Фарҳанги мазкур аз аввалин манобеи нисбатан мукаммали истилоҳоти забоншиносии тоҷик буда, вожагони соҳавии муҳими забоншиносиро фаро мегирад, ки аз нигоҳи баромад ва ифодаи мафҳумҳои забоншиносӣ ба даврони гуногуни таърихӣ мансубанд. Ҳар як истилоҳи овардашуда бо назардошти мазмун ва хусусиятҳои корбурдиаш дар забоншиносии муосир ва бо такя ба манобеи илмиву амалӣ мавриди тавзеҳу тафсир қарор гирифтааст. Фарҳанги мазкур барои олимони риштаи забоншиносиву адабиётшиносӣ, омӯзгорон ва донишомӯзону ҳаводорони илми забон ва доираи васеи хонандагон пешбинӣ мешавад.
Бобомуродов Ш., Мухторов З. Фарҳанги истилоҳоти забоншиносӣ. – Душанбе, 2016. - 428 с.
Муҳаррир: доктори илмҳои филология, профессор Сабзаев С.
Муқарризон:
Камолиддинов Б. - доктори илмҳои филология, профессор
Хоҷаев Давлатбек – доктори илмҳои филология, профессор
Қосимов О.Ҳ. - доктори илмҳои филология
Назари худро нависед