия, Олмон ва дигар давлатҳо давом дорад. Дар Россия ҳатто клуби якҷояи баҳси фалсафии Пажӯҳишгоҳи фалсафаи Академия илмҳои Россия бо Донишгоҳи шаҳри Милан (Италия) ва Санкт - Петербург амал карда истодааст.

 Комил Бекзода:

 Устод С. Наврӯзов дар китобашон ақидаҳое монанд ба гуфтаҳои шуморо оварданд, ки аксари файласуфони тоҷик аз ӯ сахт ранҷиданд. Оё ба ҳақ ранҷиданд ё ин ки не?

А. Самиев:

Ман, шахсан ба шахсияти касе ва андешаҳои вай коре надорам. Дар ин олам ҳар як нафар роҳи худ, мақсаду мароми худро дорад, чунки ҳар як нафар оламро ба таври худаш мефаҳмад ва мавқеи худро меёбад. Лекин чун сухан дар бораи фалсафа меравад ва азбаски вай касби дӯстдоштаи мо мебошад, бояд ҳақиқатро гӯем. Ҳақиқат ҳамин аст, ки  фалсафа ин озодандешӣ, нозукандешӣ, озодфикрӣ аст ва баёни фикру андешаи инсон дар хусуси олами сағиру кабир, сифлию улвӣ буда, ҳатто файласуфе вайро фолклори зеҳнӣ ва ақлонӣ номидааст. Чи тавре ки ман дар боло қайд намудам, фалсафа дар ҳолати баҳс (диалог) ва бо ҳам муқобилгузории ақидаҳо пайдо шудааст. Калимаи диалог, яъне “дио”- ду ва “логия”- сухан, калима буда, ҳунари баҳсу гуфтугӯйи мантиқиро дорад. Барои баҳс тайёр шудан даркор. Оиди он чизе, ки кайҳо маълуму дастраси ҳамагон аст, баҳс намекунад. Баҳс дар мавзӯе баргузор мегардад, ки ҳоло то ба охир дарк ва дониста нашудааст.  Ақидаҳои зиёде нисбати ин мавзӯъ вуҷуд дорад. Фарқи файласуф аз софистону роҳибон дар он буд, ки софистон ҳама чизро медонистанд, онҳо ҳатто худро монополисти мутлақи ҳақиқат мешумориданд. Ҳақиқат танҳо дастраси онҳо буд ва онро гӯё танҳо онҳо дониста метавонистанд. Фалсафаи ҳақиқӣ ва илмӣ бошад, аз надонистан оғоз меёбад. Яъне, донистан аз надонистан сар мезанад. Биёед, ба ёд оварем Суқротро, ки фармудааст: “Ман танҳо ҳаминро медонам, ки ҳеҷ чизро намедонам”. Барои файласуф ҳақиқат дар шакли тайёр вуҷуд надорад. Вай дар баҳсу андеша, дар диалог, ки ҳама баробар иштирок карда метавонанд, тавлид меёбад. Ҳама баробар ҳуқуқи дарки ҳақиқатро доранд. Як нуктаи дигарро мехоҳам қайд намоям, ки дар Шарқи мусалмонӣ файласуфон ва ҳакимон бо ҳамдигар баҳс намекарданд, чунки онҳо гӯё дорои донишҳои азалӣ ва худодод буданд. Барои онҳо ҳама чиз, аз ҷумла ҳақиқат пешакӣ маълум буд ва агар зарурияти баҳс (диалог) пайдо мешуд, онҳо танҳо ба Худо баҳс мекарданд. Мутаассифона, чунин масъалаи муҳими фалсафаи Шарқи мусалмонӣ то ҳоло аз тарафи мутахассисони ватанӣ омӯхта нашудааст.  Фикрамро ҷамъбаст карда мегӯям, ки ҳам фалсафа ва ҳам илм дар баҳс, яъне дар гуфтугӯи файласуфону олимон, устодон ва шогирдон, бо ҳам муқобил гузоштани ақида ва фикру андеша онҳо ва дар охир ба як хулоса омадан  инкишоф меёбад. Дар ҷое ва дар маконе, ки ин ҳолат вуҷуд надорад, ҳаргиз илм ва фалсафа инкишоф намеёбанд. Агар онҳо вуҷуд ҳам дошта бошанд, кайҳо характери догматикӣ гирифта, ба схоластика табдил ёфтаанд. Мо ҳоло мушоҳида мекунем, ки дар мактабҳои олӣ дарсҳои семинарӣ, санҷиш, имтиҳони анъанавиро барҳам дода, ба системаи тестӣ гузаштаанд. Чунин ҳолат барои ман барномаи телевизиони Россия “Поля чудес”- ро бахотир меоварад. Ба ақидаи ман, чунин тарзи таълим боиси аз байн рафтани санъати фикрронӣ, нутқ ва суханронии донишҷӯён мегардад. Аз ҳама бадтараш, онҳо дигар озод ва мустақилона фикр ва сухан ронда натавониста, ҳамеша дар зери таъсири фикру фаҳмишу андешаи  бегонагон мемонанд.

