Дар барномаи навбатии «Фарҳанги муосир», ки дар шабакаи «Сафина» ҳар ҳафта пахш мешавад, донишманди тоҷик доктори илмҳои филология Масрури Абдулло иштирок намуда. Мавсуф бо ҳамроҳи муҷрии барнома номзади илмҳои фалсафа Исомиддин Шарифзода мавзўи «Айнӣ ва маорифпарварӣ» -ро мавриди баррасӣ қарор доданд. Ин шумораи барнома ба 138 солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, сардафтари адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ бахшида шудааст. Бояд зикр намуд, ки маорифпарвари тоҷик ҳамчун як падидаи иҷтимоию фарҳангӣ дар нимаи дуюми асри ХIХ ба вуҷуд омадааст. Идомаи кору пайкори Аҳмади Донишро дар марҳилаи дуюми маорифпарварӣ, ки он бо номи ҷадидон машҳур аст дар фаъолияти устод Садриддин Айнӣ таҷассуми худро пайдо кардааст.
Барои муфассалтар тамошо кардани баҳс ба навори зерин таваҷҷуҳ кунед:
Назари худро нависед