Саволеро, ки дар сарлавҳаи ин мавзуъ мебинед, бисёртар кӯдакон ба он таваҷҷӯҳ доранд ва ҳама вақт аз мо суол мекунанд. Албатта ин хело хуб аст, ки кӯдакони болаёқат ва кунҷков ин гуна саволҳои аҷибро ба мо медиҳанд. Дар асл ин савол одист, вале на ҳама вақт мо ҷавобашро медонем. Умуман барои ба ин савол ҷавоби мушаххас гирифтан ҳатман барои хондани навиштаҳои зер танбалӣ нанамоед.
Ҳар як фасли сол бо ҳодисаҳову зебогиҳои нотакрораш мақбули ҳар шахс аст. Яке зимистонро бо боридани барфу яхбандиҳояш дӯст медораду дигаре фасли нозанин баҳорро бо сарсабзу зебо гаштани табиат меписандад. Хуллас табиат зебост.
Аввалан, пеш аз оне, ки асрори сафедии барфро бинависем пеш аз ҳама бояд мо бидоем, ки худи барф чист ва чӣ гуна ба вуҷуд меояд. Агар дар зимистон ҳар чӣ қадаре барфи бисёр биборад захираҳои пиряхҳои кӯҳӣ зиёд гардида, тобистон дар натиҷаи об шудани онҳо, дарёҳҳо пур аз об гардида, боиси ҳосилнокии зиёд мешавад ва инчунин, боиси обхезиву омадани сел ҳам гаштанаш мумкин аст. Барф низ ба монанди борону жола яке аз намудҳои боришоти атмосферист. Ҷараёни бориши барф ба монанди борон (чӣ тавре ки дар бораи боришоти борон навиштаем) буда, сабаби пайдоишаш ҳарорат аст, яъне барф аз шумораи бениҳояд зиёди крситаллчаҳои (булӯрчаҳои) хурди об таркиб ёфтааст ва ҳангоми паст шудани ҳарорати ҳаво ба 0°С кристаллчаҳои (булӯрчаҳои) барф ҳосил мешаванд. Шакли булӯрчаҳои барф аз ҳароарти ҳаво вобаста мебошад ва олимон 14 намуди крситаллҳои онро дар табибат муайян намудаанд ва онҳо андозаҳои гуногунро соҳибанд.
Сабаби асосии сафед будани барф, ин ба пурагӣ инъикос намудани (ё барф ба пуррагӣ нури Офтобро инъикос менамояд ё нури Офтоб ба пуррагӣ аз барф инъикос меёбад) нури Офтоб мебошад. Агар ранги Офтоб дигаргуна мебуд, ранги барф низ ба он мувофиқ мешуд, яъне сурх бошад, сурх мешуду сабз бошад сабз.
САДОИ БАРФ
Ин садо ҳангмои роҳравӣ дар рӯи барф шунида мешавад. Асосан садои барф (ғирҷ-ғирҷ) дар ҳарорати манфӣ (аз - 20С то - 40С ) пайдо мешавад, агар ҳарорати ҳаво мусбат бошад, ин садо гум мешавад. Сабаби асосии садои барф шикастани булӯрчаҳои он мебошад, зеро ҳангоми паст будани ҳарорати ҳаво булӯрчаҳои он дар ҳолати сахтӣ қарор доранд ва зери таъсири фишори пой ё чархҳои мошин ба якдигар таъсир оварда мешикананд. Ақидаи дигаре вуҷуд дорад, ки зери таъсири фишори зиёд булӯрчаҳои барф байни якдигар соиш мехӯранд ва ин садоро ба вуҷуд меоранд. Лекин ин ақида он қадар ба ҳақиқат наздик нест ва ақидаи аввала боиси пайдо шудани садои барф аст.
БАРОИ ЧӢ БАРФИ ЧИРКИН (ИФЛОС) НИСБАТ БА БАРФИ ТОЗА ЗУДТАР ОБ МЕШАВАД
Барф дар ҳарорати 00С об мешавад ва ҳолатҳое низ вуҷуд доранд, ки барф дар ҳароратҳои манфӣ (паст низ) об мешавад. Сабаби тезтар об шудани барфи чиркин аз барфи тоза дар он аст, ки чангу ифлосиҳои ба он нишаста нурҳои Офтобро фурӯ мебаранд ва зери таъсири ин нурҳо гарм шуда, барфро об мекунанд. Барфи тоза бошад 90-95 %-и нурҳои Офтобро инъикос мекунад ва мумкин аст тамоман об нашавад (албатта агар чангу ифлосиҳо намебуданд).
Масрур Ҳодиеваспиратни факултети физикаи ДМТ
Назари худро нависед