Асри ХХ дар таърихи адабиёти урду асри бемисли инкишоф ёфтану ба майдони адабиёт омадани садҳо адибони болаёқат, аз ҷумла насрнависони маъруф мебошад. Дар асрҳои пешин дар адабиёти урду агар аслан инкишофи назм бартарӣ дошта бошад, пас дар асри ХХ инкишофи бемайлони наср мушоҳида мешавад. Чунин жанрҳои мансур ба мисли ҳикоя ва роман, метавон гуфт, ки маҳз дар ҳамин давра пайдо шудаанду ба авҷи аълои инкишофи худ расидаанд. Бешак, дар адабиётҳои гуногуни Ҳиндустон, аз ҷумла адабиёти урду, ки яке аз онҳост, аз асри ХХ ҳам пештар эҷоди асарҳои мансур дар таҷриба буд. Дурустии ин далелро дар асарҳои Саид Аҳмадхон (1817-1898), Мавлоно Муҳаммад Ҳусайни Озод (1833-1910), Хоҷа Алтоф Ҳусайни Ҳолӣ (1833-1914, доктор Назир Аҳмад (1836-1912), Мавлоно Шиблии Нуъмонӣ (1857-1914), Пандит Ратанатҳ Саршор (1846-1902), Мавлоно Абдулҳалим Шарор (1860-1926) ва мисли инҳо дидан мумкин аст.
Мирзо Адиб. Дастҳои асири шуъои офтоб (Маҷмуаи ҳикояҳо). -Душанбе. 2024.
Бо муқаддима ва тарҷума аз забони урду ба тоҷикӣ
Мирсаид Раҳмонов
Назари худро нависед