Низоми демократии Аврупо дар тӯли 200 соли охир исбот кард, ки роҳи беҳтарини ҷомеасозӣ ва давлатсозӣ мебошад. Он ҳама пешравиву васеъшавии донишу фалсафа ва дар заминаи он рушду тавсеаи илму техника дар Аврупо дар 200 соли охир ва паҳн шудани ин ҳама пешравиҳо ба тамоми гетӣ, баёнгари он аст, ки роҳи интихобкардаи онҳо дуруст буд. Ҳарчанд он роҳи идеалӣ нест ва камбудиҳои худро дорад, аммо ба қавли сиёсатмадори машҳури инглис Уинстон Черчил, “демократия бадтарин роҳи идораи давлат аст, аммо инсоният то баҳол аз он беҳтарашро ихтироъ накардааст”. Ба ҳар ҳол, натиҷаҳои мусбате, ки демократия ва озодиҳои аврупоӣ дар пай доштанд, баёнгари дуруст ва коршоям будани он ҳастанд.
Давраи муосири рушди илми физика дар Тоҷикистон ба солҳои 50-уми садаи ХХ рост меояд, зеро маҳз дар ин давра, дар кишвар як қатор рӯйдодҳои муҳимми илмӣ ба вуқӯъ пайвастанд. Яъне, таъсиси Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (1951) ва дар зертобеи он кушодашавии институтҳои астрофизика (1958) ва физикаю техникаи ба номи С.У. Умаров (1964) саҳифаи ҷадидеро дар таърихи илми тоҷик боз карданд. Яке аз марказҳои асосӣ, ки барои пур кардани фазои илмию тадқиқотии ин муассисаҳо мутахассисони ҷавонро омода менамуд, факултаи физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буду ҳаст. Ифтитоҳи факултаи фавқ аз санаи таъсисёбии факултаи физикаю математика дар соли 1949 ибтидо мегирад. Хатми нахустини донишҷӯёни факулта бошад, ба соли 1954 рост омад (шуморашон 8 нафар буд) ва нахустин декани он пас аз мустақил гардидан (1965), номзади илмҳои физикаю математика, баъдан д.и.ф.м., профессор, узви вобастаи АИ ҶТ Ҳакимов Ф.Х. буд.
Шарҳ: Муовини Сарвазири Федератсияи Русия Дмитрий Рогозин, бо ифтихори том дар твиттер навори видеоии роботро ҳангоми амалиёташ гузоштааст.
Тибқи аксарияти пешгӯиҳо, оламро саросар ҷанг фаро мегирад, аз ин рӯ месазад, ки сари ояндаи олам каме биандешем, махсусан сари он, ки олами мо умуман оянда дорад ё не.
Хеле роҳат ва баҷост, ки дар яке аз кишварҳои айни ҳол дар арсаи байналмилалӣ дар ҳолати ҷангҷӯӣ қарор дошта, Русия, роботҳои сарбозро пешниҳод кардааст.
Инсоният бо такя намудан ба таҷриба, донишҳои илмии далелбунёд, андешаҳои мутобиқи низоми мантиқӣ дар таҳияи дарки воқеии равандҳои табиӣ тавонист ҳарчиқадар бештар олами иҳотанамудаашро амиқтар омӯзад. Барии татбиқ намудани ин донишҳо бо мақсади баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ кӯшишҳои зиёд ба харҷ дода мешаванд. Ҷавҳари асосӣ дар пешрафти назарраси тамоми соҳаҳо аз зеҳни солими мутахассисони соҳавӣ вобаста аст ва дар навбати худ маҳсули зеҳни онҳо- натиҷаи фаъолияти пурсамар ва эҷодиёти онҳо баҳисоб меравад.