Суҳроб Шарипов яке аз чеҳраҳои тобноки даврони истиқлолияти Тоҷикистон дар авҷи камолоти фаъолиятҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва илмӣ 19 январи соли 2015, дар синни 52-солагӣ ин дунёи пуртазодро падруд гуфт.
Дар ин маҷмӯа фикру андеша ва ёдномаҳои устодон, ёрону дӯстон, ҳамкорону ҳамсабақон ва рӯзноманигорон гирд оварда шудааст, ки аз рӯзгор ва фаъолиятҳои илмию эҷодию сиёсии ин марди мубориз ва миллатпарвару худшинос нақл мекунанд.
Мураттиб: Хоҷаев Ҳикматулло Ҳимматович, Корманди Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муҳаррир: Раҳматуллозода Сахидод узви вобастаи АИ ҶТ, д.и.ф.
Родмарди илму сиёсат. Душанбе: «ЭР-граф», 2019. – 432 саҳ.
Назари худро нависед