JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс

Луғати фурс

Дараҷа: Луғатномаҳо

Асадии Тӯсӣ - нахустин луғати тафсирии забони тоҷикӣ-форсист, ки то ба замони мо омада расидааст. Асадии Тӯсӣ онро тақрибан солҳои 1066-1067 ҳангоми дар Озарбойҷон зистанаш дар асоси ашъори шуаро тартиб дода, мисолҳоро асосан аз шоирони Мовароуннаҳру Хуросон меорад. Дар «Луғати фурс» ашъори беш аз сад шоири асрҳои XIX-XI иқтибос шуда, ки намунаҳои дигари эҷодиёти аксарияташон дар дигар ҷой вуҷуд надорад. Аз ин лиҳоз «Луғати фурс» ба арзиши баланди илмӣ соҳиб аст. Дар он аз ашъори Рӯдакӣ, Шаҳиди Балхӣ, Мунчик, ДақиқӣУнсурӣ, Фаррухӣ, Фирдавсӣ ва ғайра мисолҳо оварда мешавад. Инчунин порчаҳои зиёд аз "Калила ва Димна" ва "Синдбоднома"-и Рӯдакӣ, "Офариннома"-и Абушакури Балхӣ, "Вомик ва Узро"-и Унсурӣ дарҷ гардидаанд. «Луғати фурс» бештар аз 2000 калимаро фаро мегирад. Дар он калимаҳои душворфаҳму камистеъмол, номи ситораҳои бурҷҳои фалакӣ, ашхосу сарзаминҳо, вожаҳои маҳаллию лаҳҷавӣ, паҳлавӣ, суғдӣ ва як миқдор калимаҳои ҳиндӣ, юнонӣ, арабӣ ва туркӣ эзоҳ дода мешаванд.[1]


Ағлаби калимаҳое, ки дар «Луғати фурс» тафсири кӯтоҳи онҳо дода шудааст, луғатҳое мебошанд, ки бо вуҷуди дар ашъори шоирони классик ба кор рафтан на барои ҳама, хусусан барои мардуми вилояти Озарбойҷон, ки Асадӣ луғати худро барои онҳо таълиф карда буд, фаҳмо буданд. Барои мисол чанд намуна:

  • гужуб - галлаи ангур бошад ба гужум низ гӯянд;
  • фартут - сахт пир шуда бувад, чунонки Рудакӣ гуфт:
Пири фартут гашта будам сахт,
Боз гаштам ба рузи барноӣ;
  • ангишт - зугол бошад ва зугол забони дарист ва ба този фахм хонанд ва ба Озарбойчон зувол гуянд, чунонки Фирдавсӣ гуфт:
Ҳар он гаҳ, ки барзад яке боди сард,
Чу занги барангехт з-ангишт гард;
  • кат - тахт;
  • худа - ҳақ бошад,
  • бехуда - ноҳақ ва навоҷиб, яъне ботил, чунонки Рудакӣ гуфт:
Меҳр хоҳӣ зи ману бемеҳрӣ,
Худа хоҳӣ зи ману бехудаӣ

ва монанди инҳо.

Гоҳе чанд маъно доштани калимаҳои ҳамсураву ҳамовоз дар луғат шарҳ меёбад:

  • Теғ - се гуна аст: яке тезии корду шамшер аст ва шамшерро теғ низ гуянд ва ба забони халқ маъруф аст ва дигар шуои моҳу шуои теғ ва он чи бад-ин монад ва се дигар сари куҳро теғ гуянд.

Қисоӣ гуфт:

Ди ба дареғ андарун, моҳ ба мег андарун,
Ранг ба теғ андарун шох заду оромид.

Дар теғ, ки шуҷоъ аст, Қисоӣ гуфт:

Нарм - нармак зи паси парда ба чокар нигарад,
Гуфти аз мег ҳаме теғ занад гӯшаи моҳ.