Комил Бекзода:

Абдусамад Ҳасанович! Ба назари Шумо, нақши фалсафа дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон чӣ гуна аст?

А. Самиев:

Бояд дар назар дошт, ки фалсафа воситаи муҳими худшиносии инсон ва дарки моҳияти арзишҳои озодии  ӯ мебошад. Нафаре, ки саъю кӯшиши худшиносӣ ва озод будан надорад, ба вай фалсафа, аслан лозим нест. Фалсафа олоти асосии худшиносӣ ва дарки арзишҳои озодии ҳар як фард аст. Чи тавре ки дар боло қайд намудем,яке аз омилҳои муҳими шаҳрвандӣ ин дарки моҳияти қонун ва ахлоқ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳамчун арзиши бебаҳо мебошад. Аз ин лиҳоз, агар шаҳрванд ташаккул наёбад, давлати ҳуқуқбунёд сохтан имконнопазир аст. Аз ин нигоҳ гуфтан мумкин аст, агар илм мутахассиси соҳавиро тайёр кунад, фалсафа шаҳрвандро омода карда, ба воя мерасонад. Бояд таъқид намуд, ки фалсафаи ҷаҳонӣ шартан ба ду қисм тақсим мешавад: а) фалсафаи аналитикӣ, англо-саксонӣ; б) фалсафаи континенталӣ. Фалсафаи англо-саксонӣ бештар характери илмӣ дошта, ба илм ва методологияи илм наздик аст. Фалсафаи немисӣ ва фалсафаи рус бошад, ба гурӯҳи фалсафаи континенталӣ дохил мешаванд. Барои чӣ континенталӣ? Барои он ки онҳо проблемаҳои умумибашариро ба миён гузошта, кӯшиш мекарданд, ки инсонро аз бадбахтию нокомиҳо ва фоҷеаю хунрезиҳо наҷот диҳанд. Як мисоли равшан меоварам. Лев Толстой -- нависанда ва мутафаккири машҳури рус, вақте ки аз дунё дармегузарад, аз зери болинаш китоби Кант “Танқиди хиради соф” - ро меёбанд. Дар дастхати дар байни варақҳои китоб гузоштааш чунин навиштааст: “Ҳама он масъалае, ки Кант дар асараш гузошта ва ҳал намудааст, ман онҳоро дар асарҳои худ чандин маротиба гузошта, фикри худро баён кардаам. Фарқ дар он аст, ки ман онҳоро дар образҳои бадеӣ инъикос намудаам, Кант бошад, онҳоро дар маҳфуму категорияҳои фалсафӣ ифода намудааст”.

Дар ҷомеаи муосири тоҷикон фалсафа нақши арзанда дорад. Ба ҳамагон маълум аст, ки сиёсати фарҳангии роҳбарияти мамлакат ба худшиносии фарҳангию таърихии миллати тоҷик равона карда шудааст. Саволе ба миён меояд, ки оё метавон бе донишҳои фалсафӣ худшинос шуд? Ҷавоб: албатта, не. Илм инсонро худшинос намекунад, вай ба инсон дониш медиҳад, аз инсон мутахассиси хуб тайёр мекунад, инсонро тавоно ва бузург мекунад.  Фалсафа  бошад, барои инсон ҳамчун ойинаест, ки худро мебинад. Яъне, фалсафа инсонро худшинос, бомаърифат ва  шаҳрванд мекунад. Акнун худатон қазоват кунед, ки аҳамияти  фалсафа дар ҷомеаи муосир то чӣ андоза аст.

