Фарҳанги русӣ–англисӣ–тоҷикии политехникӣ дар самти фарҳангсозӣ ва фарҳангнигории тоҷикӣ таҷрибаи нахустин буда, бештар аз 40 ҳазор вожаву ибораҳоро дар соҳаҳои илмҳои дақиқ ва техникӣ (математика, физика, химия, геология, геодезия, астрономия, зилзилашиносӣ, маводшиносӣ, электротехника, электроника, ҳавошиносӣ ва ғайра), ҳамчунин соҳаҳои авиатсия, нақлиёти автомобилӣ, нақлиёти баҳрӣ, идораолот (автоматика), меъморӣ, техникаи ҳарбӣ, саноати сабуку вазнин, филизшиносӣ, мошинсозӣ, технологияҳои муосир ва амсоли онҳоро ба забонҳои русӣ, англисӣ ва тоҷикӣ фаро мегирад.
Фарҳанг барои кормандони илмӣ, омӯзгорон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, муҳандисон, технологу конструкторҳо ва дигар мутахассисоне, ки дар соҳаҳои илм, техника, саноат ва ғ. фаъолият мекунанд, муқаррар шудааст.
Нуров Пирмаҳмад Гулович. Фарҳанги русӣ–англисӣ–тоҷикии политехникӣ/Таҳти назари Ф.Раҳимӣ. Душанбе: Дониш, 2016.–475 с.
Назари худро нависед