Ин ҳолат дар аснои шарҳу эзоҳи баъзе калимаҳои дигар низ ба назар мерасад.

https://tg.wikipedia.org/wiki/%D0%9B%D1%83%D2%93%D0%B0%D1%82%D0%B8_%D1%84%D1%83%D1%80%D1%81 

Бо худ гирифтани мавод

Дар бораи мавод назари худро нависед

Назари худро нависед

Маҷаллаҳо

Осиё ва Аврупо - маҷаллаи илмӣ
Маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» нашрияи
Илм ва Ҷомеа-маҷаллаи академии илмию оммавӣ
Ахбори АМИТ (маҷаллаи илмӣ)
АХБОРИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ
ПАЁМИ ТИББИИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
Илм ва Ҷомеа-маҷаллаи академии илмию оммавӣ
Санъатшиносӣ-Маҷаллаи илмӣ-назариявӣ
Маҷаллаи илмӣ-назариявии «Санъатшиносӣ»
Иқтисодиёти Тоҷикистон (маҷаллаи илмӣ)
ISSN2310-3957
ИҚТИСОДИЁТИ ТОҶИКИСТОН
ЭКОНОМИКА ТАДЖИКИСТАНА
Дар
Илм ва Ҷомеа-маҷаллаи академии илмию оммавӣ
МУАРРИХ (маҷаллаи илмӣ-назариявӣ)
Маҷаллаи илмӣ-назариявии «Муаррих»
Илм ва Ҷомеа-маҷаллаи академии илмию оммавӣ №1-2(9-10) 2017
Суханшиносӣ (маҷаллаи илмӣ № 1,2,3  2017)
Маҷаллаи «Суханшиносӣ» нашрияи
Суханшиносӣ (маҷаллаи илмӣ №3, 2016)
Маҷаллаи «Суханшиносӣ» нашрияи
Илм ва Ҷомеа-маҷаллаи академии илмию оммавӣ №3-4 (7-8) 2017
Илм ва Ҷомеа-маҷаллаи академии илмию оммавӣ №2 (6) 2017
Илм ва Ҷомеа-маҷаллаи академии илмию оммавӣ №1 (5) 2017
Ахбор - Известия
Илм ва Ҷомеа-маҷаллаи академии илмию оммавӣ №3-4 (2016)
Илм ва Ҷомеа-маҷаллаи академии илмию оммавӣ №1-2 (2015-2016)
Суханшиносӣ (маҷаллаи илмӣ №2, 2016)
Маҷаллаи «Суханшиносӣ» нашрияи
Суханшиносӣ (маҷаллаи илмӣ №1, 2016)
Маҷаллаи «Суханшиносӣ» нашрияи
Previous Next Play Pause

Илм-фурӯғи маърифат

Барномаи омодагӣ ба Озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат”
matematika-baroi-muassisa-oi-ta-siloti-mijonai-umum
Адабиётҳои тавсияшаванда аз фанни математика барои Муассисаҳои таҳсилоти олӣ
Адабиётҳои тавсияшаванда аз фанни
Физика
Адабиётҳои тавсияшаванда аз фанни
Химия
Адабиётҳои тавсияшаванда аз фанни
Роҳнамои дарёфти номгӯиҳои географӣ...
АЗИЗОВ Н. Ҳ., АЗИЗОВА С. Ҳ. Роҳнамои
Картография бо асосҳои топография
Сабуриён М.М., Холов Ҳ.Ҳ. Картография
Захираҳои туристӣ: ёдгориҳои фарҳангӣ-таърихӣ ва табиӣ
Памир: ресурсный потенциал и перспективы развития экономики
Глятсиология
Мӯсоев З.М., Қаландаров А.А., Наимов
Ганҷинаи табиати Тоҷикистон
Муҳаббатов Х. Ганҷинаи табиати
Об - манбаи ҳаёт
Муҳаббатов Холназар. Об - манбаи
Об ҳаёт аст
Ҳамдам Оҷилов., Ҳусейн Аброров. Об
Об, илм ва рушди устувор
Раҳимӣ Ф., Муҳаббатов Х., Ниёзов
Асосҳои биогеография
Рауфов Р.Н., Азизов Н.Ҳ.,Наврӯзов
Асосҳои геология
Сабуриён Мирзосафари Мирзо. Асосҳои
Кишварҳои ҷаҳон дар рақамҳо
Сабуриён М. М., Қосимов Н.Н. Холов
Таърихи кашфиёти географӣ
Дар китоби дарсӣ маълумотҳо оид
Previous Next Play Pause