Комил Бекзода:

Абдусамад Ҳасанович ! Ба назари Шумо, бо кадом роҳ маҷалла (манзур маҷаллаи “Илм ва Ҷомеа” аст) метавонад миёни хонанда мақом пайдо кунад?

А. Самиев:

Албатта, ин, пеш аз ҳама, аз сифати илмии маводҳое, ки дар маҷалла чоп мешаванд, вобастагии зич дорад. Дар маҷалла бояд чизҳои нави ғайристандартӣ, фикру андешаи нави ҷолиб, нигоҳи дигар ба масъалаҳои мавҷуда чоп шуда, чеҳраҳои нав дар соҳаи фалсафа ёфта, ҷалб карда шаванд. Фалсафа бояд ҷавобгӯи замон бошад. Вай бояд дар фазои мардумӣ мақом ва мавқеи худро дошта бошад. Албатта, ҳоло ҷалб намудани ҷавонон, донишҷӯён ба хондани китобу маҷалла ниҳоят душвор аст. Бадбахтии мардуми мо дар ҳолати феълӣ, пеш аз ҳама, дар паст рафтани шавқу завқи китобхонии онҳо зоҳир мегардад. Миллате, ки як вақтҳо бо китобхонию китобнависӣ шуҳрати ҷаҳонӣ дошт, имрӯз аз китоб рӯ гардонидааст. Донишҷӯи имрӯза на китоб мехонад, на саводи кофӣ ва на талаботи маънавӣ нисбат ба илму фарҳангро дорад. Дар чунин шароит барои ҳайати таҳририяи маҷаллаи Шумо мушкилиҳои зиёде дар пеш аст. Мегӯянд, ки дунё баумед аст. Шояд, ки ин мушкилот ба наздикиҳо аз байн раванд. Чунин ҳолат бояд дер давом накунад.

Комил Бекзода:

Муносибати Шумо бо файласуфони зиндаи мо чӣ гуна аст? Оё инҳоро Шумо файласуф мешуморед?

А. Самиев:

Дар замони Шӯравӣ се насли файласуфон ба воя расиданд. То андозае, ки ман медонам, онҳо он чизе, ки аз дасташон меомад ва метавонистанд, дар рушди фалсафа, алалхусус таърихи фалсафаи тоҷик саҳми арзанда гузоштанд. Инро инкор кардан мумкин нест. Роҳбарияти пештараи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ бештар ба тарбия намудани мутахассисони соҳаи фалсафа, хусусан он соҳаҳое, ки аз набудани мутахассис дар ҷумҳурии мо инкишоф ёфта наметавонстанд, диққати махсус медод. Дар натиҷа, мо ҳоло дида истодаем, ки фалсафаи иҷтимоӣ, сотсиология, сиёсатшиносӣ ва фарҳангшиносӣ дар қаламрави кишвар рӯ ба инкишоф овардааст.

 Комил Бекзода:

Пас чаро муносибати устод С. Наврӯзов  бо ин устодон он қадар хуб нест?

 А. Самиев:

 Устод Султон Наврӯзович файласуфи оригинал ва нодир мебошад. Шояд аз ҳамаи Шумо дида ман вайро хубтар шиносам. Аввал ин ки вай устодест, ки маро дар донишгоҳ фалсафа таълим додааст. Дуюм, ман қариб тамоми асарҳои навиштагиашонро хонда таҳлил намудаам. Ва то ҳол муносибати хуб ва самимона нисбат ба шахсият ва эҷодиёти Устод дорам. Хизмати устодро, пеш аз ҳама, ман дар он мебинам, ки устод аввалин шуда, жанри танқидиро дар фалсафаи тоҷик ҷорӣ намуд. Тамоми кӯшишҳои устод ба он равона шудаанд, ки тафаккури фалсафиро аз карахтӣ, булҳавасӣ, бесамарӣ, зоҳирбинӣ ва манфиатҷӯӣ тозатар ва боз ҳам тозатар намояд.

   Дар баробари ин гуфтан лозим аст, ки мо дар ҷомеаи демократӣ зиндагӣ дорем ва дар моддаи 8-уми Конститутсияи ҶТ масъалаи рангорангии афкор, гуногунандешӣ ва гуногунақидатӣ ҷо дорад ва ҳеҷ ақида ҳаққи монополия кардани ин ва ё он масъаларо надорад. Ҳар қас фикри худ ва андешаи худро дорад. Плюрализм, яъне гуногунандешӣ дар илм падидаи хуб аст. Лекин дар сурате, ки ҳар як муаллиф мавқеъ ва ақидаи худро дар асоси далелҳои раднашаванда асоснок карда тавонад ва хонандаро бовар кунонад, ки  бо кадом сабаб вай то ба охир дар мавқеаш устувор мемонад. Мутаассифона, мо дар гирду атрофи навиштаҳои устод С. Наврӯзов ягон баҳси илмиро мушоҳида намекунем. Ҳамаи он навиштаҳои устод бе ҷавоб дар рафҳои китобмонӣ,  дар зери хоку чанг хобидаанд. Лекин оқибат рӯзе фаро хоҳад расид!

Комил Бекзода:

Назари Шумо ба вазъи таълими фалсафа дар донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ чӣ гуна аст?

Чи тавре ки қайд намудам, фалсафа ягона илмест, ки инсонро бомаърифат ва шаҳрванд мекунад. Ин илм аст, ки ба инсон дониш дода, аз вай мутахассис тайёр намуда, вайро пурзӯру тавоно мекунад. Пас, фалсафа инсонро бомаърифат намуда, худшинос мекунад. Илм ба инсон дониш медиҳад, фалсафа бошад, вайро худшинос мекунад. Аз ин лиҳоз, ба таълими фалсафа дар макотиби олӣ бояд диққати махсус диҳем. Мутаассифона, таълими фалсафа дар қаламрави ҷумҳурӣ ҷавобгӯи замон нест. Миқдори соатҳои таълими фалсафа ва илмҳои фалсафӣ кам ва доираи таълими онҳо маҳдуд шудааст. Барои чӣ дар Аврупо – Франсия, Германия дар литсейҳо, дар коллеҷҳо фанни фалсафаро меомӯзанд, ҳатто дар мактабҳои миёна фалсафаро таълим медиҳанд? Барои он ки ин дарси озодандешӣ ва шаҳрвандӣ аст. Барои хамин, Аврупо ҳамеша озодандешу озодфикр аст.  Худ қазоват кунед, ки сари инсон ҳеҷ вақт холигиро қабул надорад, агар дониш набошад, пас ҷои онро ҳар гуна ғояҳо ва таълимотҳои номатлуби динӣ ва хурофотӣ пур мекунанд. Барои ба ин роҳ надодан, ин фазо бояд ҳамеша пур аз донишҳои илмӣ ва таълимотҳои фалсафию ахлоқӣ бошад. Бар зидди идеологияи бегона танҳо бо тавассути идеологияи илман асоснок мубориза бурдан мумкин аст.

Дигар масъала, ин баланд бардоштани савияи касбии устодони соҳаи фалсафа мебошад. Ба ин нигоҳ накарда, аксари кулли устодони соҳаи фалсафа, сиёсатшиносӣ, фарҳангшиносӣ, ки мактабҳои олиро аз рӯи равияҳои ғайрифалсафӣ хатм намуда, бо амри тақдир устоди соҳаи фалсафа шудаанд, ягон маротиба курсҳои такмили ихтисосро нагузаштаанд. Метод ва усули дарсдиҳии онҳо мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор нагирифтааст. Дар донишгоҳҳо онҳо аз аттестасия нагузаштаанд. Ба Вазорати маориф ва илм лозим аст, ки масъалаи мазкурро зери назорати ҷиддӣ гирифта, сатҳи таълими фанни фалсафаро баланд бардорад.

Нозим Нурзода:

Ташаккур, устоди арҷманд, барои як чунин суҳбати ҷолибу озод. Ин навъ суҳбатҳо, махсусан доир ба масоили фалсафӣ омили асосии фикр кардан, андешидан ва дуруст қиёс намудан мебошанд ва тафаккури фалсафии хонандаро бедор карда, роҳро барои шинохту маърифати инсон, ҷаҳон, ҷомеа ва кайҳон ҳамвор месозанд.

Бовар дорем, ки минбаъд ҳам ҳамкориҳои мо бо Шумо идома меёбанд ва суҳбату гузоришоти фалсафии Шумо дар таҳкиму тақвият ёфтани ҷараёни донишу биниши фалсафӣ ва илмӣ дар минтақа нақши калидӣ хоҳанд дошт.

Маҷаллаи академии илмию оммавӣ №3-4 (2016) "Илм ва Ҷомеа"- саҳ. 76-86.

Дар бораи мавод назари худро нависед

Назари худро нависед

Маҷаллаҳо

Осиё ва Аврупо - маҷаллаи илмӣ
Маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» нашрияи
Илм ва Ҷомеа-маҷаллаи академии илмию оммавӣ
Ахбори АМИТ (маҷаллаи илмӣ)
АХБОРИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ
ПАЁМИ ТИББИИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
Илм ва Ҷомеа-маҷаллаи академии илмию оммавӣ
Санъатшиносӣ-Маҷаллаи илмӣ-назариявӣ
Маҷаллаи илмӣ-назариявии «Санъатшиносӣ»
Иқтисодиёти Тоҷикистон (маҷаллаи илмӣ)
ISSN2310-3957
ИҚТИСОДИЁТИ ТОҶИКИСТОН
ЭКОНОМИКА ТАДЖИКИСТАНА
Дар
Илм ва Ҷомеа-маҷаллаи академии илмию оммавӣ
МУАРРИХ (маҷаллаи илмӣ-назариявӣ)
Маҷаллаи илмӣ-назариявии «Муаррих»
Илм ва Ҷомеа-маҷаллаи академии илмию оммавӣ №1-2(9-10) 2017
Суханшиносӣ (маҷаллаи илмӣ № 1,2,3  2017)
Маҷаллаи «Суханшиносӣ» нашрияи
Суханшиносӣ (маҷаллаи илмӣ №3, 2016)
Маҷаллаи «Суханшиносӣ» нашрияи
Илм ва Ҷомеа-маҷаллаи академии илмию оммавӣ №3-4 (7-8) 2017
Илм ва Ҷомеа-маҷаллаи академии илмию оммавӣ №2 (6) 2017
Илм ва Ҷомеа-маҷаллаи академии илмию оммавӣ №1 (5) 2017
Ахбор - Известия
Илм ва Ҷомеа-маҷаллаи академии илмию оммавӣ №3-4 (2016)
Илм ва Ҷомеа-маҷаллаи академии илмию оммавӣ №1-2 (2015-2016)
Суханшиносӣ (маҷаллаи илмӣ №2, 2016)
Маҷаллаи «Суханшиносӣ» нашрияи
Суханшиносӣ (маҷаллаи илмӣ №1, 2016)
Маҷаллаи «Суханшиносӣ» нашрияи
Previous Next Play Pause

Илм-фурӯғи маърифат

Барномаи омодагӣ ба Озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат”
matematika-baroi-muassisa-oi-ta-siloti-mijonai-umum
Адабиётҳои тавсияшаванда аз фанни математика барои Муассисаҳои таҳсилоти олӣ
Адабиётҳои тавсияшаванда аз фанни
Физика
Адабиётҳои тавсияшаванда аз фанни
Химия
Адабиётҳои тавсияшаванда аз фанни
Роҳнамои дарёфти номгӯиҳои географӣ...
АЗИЗОВ Н. Ҳ., АЗИЗОВА С. Ҳ. Роҳнамои
Картография бо асосҳои топография
Сабуриён М.М., Холов Ҳ.Ҳ. Картография
Захираҳои туристӣ: ёдгориҳои фарҳангӣ-таърихӣ ва табиӣ
Памир: ресурсный потенциал и перспективы развития экономики
Глятсиология
Мӯсоев З.М., Қаландаров А.А., Наимов
Ганҷинаи табиати Тоҷикистон
Муҳаббатов Х. Ганҷинаи табиати
Об - манбаи ҳаёт
Муҳаббатов Холназар. Об - манбаи
Об ҳаёт аст
Ҳамдам Оҷилов., Ҳусейн Аброров. Об
Об, илм ва рушди устувор
Раҳимӣ Ф., Муҳаббатов Х., Ниёзов
Асосҳои биогеография
Рауфов Р.Н., Азизов Н.Ҳ.,Наврӯзов
Асосҳои геология
Сабуриён Мирзосафари Мирзо. Асосҳои
Кишварҳои ҷаҳон дар рақамҳо
Сабуриён М. М., Қосимов Н.Н. Холов
Таърихи кашфиёти географӣ
Дар китоби дарсӣ маълумотҳо оид
Previous Next Play Pause